Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Пешниҳоди кумаки Трамп ба Путин барои хомӯш кардани оташи ҷангалҳои Русия

Президенти ИМА Доналд Трамп бо ҳамтои русаш Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дода, барои хомӯш кардани сӯхтори ҷангалҳои Русия кумак пешниҳод кардааст. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Кремл хабар дод. Суҳбат бо ташаббуси Кохи Сафед сурат гирифтааст.

Ба иттилои "РИА Новости", Путин барои пешниҳоди кумак ба Трамп миннатдорӣ баён карда, гуфтааст, агар лозим шуд, онро қабул хоҳад кард. Президенти Русия пешниҳоди кумакро гарави барқарории муносибатҳои чандҷонибаи ду кишвар номидааст.

Ҷониби Амрико суҳбати телефонии президентҳоро то ҳол шарҳ надодааст.

Пештар Путин дастур дод, ки ба хомӯш кардани сӯхтори ҷангал дар Сибир Вазорати дифои ин кишвар низ ҷалб шавад. Губернатори Красноярск Александр Усс шарҳ дода буд, ки чаро мақомот оташи ҷангалро хомӯш намекунанд. "Ин як падидаи маъмулии табиат аст, ки бо он мубориза бурдан бефоида мебошад",-изҳор дошт ӯ.

Дар масоҳатҳои бузурги ҷангалҳои Красноярск, вилояти Иркутск, Бурятия ва Якутия сӯхтор идома дорад. Ба иттилои "Сибир.Воқеият", масоҳати умумии сӯхтор аз марзи се миллион ҳектар гузаштааст.

Расонаҳои ғарбӣ сӯхтори мазкурро дар Русия бесобиқа меноманд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Вэнс: Ба тавофуқ бо Эрон наздик шудем, аммо ихтилоф вуҷуд дорад

Муовини раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, Вашингтон то ҳол бо Эрон ба тавофуқи ниҳоӣ нарасидааст, аммо тарафҳо ба он наздик шудаанд.

Ҷей Ди Вэнс 28-уми май ба хабарнигорон гуфт, "наметавонам ваъда диҳам, ки ба тавофуқ мерасем, аммо дар ҳоли ҳозир эҳсоси нисбатан мусбат дорам".

Ба гуфтаи манбаъҳое, ки бо сомонаи Axios ва хабаргузории Ройтерз суҳбат кардаанд, Иёлоти Муттаҳида ва Эрон 28-уми май ба тавофуқе даст ёфтаанд, ки тамдиди оташбас ва бекор кардани маҳдудиятҳои киштиронӣ дар тангаи Ҳурмузро пешбинӣ мекунад. Аммо ин тавофуқ бояд аз сӯи президент Доналд Трамп тасдиқ шавад.

Вэнс гуфт, дар музокирот бо Теҳрон бар сари чанд мавзуъ, аз ҷумла захираи урани Эрон ихтилоф вуҷуд дорад.

"Дақиқан наметавон гуфт, ки раиси ҷумҳур ёддошти тафоҳумро имзо хоҳад кард ё на. Мо бар сари чанд нукта дар матн ҳамчунон дар ҳоли гуфтугӯ ҳастем", - афзуд Венс.

Муовини раисиҷумҳури Амрико афзуд, Иёлоти Муттаҳида дар мавқеияте аст, ки метавонад барномаи ҳастаии Теҳронро ба таври қобили таваҷҷуҳе ақиб андозад.

Ҷаримаи сокини Исфара барои ба мактаб нос бурдани фарзандаш

Додгоҳи шаҳри Исфара волидайни як навраси 16-соларо барои нос бурдан ба мактаб бештар аз 100 доллар ҷарима бастааст.

Додгоҳ дар як баёния расмӣ гуфтааст, сокини ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, ки аз ӯ Н.Т ном бурдаанд, "барои иҷро накардани масъулиятҳояш дар тарбияи фарзанди ноболиғ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд".

Бар тибқи иттилои додгоҳ, фарзанди ин хонавода ва хонандаи синфи 9-ум моҳи декабри соли 2025 ба мактаби рақами 55 ноҳияи Исфара нос бурдааст, ки мухолифи қонун аст.

Бар асоси Қонун дар бораи тарбияи фарзанд дар Тоҷикистон, падару модар набояд бигузоранд, ки фарзанди ноболиғашон ба тамоку, ё маводи мухаддир дастрасӣ дошта бошанд.

Аз волидайни ин наврас барои зоҳиран носкашии фарзандашон 1125 сомонӣ ($ 121) ҷарима ситонидаанд. Додгоҳ замони эълони ҳукмро нагуфтааст, вале додгоҳҳои Тоҷикистон умдатан ҳукмҳои ниҳоӣ ва иҷрошударо дар саҳифаҳои худ нашр мекунанд.

Бархӯрди паҳподи Русия ба як бино дар Руминия

Як паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишини Русия ба баландошёнае дар Руминия бархӯрдааст.

Ҳодиса шаби 29-уми май дар шаҳри Галатс дар 11 километрии марз бо Украина рух додааст.

Мақомоти Руминия аз захмӣ шудани ду нафар хабар доданд.

Вазорати дифои Руминия гуфт, барои нобуд кардани паҳподи русӣ ҷанганда ва чархболҳо парвоз карданд, аммо пеш аз нобуд кардан, дрон ба болопӯши бинои истиқоматӣ бархӯрд.

Шоҳидон навори бархӯрди паҳпод ва сӯхтор дар ин маконро нашр карданд.

Пештар Вазорати дифои Руминия борҳо аз вуруди паҳподҳои Русия хабар дода буд, аммо ин бори аввал аст, ки бесарнишинҳо сабаби захмӣ шудани одамон мегарданд.

Руминия аз НАТО дархост кардааст, ки барои осон кардани мубориза бо паҳподҳо ба ин кишвар кумак кунад.

Сел ба чанд хона ва роҳу хатҳои барқ дар Панҷакент зарар расонд

Сел ба заминҳои кишоварзӣ ҳам зарар расондааст
Сел ба заминҳои кишоварзӣ ҳам зарар расондааст

Дар пайи фаромадани сел дар шаҳри Панҷакент чанд хона, роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ, низоми обрасонӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар дидаанд.

Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, "дар натиҷаи офати табиӣ 26 хонаи истиқоматӣ пурра, 1 хона қисман, 34 иншооти ёрирасон, 2000 метр роҳ, 13,2 км шабакаҳои обёрӣ, хатҳои интиқоли барқ, хатти оби нӯшокӣ ва 70 гектар заминҳои кишоварзӣ зарар диданд".

Манбаъ мегӯяд, ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Панҷакент–Айнӣ низ муваққатан қатъ гардида, баъдан пурра барқарор шуд.

Мақомот гуфтанд, барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ техникаҳои ширкатҳои хусусӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар сохторҳои дахлдор сафарбар шудаанд.

Моҳи май Тоҷикистон шоҳиди офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел ва бодҳои сахт буд. Рӯзи 27-уми май шамоли сахт дар шаҳри Душанбе ба чандин бино ва нақлиёт дар Душанбе зарар расонд.

Пеш аз он дар оғози моҳи май дар пайи омадани сел ҳадди ақал 4 нафар дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар бистарӣ шудаанд. Садҳо хонавода дар саросари кишвар зиёни моддӣ диҳанд.

Як зоири тоҷик дар Арабистони Саудӣ даргузаштааст

Абдуманнон Эрматов 59 сол дошт
Абдуманнон Эрматов 59 сол дошт

Як зоири тоҷик дар вақти адои маносики ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ даргузаштааст. Абдуманнон Эрматов 59 сола ва вакили Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Исфара буд.

Дафтари матбуоти ҳукумати Исфара дар хабарномае навишт, маросими видоъ бо ҳузури раиси шаҳр ва дигар собиқадорон 28-уми май баргузор шудааст.

Дар бораи сабабҳои марги ин зоир чизе гуфта нашудааст. Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи бештар ба Кумитаи дин муроҷиат карда ва мунтазири посух аст.

Маросими ҳаҷҷи имсола аввали моҳи май оғоз шуда, қарор аст то ду ҳафтаи оянда зоирини тоҷик ба ватан баргарданд.

Солҳои гузашта низ фавти зоирини тоҷик дар Саудӣ иттифоқ меафтод.

Ҳамасола ҳудуди 6 ҳазор нафар барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мераванд.

Дар Тоҷикистон чор корхонаи нави семент месозанд

Дар пайи нигаронии сокинон аз камчин шудани семент ва якбора боло рафтани нархи ин маҳсулоти сохтмонӣ дар кишвар, президент Эмомалӣ Раҳмон дастури сохтани чор корхонаи сементро додааст.

Дафтари матбуоти президент навишт, "давоми 2-3 соли оянда, яъне то соли 2029, дар минтақаҳои гуногуни мамлакат 4 корхонаи нави истеҳсоли семент бо иқтидори умумии 6 миллион тонна ба истифода дода мешаванд".

Мақомот мегӯянд, бо бунёди ин корхонаҳо иқтидори истеҳсоли семент дар Тоҷикистон як баробари дигар зиёд шуда, қариб 5 ҳазор кас соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Аммо дар хабари расмӣ гуфта нашудааст, ки корхонаҳои нав кай ва аз ҳисоби сармояи кӣ ё кадом кишвар сохта мешаванд? Корхонаҳои сементи Тоҷикистон, ки асосан бо сармоя ва технологияи Чин сохта шудаанд, нигаронии ҳомиёни муҳити зистро ба миён овардаанд.

Сокинон шикоят доранд, ки давоми ду ҳафтаи ахир нархи як халта семент аз 45-50 сомонӣ ба 70-80 сомонӣ расид. Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар бисёр мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе семент камёб шудааст.

Рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи ҳукумат масъалаи камбуди семент дар кишвар баҳс шуд ва раиси ҷумҳур аз ин вазъ интиқод кард. Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон аз кор монда, фаъолияти миёнаравҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст.

Пoрлумони Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо ширкати наздик ба Путин ҳимоят кард

Корхонаи истеҳсолии БТК дар Хуҷанд
Корхонаи истеҳсолии БТК дар Хуҷанд

Дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки 26 май барпо шудааст, чанд санад, аз ҷумла як созишномаи ҳамкорӣ бо ширкати русие имзо шуд, ки чун таъминкунандаи либоси ҳарбӣ барои ҷанги Украина маъруф аст.

Хабаргузории “Ховар” рӯзи 28 май навишт, Маҷлиси намояндагон ду рӯз пеш чанд созишномаро ба тасвиб расонд. Дар байни онҳо, аз ҷумла, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Консорсиуми Гурӯҳи ширкатҳои БТК оид ба татбиқи лоиҳаи «Таъсиси кластери саноати сабуки Гурӯҳи ширкатҳои БТК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Ин созишнома дар ҷараёни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда буд. Ду раҳбар он замон дар изҳороти муштараке ба тавсеаи ҳамкориҳои шарикии ду кишвар дар соҳаи ҳарбию техникӣ ба мувофиқа расиданд.

Дар хабари мухтасари расмии рӯзи панҷшанбе омадааст, ҷаласа таҳти раёсати раиси маҷлис Файзалӣ Идизода ҷараён гирифт ва дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода, муовини раиси кумита оид ба иқтисод ва молия Тоҳир Набизода, узви кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Фарҳод Каримзода ва узви кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Баҳриддин Зиёӣ шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар хабари расмӣ ҷузъиёте аз ин беш дода намешавад.

Вале мавзӯи гурӯҳи БТК аз он назар мавриди таваҷҷӯҳ аст, ки бино ба як таҳқиқи Радиои Озодӣ, ин ширкат инак чор сол аст бо таҳияи либоси ҳарбӣ ба артиши Русия дар ҷанги Украина машғул аст.

Ин ширкати русӣ, ки бунёдгузор ва баҳрагирандаи асосиаш зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо аст, баъд аз шурӯи ҷанги Русия дар Украина дар Тоҷикистон босуръат фаъол шуд. Ва як таҳқиқи Радиои Озодӣ аз соли 2025 нишон дод, ки давоми ду соли гузашта 5,5 ҳазор гектар заминро дар Тоҷикистон ба иҷора гирифта, ба ду корхонаи нассоҷӣ сармоягузорӣ кардааст ва дар ниҳоят барои низомиёни Русия, ки дар Украина меҷанганд, аз Тоҷикистон либос бурдааст.

Мақомоти тоҷик ба ҷуз расман нашр кардани хабари ҳамкории ин ширкат бо корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон, дигар паҳлӯҳои он, аз ҷумла, ирсоли маҳсулот ба ҷанги зидди Украинаро шарҳ надоданд.


Шамоли сахт ба даҳҳо хона ва мошин дар Душанбе зарар расондааст

Яке аз хиёбонҳои Душанбе
Яке аз хиёбонҳои Душанбе

Шамоли сахти субҳи 27-уми май ба чанд бино дар Душанбе зарар расонда, сокинони зиёдеро аз нерӯи барқ маҳрум кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 28-уми май дар гузорише навишт, "дар натиҷаи боди сахт дар шаҳри Душанбе дарахтон шикаста, болопӯши биноҳои баландошёна қисман зарар дидаанд".

Гуфта мешавад, шамоли сахт болопӯши 12 биноро дар пойтахт хароб кардааст.

Аз ҷумла намои берун ё фасади бинои навбунёди Хадамоти алоқа дар маркази шаҳри Душанбе зарар дидааст.

Сақфи Маркази таълимӣ ва қисми ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ дар ин ҳодиса осеб дидааст.

Ба иттилои расмӣ, шамоли сахт ба се автомашина дар ноҳияи Сино зарар расонд.

Ҳамчунин 22 дарахт дар чор ноҳияи Душанбе дар шамоли сахт шикастаанд.

Ба гуфтаи мақомот, талафоти ҷонӣ ва захмӣ шудани сокинон дар ин ҳодиса сабт нашудааст.

Шамоли сахт тахминан соати 2-и субҳи 27 май сокинони пойтахтро тарсонд ва бархе онҳо мегӯянд, чанд сол боз ингуна вазидани бодро надида буданд. Ин ҳодисаи табиӣ дар рӯзе иттифоқ афтод, ки сокинони Тоҷикистон иди Қурбонро ҷашн мегирифтанд. Сокинон аз ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии пойтахт гуфтанд, дар пайи шамоли сахт нерӯи барқ қатъ шуд ва қариб як рӯз бе рӯшноӣ буданд.

Дар Душанбе зиён аз тундбоди рӯзи ид бартараф мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, “барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ” наҷотдиҳандагон, хадамоти коммуналӣ, энергетикҳо ва дигар сохторҳои дахлдор сафарбар гардидаанд.

Моҳи май Тоҷикистон шоҳиди офатҳои табии маргбор шуд. Аз ҷумла рӯзҳои 1-4 май дар пайи омадани сел ҳадди ақал 4 нафар дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар бистарӣ шудаанд. Садҳо хонавода дар саросари кишвар зиёни моддӣ диҳанд.

Интиқоди президент аз камчин шудани семент дар Тоҷикистон

 Emomali Rahmon
Emomali Rahmon

Президенти Тоҷикистон аз коҳиши ҷиддии истеҳсоли семент дар Тоҷикистон интиқод кардааст.

Зоҳиран, қисмати муҳими ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 28 май таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, ба мушкилот дар соҳаи истеҳсоли семент – маҳсулоти муҳими соҳаи бинокорӣ ихтисос ёфт.

Бино ба хабари сомонаи президенти Тоҷикистон, дар ҷаласа, “аз ҷумла болоравии нарх ва камчинии маҳсулот дар баъзе минтақаҳои кишвар” танқид шудааст. Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон аз кор монда, фаъолияти миёнаравҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст.

Ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар сохторҳои давлатии масъул супориш шудааст, ки фаъолияти шабакаҳои фурӯш ва миёнаравҳоро мавриди санҷиш қарор бидиҳанд ва аз ҳолатҳои ба таври сунъӣ боло бурдани нархи ин маҳсулот пешгирӣ шавад.

Ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон, ба навиштаи ин хабар, аз 300 ҳазор тоннаи соли 2014 ба зиёда аз 5 миллион тонна расидааст ва мушкилоти “сунъии эҷодшуда дар бозор” метавонад рушди соҳаро халалдор кунад, гуфтааст президент.

Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта дар гузорише аз якбора боло рафтани нархи семент дар моҳи маи имсол иттилои муфассале нашр кард. Дар бозори сохтмон агар моҳҳои март-апрел як халта сементро вобаста ба навъу сифаташ аз 45 сомонӣ боло мефурӯхтанд, ҳоло он то 70 сомонӣ боло рафтааст.

Истеҳсоли семент, ки як маҳсулоти муҳими сохтмонӣ аст, дар ихтиёри ширкату гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат аст ва кори ин корхонаҳо дар вобастагии наздик бо таъминкунандагони чинӣ ба роҳ монда шудааст.

Тиҷорати Тоҷикистон ва Эрон сарфи назар аз ҷанг зиёд шудааст

Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон ва Вазири нерӯи  Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ. Душанбе 26 майи 2026
Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон ва Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ. Душанбе 26 майи 2026

Тоҷикистон ва Эрон дар се моҳи аввали имсол 119,6 миллион доллар додугирифт кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсад бештар будааст.

Ин омор дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар садо дод. Ин нишаст 26-уми май дар Душанбе баргузор шуд.

Ба иттилои расмӣ, намояндагони Тоҷикистон ва Эрон ҳамкори ду кишвар "дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, захираҳои об, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ, илм ва технология"-ро баррасӣ кардаанд.

Аз Эрон ба Тоҷикистон бештар хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ, меваю сабзавот, пиставу чормағз, шакар ва масолеҳи сохтмониву маводи шустушӯ меоранд. Аз Тоҷикистон ба Эрон нахи пахта ва алюминийи коркарднашуда мебаранд. Дар баробари молу маҳсулоти гуногуни Эрон дар бозорҳо, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва нақби "Истиқлол" аз тарҳҳои бузурги ин кишвар дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Додугирифти Тоҷикистон ва Эрон дар ҳоле зиёд шудааст, ки Теҳрон аз охири феврал то аввали апрел бо Амрико ва Исроил ҷанг дошт. Амрико ва Исроил 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд ва 8-уми апрел миёни ҷонибҳо оташбас ҷорӣ шуд.

Тоҷикистон барои рушди чорводорӣ қариб 20 миллион доллар грант мегирад

Мушкили чарогоҳ аз шикоятҳои асосии чорводорон аст
Мушкили чарогоҳ аз шикоятҳои асосии чорводорон аст

Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои беҳтар кардани зиндагии мардуми деҳот ва рушди чорводорӣ ба Тоҷикистон қариб 20 миллион доллар грант ё кумаки молии ройгон медиҳад.

Созишномаи мазкурро 26-уми май вазири молия ва мудири минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон имзо кардаанд.

Ба гузориши Вазорати молия, 19,7 миллион доллар барои татбиқи лоиҳаи "Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ ба чорводорӣ" (AMAL) сарф мешавад. Саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар ин тарҳ 2,3 миллион доллар будааст.

Ҳадафи асосии лоиҳа рушди чорводорӣ "тавассути беҳтар намудани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ, идоракунии устувори чарогоҳҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим" гуфта шудааст. Ҷузъиёти бештари ин тарҳ маълум нест.

Дар Вазорати молия гуфтанд, лоиҳа ҳамчунин рушди соҳибкории хурду миёна ва васеъ намудани дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавиро дарбар мегирад.

Дар Тоҷикистон, ки ҳудуди 70 дарсади сокинонаш дар деҳот ба сар мебаранд, кишоварзӣ аз бахшҳои муҳими иқтисод гуфта мешавад. Аммо дар солҳои ахир кишоварзон аз камбуди об, гарон будани нуриҳои минералӣ ва фишори мақомот барои кишти пахта шикоят доранд.

Бритониё: талафоти Русия дар ҷанг бо Украина ба ним миллион расид

яке аз қабристонҳои Русия
яке аз қабристонҳои Русия

Тибқи маълумоти нави Хадамоти ҷосусии Бритониё, Русия дар ҷанг бо Украина қариб ним миллион сарбозашро аз даст додааст.

Энн Кист-Батлер, мудири нави Маркази иртиботи ҳукуматии Бритониё 27-уми май гуфт, "ҳимояти мо аз Украина устувор боқӣ мемонад ва Путин аз майдони ҷанг ақибнишинӣ мекунад".

Ним миллион кушташуда яке аз баландтарин арзёбии омавии талафоти Русия аз ҷониби мансабдорони ғарбӣ аст.

Моҳи сентябри соли гузашта роҳбари онвақтаи Хадамоти махсуси Бритониё (MI6) дар бораи 250 ҳазор кушташуда ва тақрибан 1 миллион захмӣ аз тарафи Русия гузориш дода буд.

Гурӯҳи довталабони расонаи "Медиазона" ва бахши русии Би-би-сӣ пештар номи тақрибан 220 ҳазор русиягии кушташуда дар Украинаро муайян карда буданд. Шумораи воқеии кушташудагон эҳтимол бештар аз ин аст.

Тибқи арзёбиҳо, талафоти Русия метавонад аз 350 ҳазор нафар бештар бошад.

Русия талафоти низомиёнаш дар ҷанг зидди Украинаро фош намекунад.

Коршиносони низомӣ ҳадс мезананд, ки таҳқиқи қабристонҳои Русия, бойгонии низомиён ва хабару эълонҳо танҳо аз 45 то 65 дарсади қурбониёни воқеиро фаро мегирад. Дар бораи на ҳамаи сарбозони кушташуда ошкоро хабар дода мешавад.

Пайкараи азими Мессиро дар Ҳинд мекананд

Пайкараи бузурги Лионел Месси ситораи футбол, ки соли гузашта пеш аз сафари ӯ дар Ҳинд қад афрохта буд, ба зудӣ бардошта мешавад. Хабаргузории "Франс Пресс" бо такя ба як мақоми расмӣ дар ҳукумати Ҳинд навиштааст, ки пайкара бо вазидани бод меҷунбад ва ҳоло коргарон муҷассамаи тиллоранги 21-метрӣ дар шаҳри Калкуттаро бо ресмонҳо бастаанд, то устувор бимонад.

Пайкара, ситораи 38-солаи тими миллии Аргентина ва клуби «Интер Майами»-ро бо Ҷоми ҷаҳон дар даст нишон медиҳад. Аз пайкара моҳи декабри соли гузашта дар ҷараёни сафари Месси ба Ҳиндустон пардабардорӣ шуда буд.

Шарадват Мукерҷи, вакили парлумони аёлати Банголаи Ғарбӣ, гуфтааст: “Муҳандисон муайян карданд, ки муҷассамаи ин устураи футболи Аргентина дар шаҳри Калкутта хатарнок аст. Пайкара аз таъсири бод меҷунбад."

Мукерҷи афзудааст, маълум нест, ки пайкараро кай бармечинанд. Қарор аст тими миллии Аргентина бозиҳои худро дар Ҷоми ҷаҳонии футбол рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Канзас бо Алҷазоир оғоз кунад.

Месси то ҳол аз қасди худ барои ширкат дар ин мусобиқа расман хабар надодааст, аммо интизор меравад, ки барои бори шашум дар ин сабқати бузург ба майдон барояд. Ҳинд бо 1,4 миллиард аҳолӣ агарчӣ дар бозии чавгон қавист, аммо дар футбол дастоварди чашмрасе надорад ва дар раддабандии ФИФА дар ҷойи 142-юм меистад. Аммо бар асоси пажӯҳиши ширкати таҳлилии «Нилсен» (Nielsen), ки рӯзи чоршанбе нашр шуд, футбол дувумин варзиши маҳбуб дар Ҳинд маҳсуб мешавад.

Раҳмон аз музокироти Эрону Амрико изҳори умедворӣ кардааст

Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён дар рӯзи 16-уми январи соли 2025 дар Душанбе.
Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён дар рӯзи 16-уми январи соли 2025 дар Душанбе.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои эронии худ Масъуди Пизишкиён, изҳори умедворӣ кардааст, ки музокироти Эрону Амрико дар бораи поён додан ба ҷанг натиҷа медиҳад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ дар як баёнияи расмӣ гуфт, гуфтугӯ рӯзи 26-уми май сурат гирифтааст ва ду тараф ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон ва ҳам вазъ дар Халиҷи Форсро баррасӣ кардаанд.

Дар баёния омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон “бо ибрози қаноатмандӣ аз раванди музокироти сулҳомез дар ин ҷода ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи минтақа танҳо бо роҳҳои сиёсӣ, тавассути муколамаи созанда изҳори умед намуданд.”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 24-уми май гуфт, ки музокирот бо Эрон муназзам пеш меравад. Рӯзе баъд аз ин артиши Иёлоти Муттаҳида дар ба чанд пойгоҳи мушакандозӣ ва қаиқҳои эронӣ дар ҷануби Эрон зарба зад. Ба гуфтаи фармондеҳони Амрико, ин қаиқҳо талош доштанд, дар тангии Ҳурмуз мина гузоранд.

Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд. Барои гуфтугу ва расидан ба як созиш 8-уми апрел миёни ҷонибҳо оташбас эълон шуд.

Дастрасӣ ба интернет дар Эрон қисман барқарор шуд

Дар Эрон дастрасӣ ба интернет пас аз 88 рӯзи қатъи саросарӣ қисман барқарор шуд.

Бино ба маълумоти гуруҳи нозири NetBlocks ва сокинони маҳаллӣ, интернети симӣ дар хонаҳо пурра барқарор шуда, дастрасии корбарон ба интернети мобилӣ қисман таъмин аст.

Ба иттилои NetBlocks, қатъи интернет дар Эрон беш аз 2093 соат идома дошта ва "тӯлонитарин қатъи саросарии интернет дар таърихи муосир" будааст.

Пештар намояндагони ҳукумати Масъуд Пизишкиён аз оғози раванди барқарорсозии дастрасӣ ба интернет дар давоми 24 соати оянда хабар дода буданд. Аммо баъдтар Додгоҳи маъмурӣ амр дод, ки иҷрои қарори кумитаи ҳукуматӣ муваққатан боздошта шавад.

Интернет дар Эрон пас аз ҳамлаи Амрико ва Исроил дар таърихи 28 феврал қатъ шуд. Ин тӯлонитарин қатъи интернет дар таърихи муосири Эрон дониста мешавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG