Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ "дӯстона" анҷом ёфт


Ба иттилои ин манбаъ, бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 18-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 26-уми июл дар шаҳри Тоиф баргузор шуд. Голи меҳмононро Шарифбек Раҳматов ба самар расонид.

Бозии такрории футболбозони ҷавони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯзи душанбеи 29-уми июл дар шаҳри Тоиф доир мегардад.

Зимнан, бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ барои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 2-юм то 6-уми октябри имсол дар Душанбе доир мегардад. Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив мебошанд.

Аз рӯи натиҷагирии даври интихобӣ ғолибони ёздаҳ гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои дувум ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо мекунанд.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18), ба ҳайати даста дар бозиҳои дӯстона бо тими Арабистони Саудӣ 23 бозигарро дохил намудааст: 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар. Асоси дастаро бозигарони мунтахаби наврасони зери 17-солаи Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки тирамоҳи имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Бразилия ширкат меварзанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА «Помир»), Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Абдулмуъмин Забиров (ССКА «Помир»), Салам Ашурмамадов («Истиқлол»), Шарифбек Раҳматов, Азизбек Ҳасанов, Умедҷон Холиқов, Нидоёр Забиров, Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев, Ҳамадонӣ Камолов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Истиқлол»), Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарсе аз «Локомотив-Памир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»).

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG