Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони тоҷик аз ҳамсолони эронии худ пеш гузаштаанд


Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба рақобатҳо аз даври дувум шуруъ кард, мунтахаби ҷавонони Туркманистонро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод.

Бозии даври дувуми мусобиқот миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Туркманистон шаби 10-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба як голи бозигари туркманҳо Раҳмон Муратбердиев футболбозони ҷавони тоҷик бо панҷ гол посух доданд. Рустам Соиров ва Шаҳром Самиев дуголӣ ба самар расониданд. Як голи дигари мунтахаби Тоҷикистонро Ҳамадонӣ Камолов зад.

Бозии дигари даври дувум миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Афғонистон ва Узбекистон, ки 10-уми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид.

Рӯзи 9-уми август дар даври аввали мусобиқот ду бозӣ доир шуда буд. Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Афғонистон ва Туркманистон бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид. Дар бозии дигари даври аввал мунтахаби Эрон дастаи Узбекистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду рӯзи бозиҳо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон, ки сеимтиёзӣ доранд, дар ҷадвали мусобиқот бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор гирифтаанд. Мунтахаби Афғонистон бо ду имтиёз ҷойи севумро касб намудааст. Дастаҳои Узбекистону Туркманистон бо якимтиёзӣ дар зинаҳои чоруму панҷум ҷойгир шудаанд.

Дар даври севуми мусобиқот, ки рӯзи душанбеи 12-уми август доир мегардад, нахуст Эрон бо Туркманистон ва баъдан Тоҷикистон бо Афғонистон бозӣ хоҳанд кард.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи панҷ кишвар - Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – ширкат доранд.

Дар доираи ин мусобиқот боз шаш бозӣ доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Мусобиқот за рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст. Тими ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба даст овардааш маълум хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мебошад, ки аз 2-юм то 6-уми октябри имсол дар Душанбе барпо мегардад. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-19)

Даври 1-ум

9 август (ҷумъа)

Афғонистон – Туркманистон – 2:2

Голҳо: Фаршед Воҷдӣ, 10 (1:0). Руслан Приев, 17 (1:1). Тариқ Муҳаммадӣ, 27 (2:1). Бегенчмурат Муродов, 89 (2:2).

Огоҳӣ: Абдул Мусаввир Аттаӣ, Аҳмад Рабӣ Навшод (Афғонистон), Раҳмон Муратбердиев, Убраум Абдуллоев, Равшанмурат Илёсов (Туркманистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Сулаймон Довуд (Афғонистон), 83.

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).

Нозири доварон: Муҳсин Туркӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Умед Ҷамолӣ (Эрон).

9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

Узбекистон – Эрон – 0:2

Голҳо: Муҳаммад Ҳусейн Завварӣ, 50 (0:1). Маҳдӣ Ҳошимнажод Раҳимободӣ, 75 (0:2).

Огоҳӣ: Саидазамат Мирсаидов, Тоҳир Рафаэлов (Узбекистон), Муҳаммадризо Асғарӣ, Муҳаммад Ҳусейн Завварӣ (Эрон).

Сардовар: Ҳалим Ака Шерзод (Афғонистон).

Нозири доварон: Аллаберген Сапаев (Туркманистон).

Комиссари бозӣ: Михаил Толкачёв (Қирғизистон).

9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 120 тамошобин.

Даври 2-юм

10 август (шанбе)

Туркманистон – Тоҷикистон – 1:5

Голҳо: Раҳмон Муратбердиев, 16 (1:0). Ҳамадонӣ Камолов, 34 (1:1). Шаҳром Самиев, 75 (1:2). Рустам Соиров, 88 (1:3). Рустам Соиров, 90+2 (1:4). Шаҳром Самиев, 90+5 (1:5).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов, Манучеҳр Сафаров, Маҳмуд Пиров, Абдулмуъмин Забиров (Шуҳрат Элмуродов, 84), Шарифбек Раҳматов (Нидоёр Забиров, 79), Озодбек Панҷиев (Шоҳрух Сангов, 77), Ҳамадонӣ Камолов, Ислом Зоиров (Шаҳром Самиев, 61), Рустам Соиров.

Огоҳӣ: Раҳмон Муратбердиев, Бегенчмурод Муродов (Туркманистон).

Сардовар: Аҳрол Рисқуллоев (Узбекистон).

Нозири доварон: Муҳсин Туркӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Михаил Толкачёв (Қирғизистон).

10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 550 тамошобин.

Афғонистон – Узбекистон – 2:2

Голҳо: Беҳзод Шамсиев, 11 (0:1). Тоҳир Рафаэлов, 45 (0:2). Фаршед Воҷдӣ, 59 (1:2). Тариқ Муҳаммадӣ, 86 (2:2).

Огоҳӣ: Аҳмад Шакиб Рамиқӣ (Афғонистон), Муминризо Қодиров, Одилбек Абдумаҷидов, Ҳоҷимат Эркинов, Беҳзод Шамсиев (Узбекистон).

Сардовар: Воҳид Саид Козимӣ (Эрон).

Нозири доварон: Аллаберген Сапаев (Туркманистон).

Комиссари бозӣ: Умед Ҷамолӣ (Эрон).

10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

ҶДАСТАҲОБҒМБТИ
1Тоҷикистон11005-13
2Эрон11002-03
3Афғонистон20004-41
4Узбекистон20112-41
5Туркманистон20113-71

Даври 3-юм

12 август (душанбе)

17:00 – Эрон – Туркманистон

20:00 – Тоҷикистон – Афғонистон

Даври 4-ум

13 август (сешанбе)

17:00 – Эрон – Афғонистон

20:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

15 август (панҷшанбе)

17:00 – Туркманистон – Узбекистон

20:00 – Тоҷикистон – Эрон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG