Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA шуд. ВИДЕО


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон, ки дар даври панҷум ва ниҳоии қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими наврасони Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, барои аввалин бор дар ин мусобиқот ғолиб шуда, бо ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гардид.

Бозии даври охирини қаҳрамонии CAFA миёни тимҳои мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон ва Афғонистон шаби панҷшанбеи 1-уми август дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд.

Нимаи аввали дидор бидуни гол ба поён расид. Нимаи дувуми бозӣ бо ҳуҷуми футболбозони навраси тоҷик шуруъ шуд. Ба Абдулфаттоҳ Худойдодзода муяссар шуд, ки дар оғози нимаи дувум тӯбро бо зарбаи сар аз назди дарвозаи мунтахаби Афғонистон ба ҳадаф расонад.

Вале баъдан сардовари ин бозӣ Комил Ғуломӣ аз Эрон бо нишон додани корти дувуми зард Абдулфаттоҳ Худойдодзодаро аз майдон хориҷ намуд. То анҷоми бозӣ шумораи бозигарони тоҷик як нафар кам буд.

Аз ин пеш футболбозони навраси тоҷик дар ин мусобиқот бозиро бо ҳамсолонашон аз Узбекистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ва бар тимҳои Туркманистону Эрон бо ҳисоби якхелаи 3:0 ғолиб омада буданд.

Дар ду бозии дигари даври охирини мусобиқот тими Узбекистон бар мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 4:0 ва тими Эрон бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:48 0:00

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ҳамаи панҷ даври мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон бо сездаҳ имтиёз дар ҷадвал мақоми аввалро касб намуд. Дастаи Узбекистон бо даҳ имтиёз дувум шуд. Тими Эрон бо нӯҳ имтиёз дар ҷойгоҳи севум қарор гирифт.

Мунтахаби Афғонистон бо ҳафт имтиёз ҷойгоҳи чаҳорум ва дастаи Туркманистон бо се имтиёз ҷойгоҳи панҷумро ишғол кардаанд. Мунтахаби Қирғизистон бо як имтиёз дар зинаи охирин – шашум – ҷойгир шуд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 26-уми июл то 1-уми август дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир гардид, дастаҳои мунтахаби зери 16-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доштанд.

Бозиҳо аз як давра иборат буд. Ҳар як даста дар муддати як ҳафта панҷ бозӣ анҷом дод. Бозӣ аз ду қисми 35-дақиқагӣ иорат буд. Ғолиб аз рӯи шумораи умумии имтиёзҳо маълум гардид.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ба Радиои Озодӣ гуфт, "хеле хушҳолем, ки барои аввалин бор дар чемпионати CAFA ғолиб шудем. Ин мусобиқот барои мо яке аз марҳилаҳои муҳимтарини омодагӣ ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешуд".

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 14-ум то 22-юми сентябри имсол дар Урдун баргузор мешавад, дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-сола

Даври 1-ум

Узбекистон – Тоҷикистон – 1:1

Голҳо: Рустам Турдимуродов, 28 (1:0). Алиҷони Айнӣ, 59 (1:1).

26 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 278 тамошобин.

Туркманистон – Эрон – 1:3

Голҳо: Саҷҷод Гулмуҳаммадӣ, 15 (0:1). Ботир Саҳедов, 60 (1:1). Ёдгор Рустамӣ, 66 – аз пеналтӣ (1:2). Алиакбар Ранҷбар, 70+5 (1:3).

26 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

Афғонистон – Қирғизистон – 2:2

Голҳо: Аламбек Абилқосимов, 17 (0:1). Нурсеит Азаматов, 32 (0:2). Меҳдӣ Иброҳимӣ, 44 (1:2). Аҳмад Зикриё, 51 (2:2).

26 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 177 тамошобин.

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Қирғизистон – 2:0

Голҳо: Муҷовид Шовайсуддинов, 38 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 60 – аз пеналтӣ (2:0).

27 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 123 тамошобин.

Афғонистон – Туркманистон – 1:0

Гол: Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 22.

27 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 37 тамошобин.

Узбекистон – Эрон – 1:2

Голҳо: Халид Руҳонӣ, 10 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 16 – аз пеналтӣ (1:1). Саҷҷод Ходимӣ, 54 (1:2).

27 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 117 тамошобин.

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Туркманистон – 3:0

Голҳо: Суннатулло Азизов, 59 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 67 (2:0). Хусрав Тоиров, 70+4 (3:0).

29 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 172 тамошобин.

Қирғизистон – Узбекистон – 2:3

Голҳо: Азизҷон Тошкентбоев, 2 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 29 – аз пеналтӣ (0:2). Алишер Хайруллоев, 39 (0:3). Иличбек уулу Атай, 41 (1:3). Ирискелдӣ Тинибеков, 46 (2:3).

29 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 70 тамошобин.

Эрон – Афғонистон – 0:1

Гол: Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 66.

29 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 185 тамошобин.

Даври 4-ум

Эрон – Тоҷикистон– 0:3

Голҳо: Кабир Салимшоев, 15 (0:1). Кабир Салимшоев, 27 (0:2). Суннатулло Азизов, 70+3 (0:3).

30 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 743 тамошобин.

Афғонистон – Узбекистон – 0:3

Голҳо: Абдуқодир Хусанов, 3 (0:1). Алишер Хайруллоаев, 19 (0:2). Рустам Турдимуродов, 48 (0:3).

30 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 57 тамошобин.

Туркманистон – Қирғизистон – 1:0

Гол: Муҳаммадалӣ Кишиков, 55.

30 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 50 тамошобин.

Даври 5-ум

Қирғизистон – Эрон – 0:5

1 август. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.

Узбекистон – Туркманистон – 4:0

1 август. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0

1 август. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

5

4

1

0

10-1

13

2

Узбекистон

5

3

1

1

12-5

10

3

Эрон

5

3

0

2

10-6

9

4

Афғонистон

5

2

1

2

4-6

7

5

Туркманистон

5

1

0

4

2-11

3

6

Қирғизистон

5

0

1

4

4-13

1

Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфтааст, ба яке аз панҷ минтақаи Конфедеросиюни футболи Осиё шомил аст. CAFA федеросиюнҳои футболи шаш кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эронро муттаҳид месозад.

Рустами Эмомалӣ, раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, дар кунгураи 4-уми CAFA, ки 24-уми апрели имсол дар Душанбе доир гардид, президенти нави Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ интихоб шудааст.

Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки баъди анҷоми бозии охирин миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Афғонистон шаби 1-уми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, Рустами Эмомалӣ ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои Анҷумани футболи Осиёи Марказиро супурд.

Дастаи ғолиб – Тоҷикистон - бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Мунтахаби Узбекистон барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра ва тими Эрон барои ҷойи севум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ҷоизаи беҳтарин бозигар ба Муҳаммадворис Саидалиев, узви дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, тақдим гардид. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан насиби Аҳмад Зикриё Ҳусайнӣ, узви тими мунтахаби наврасони Афғонистон, гардид, ки дар ин мусобиқот се гол задааст.

Ба дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон ҷоизаи Fair Play (Бозии шаффоф) супурда шуд.

XS
SM
MD
LG