Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоевро ба коррупсия муттаҳам карданд. ВИДЕО, АКС


Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, ба "коррупсия" ва "иштирок дар ҷиноят" муттаҳам шуд ва то 26-уми август дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амният мемонад. Дар ин бора Додгоҳи Первомайи шаҳри Бишкек рӯзи 9-уми август қарор содир кард.

Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ин иқдом дар чаҳорчӯби парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев дар соли 2013 гирифта шудааст.

Нирӯҳои амниятиву пулис Алмосбек Отамбоевро дар як амалиёти дурӯза дар хонааш дар канори Бишкек дастгир карданд. Рӯзи аввали амалиёт ноком буд ва як куштаву даҳҳо захмӣ ба ҷой гузошт.

Отамбоев таслим шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00

Отамбоев рӯзи 8-уми август баъд аз як музокирот бо намояндаи мақомот ба берун баромад ва таслим шуд. Аммо пеш аз он аз муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Курсан Асанов, ки амалиёти боздоштро раҳбарӣ мекард, хост, ба тарафдоронаш зиён нарасонанд.

Даҳҳо тан аз ҷонибдорони президенти собиқ дар хонааш буданд ва аз ӯ ҳимоят мекарданд.

Гузоришҳо дар бораи боздошти Отамбоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:30 0:00

Алмосбек Отамбоев моҳҳои охир се дафъа барои бозпурсӣ ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон даъват шуд, вале нарафт. Вакили мудофеи президенти собиқ даъват ба бозпурсии ӯро ғайриқонунӣ номид ва пешниҳод кард, ки нафари зери ҳимояташ ба суоли хаттии муфаттишон хаттӣ ҷавоб гӯяд. Ин пешниҳоди ӯ қабул нашуд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июни имсол Алмосбек Отамбоевро аз унвони президенти пешин ва ҳамин тавр масуняит маҳрум кард.

Алмосбек Отамбоеви 62-сола, ки давоми шаш сол - аз охири соли 2011 то моҳи ноябри соли 2017 президенти Қирғизистон буд, баъд аз хатми мӯҳлати президентиаш дар бӯстонсарои худ дар канори Бишкек зиндагӣ мекард.

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG