Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот гуфтанд, иқтисоди пинҳонӣ дар Тоҷикистон ҳаст ва кам нест


Дар Тоҷикистон ҳаҷми иқтисоди пинҳонӣ, ё сиёҳ аз 15 то 20 фисадро ташкил медодааст. Дар ин бора, Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рӯзи 31-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, омори мазкур аз натиҷаи таҳқиқи Агентии омор дар Тоҷикистон аст ва афзуд, яке аз сабабҳои иқтисоди ғайрирасмӣ ва ё пинҳонӣ фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорон мебошад. Раиси Кумитаи сармоягузорӣ иброз дошт: “Соҳибкоронро қисме аз фаъолияташон қонунӣ, қисми дигар ғайриқонунӣ аст. Қадам ба қадам бояд пеши роҳи ин ҳолатҳоро гирем. Агентии омор ҳисобу китоб кардааст, тахминан аз 15 то 20 фоизи иқтисоди мо иқтисоди пинҳонӣ ё ғайрирасмӣ аст. Ин дар ҳақиқат вуҷуд дорад”.

IFC – Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ низ соли гузашта дар пайи як пажӯҳиш ва омӯзиши вазъияти тиҷорат дар Тоҷикистон ошкор намуд, ки соҳибкорони тоҷик панҷяк ё 20 дарсади даромади солонаашонро аз андоз пинҳон мекардаанд. Ба навиштаи муаллифони пажӯҳиш, ба сабаби сарбории зиёди андоз соҳибкорон роҳҳои гуногуни кам кардани манбаи андозбандиро меҷӯянд. Як василаи маъмулии фирор аз пардохти андоз кам нишон додани маоши кормандон дар дафтарҳои муҳосибӣ будааст. Тибқи паҳӯҳиши IFC 78 дарсади соҳибкорони пурсидашуда гуфтаанд, ба кормандонашон пинҳонӣ маоши баланд медиҳанд, аммо дар асл, андозаи онро дар ҳуҷҷатҳо кам нишон медиҳанд.

Пажӯҳишгарони IFC навиштаанд, ки вазъи душвори иқтисодӣ соҳибкоронро маҷбур кардааст, роҳҳои гуногуни сарфаҷӯӣ, аз ҷумла кам кардани маблағи андозро ҷустуҷӯ кунанд. Як роҳи дигари гурез аз андоз “ба мувофиқа расидан бо масъулони алоҳидаи мақомоти андоз” будааст. 31 дарсад аз пурсидашудагон ба муаллифони ин пажуҳиш аз ҷой доштани чунин вазъият хабар додаанд.

Тарки пеша кардани 13 ҳазор соҳибкор

Нигаронии раҳбарияти Кумитаи сармоягузорӣ аз фаъолияти пинҳонии соҳибкорон дар ҳолест, ки худи соҳибкорон аз тафтишҳои паёпай, ҷаримаҳои ҳангуфт ва даромади кам аз фаъолияташон шикоят доранд. Ба иттилои худи кумита танҳо дар 6 моҳи имсол 13 ҳазор соҳибкор тарки пеша кардаанд. Ҳарчанд Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфт, сабаби қатъи кори онҳо на молиёт, балки ба қавли ӯ тоб наовардан ба рақобат аст: “Рақобат дар бозор, дар фаъолияти соҳибкорӣ бениҳоят шадид аст, ҳар соҳибкор тоб оварда наметавонад”.

Ба қавли ӯ, дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 323 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунанд ва теъдоди онҳо дар муқоиса ба 6 моҳи соли гузашта 11 ҳазор нафар зиёд мебошад. Дилзода Ҷамшед, як масъули Кумитаи сармоягузорӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, соҳибкороне, ки кори худро қатъ намудаанд, аксарияташ дар бахши тиҷорат кор мекардаанд ва як қисматаш онҳое будаанд, ки солҳои ахир корхонаҳояшон муфлис шудааст.

Ба назари таҳлилгарон, рушди иқтисод аз соҳибкорони хурду миёна вобастагии зиёд дорад ва муфлис шудани ҳазорон соҳибкор ба иқтисоди Тоҷикистон бетаъсир намемонад. Феълан дар Тоҷикистон ислоҳи Кодекси андоз идома дорад ва масъулин мегӯянд, баъди ин ислоҳот шароити кори соҳибкорон беҳтар мешавад.

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG