Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як хонаву ду даъвогар. Идомаи баҳси 13-сола барои манзил


Дар акс: Умаралӣ Саидов ва Наботой Расулова

Додгоҳи олии Тоҷикистон бори дувум баҳси 13-солаи хона миёни Умаралӣ Саидов, як сокини Душанберо бо ҳамсари бародари марҳумаш ба фоидаи ӯ ҳал кард. Наботой Расулова аз мурофиа бо хашм берун шуд ва гуфт, аз баҳс даст кашиданӣ нест ва қасди холӣ кардани хонаро надорад. Мурофиа 7 август сурат гирифт.

Умаралӣ Саидов мегӯяд, Расулова набояд ҳамсари бародари ӯ номида шавад, зеро ҳеч гуна қайде дар бобати ин издивоҷ вуҷуд надорад. Инро Наботой Расулова рад мекунад ва мегӯяд, ҳамсари бародари Умаралӣ Саидов буду пас аз даргузашти ӯ хона ҳамчун мерос тақсим шуда ба вай расид.

Додгоҳи олии Тоҷикистон бори аввал моҳи майи имсол бо судури қароре ба ин баҳс нуқта гузошта буд, вале Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳалномаро ба эътибор нагирифт ва баҳс ҳамчунон идома кард.

Баъд аз содир шудани қарори дувуми Додгоҳи олӣ, Умаралӣ Саидов гуфт, ки "акнун хотираш ҷамъ шуд" ва мунтазири холӣ шудани манзил мемонад. Вай мегӯяд, бар асоси тавофуқ бо бародари марҳумаш дар 15-16 соли пеш дар Душанбе ҳавлӣ харид, "вале баъд аз марги бародар ҳамсари дувуми ӯ ин хонаро ҳамчун мерос аз они худ кардааст".

Наботой Расулова, ҷониби дигари баҳс, ки худро ҳамсари бародари Умаралӣ Саидов мешуморад, бори аввал дар назди дурбини Радиои Озодӣ суҳбат кард ва мавқеи худро баён дошт. Ӯ гуфт:

"Намедонам, ки чаро дар Додгоҳи олии Тоҷикистон аз Умаралӣ тарафдорӣ карданд. Ин хона расман ба номи ман аст ва фарзандонам дар ҳамин манзил сабтином шудаанд. Борҳо додрасҳо омаданду диданд, бо ҳуҷҷатҳо шинос шуданд, вале чунин қарор содир карданд. Солҳост, бо фарзандонам дар онҷо зиндагӣ дорам."

Ҳамин тавр, ҳарду тараф барои ҳақ шумурдани худ бастаи далелҳо доранд. Ин баҳс сездаҳ сол дар зинаҳои гуногуни тафтишотӣ, додгоҳӣ ва идораҳои дигари давлатӣ идома кардааст. Умаралӣ Саидов, даъвогари асосӣ дар баҳс мегӯяд, тӯли ин муддат мақомот ё дархостҳои ӯро нодида мегирифтанд ва ё додгоҳҳо аз ҳамсари бародараш пуштибонӣ мекарданд.

Қаблан раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон низ даъвои ӯро беасос шумурда буд. Вале баҳс дар чаҳор моҳи пеш чархиши дигар хӯрд. Додгоҳи олӣ даъворо ба нафъи Умаралӣ Саидов ҳал кард ва ҳоло бори дувум аз мавқеи ӯ ҳимоят намуд.

Аз суҳбати Наботой Расулова ба назар мерасид, ки ӯ қасд надорад хонаро холӣ кунад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ 11-уми декабри соли 2017 тақсими мерос анҷом ёфта, хона ба ӯ тааллуқ гирифтааст. "То охир ба баҳс идома хоҳам дод. Вай як марди фиребкор аст", -- афзуд Расулова.

Умаралӣ Саидовро дар сохторҳои мухталифи додгоҳҳои Тоҷикистон хуб мешиносанд. Аризаҳои даъвоии ӯ ба хотири барқарор кардани ҳаққаш ба манзил солиёни зиёд дар дасти баррасӣ буд.

Худи Саидов мегӯяд, "300 бор ба номи президент, 200 бор ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, беш аз 200 бор ба Додгоҳи олӣ ва конститутсионӣ муроҷиат карда, 28 маротиба дар қабули Зариф Ализода, омбудсмени собиқ ҳузур доштам."

Баъд аз содир шудани қарори дувуми Додгоҳи олӣ, Умаралӣ Саидов мегӯяд, соҳиби қонунии манзили зист дониста шудааст ва умед дорад, ба зудӣ зери боми хонаи худ мекӯчад.

Коршиносон еиз мегӯянд, таҷриба дар Тоҷикистон нишон додааст, ки бекор кардани қарори Додгоҳи олӣ дар ҳолатҳои хеле кам рух медиҳад.

Баҳси меросу манзил дар додгоҳҳои Тоҷикистон солҳои охир зиёд мушоҳида мешавад ва ба маъмултарин даъвоҳо табдил шудааст. Мақомот мегӯянд, дар баъзе ҳолат ин баҳсҳо боис ба кашмакаш ва латту кӯбу куштори наздикон гардидааст.

Видео аз бойгонии Радиои Озодӣ:

"Ба сад дар сар задам, аммо акси садо нашунидам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG