Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Раҳбари Ҳонгконг вазъиятро "хатарнок" тасвир кард

Кэрри Лэм, раҳбари Ҳонгконг, ҳушдор додааст, ки ин қаламрави Чин шоҳиди “як вазъияти хатарнок” аст. Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Ҳонгконг даҳ ҳафта боз идома дорад.

Лэм рӯзи 13-уми август дар нишасти хабарӣ хостори оромиш шуд ва дар бораи пешгирӣ аз густариши хушунатҳо таъкид кард. Ӯ гуфт, "як дақиқа вақт ёбед ва ба шаҳри мо, ба хонаи мо нигаред. Оё мо метавонем онро ба дӯзах тела диҳем ва бубинем, ки чӣ гуна пора-пора мешавад?"

Рӯзи 12-уми август дар ҷараёни даргирӣ миёни ҷонибдорони демократия ва пулиси Ҳонгконг даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд.

Мухолифон қонуни истирдоди гунаҳкорон ба Чинро намепазиранд ва онро рад мекунанд. Ҳукумати Чин аз ин қонун пуштибонӣ кардааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

CBS: Амрико барои даври нави ҳамлаҳо омода мешавад

Шабакаи амрикоии CBS субҳи 23 май хабар дод, ки ҳукумати Трамп барои анҷоми даври наве аз ҳамлаҳо алайҳи Эрон омода мешавад.

Ин шабакаи хабарӣ ба нақл аз манбаъҳое, ки ба номашон ишора накард, навишт, ки омодагиҳо барои анҷоми ҳамлаҳои нав рӯзи ҷумъа сурат гирифтааст.

Бо ин ҳол, дар ин хабар омадааст, ки то баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа ба вақти Амрико барои анҷоми қатъии ҳамлаи дубора ба хоки Эрон тасмиме гирифта нашудааст.

Ҳамзамон як хабарнигори рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal дар гузорише навишт, ки раисҷумҳури Амрико ба ҳамроҳи мушовиронаш дар заминаи амнияти миллӣ дар соатҳои поёнии рӯзи ҷумъа нишасте доштааст, аммо тасмими қатъӣ дар ин ҷаласа гирифта нашудааст.

Ба навиштаи ин хабарнигор аз Кохи Сафед, Трамп дар нишаст мувофиқ будааст, ки дипоматия ниёз ба вақти бештар дорад ва дар айни ҳол, масъалаи бозгашт ба ҷанг низ ҳамчунон рӯи миз аст.

Пештар Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, ки ахиран сухангӯи ҳайати музокиракунандаи ин кишвар интихоб шуд, гуфт, "ихтилофи назарҳо байни Эрон ва Амрико он қадар амиқ ва зиёд аст, ки намешавад гуфт бо чанд бор рафту омад ё музокирот давоми чанд ҳафта мо бояд ҳатман ба натиҷа бирасем".

Хабари омода шудан ба ҳамлаҳои нав ба Эрон дар ҳоле нашр мешавад, ки Доналд Трамп рӯзи 18 май хабар дод, ки қарор буд рӯзи 19 ҳамлае ба Эрон анҷом шавад, аммо ба дархости сарони араби Халиҷи Форс аз он худдорӣ кардааст.

Ҳалокати беш аз 90 нафар дар таркиши як кони ангишт дар Чин

Расонаҳои давлатии Чин гузориш доданд, ки бар асари таркиш дар як кони ангиш дар ин кишвар, дастикам 90 тан ҷон бохтаанд.

Хабаргузории "Франс пресс" бо такя ба хабаргузории давлатии Чин -- "Синхуа" навишт, ки ҳодиса шоми 22 май дар як кони ангишт дар вилояти Шанси, рух додааст.

Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, ҳамгоми рух додани таркиш дар умум 247 коргар дар зери замин ҳузур доштанд.

Ин хабаргузорӣ ҳамчунин гуфтааст, ки 345 нерӯи кӯмакрасон ба маҳали ҳодиса фиристода шуданд ва дар ҷустуҷӯи 9 нафаре ҳастанд, ки ҳанӯз нопадид ҳастанд.

Таркиши рӯзи ҷумъа, бадтарин фоҷеа дар як кон дар Чин пас аз соли 2009 ба шумор меравад.

Дар ин сол дар таркиши маъдане дар вилояти Хэйлунсзян дар шимол-шарқи Чин, 108 нафар ҷон бохтанд.

Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин хостори истифода аз ҳама имкониятҳо барои дармони захмиҳо шуд ва бар анҷоми таҳқиқоти ҳамаҷониба дар бораи ин ҳодиса таъкид кард.

Шуморе аз сарони кишварҳои дунё ба раисҷумҳури Чин дар робита ба ин ҳодиса номаҳои ҳамдардӣ фиристоданд.

Таъсиси Ҷоизаи байнулмилалии Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байнулмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, таъсис ёфт. Дар ин бора рӯзи 23 май фармони президент Эмомалӣ Раҳмон содир шуд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамзамон фонди ин ҷоизаи байналмилалӣ ташкил мешавад.

Маблағи ин ҷоиза эълон нашудааст.

Дар шарҳи фармони президент Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки ин ҷоиза ба ҳадафи арҷгузорӣ ба саҳми Абуалӣ ибни Сино дар тибби ҷаҳонӣ, таъсис дода шудаст.

Ин ҷоиза ба афроде дода мешавад, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.

Абуалӣ ибни Сино яке аз донишмандони бузурги соҳаи тиб ба шумор меравад. Ӯ соли 980 мелодӣ дар Бухоро ба дунё омада, соли 1037 дар Ҳамадони Эрон аз олам чашм пӯшидааст.

Дар Тоҷикистон Донишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Душанбе номи ӯро дорад. Яке аз ноҳияҳои пойтахти Тоҷикистон низ ба номи ӯ гузошта шудааст.

Сафари фармондеҳи артиши Покистон ба Эрон

Cафари Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон ба Теҳрон. 22 май, 2026.
Cафари Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон ба Теҳрон. 22 май, 2026.

Хабаргузории эронии ИСНА аз сафари маршал Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон ба Теҳрон хабар дод. Ӯро дар фурудгоҳ Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилии Эрон пешвоз гирифтааст.

Пеш аз ин ИРНА -хабаргузории давлатии Эрон ба нақл аз манбаъҳои дипломатӣ дар Исломобод эълон карда буд, ки низомии баландмақоми покистон рӯзи ҷумъа ба Эрон сафар кардааст.

Расонаҳои Эрон рӯзи панҷшанбе гуфта буд, ки Осим Мунир қарор аст ба Теҳрон сафар кунад, аммо ин сафар 24 соат ба таъхир афтодааст.

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, ки барои иштирок дар нишасти вазирони НАТО ба Шведсия сафар кардааст, низ гуфт, ки Вашингтон бо фармондеҳи артиши Покистон дар тамос аст ва интизор меравад, ки ӯ хеле зуд вориди Теҳрон шавад.

Бархе расонаҳо мегӯянд, ки сафари Осим Мунир ба Теҳрон нишонаи "пешрафт"-и гуфтугӯҳо аст. Рубио низ аз бархе пешрафтҳо дар гуфтугӯҳои Амрико ва Эрон хабар дод. Ӯ ҳамзамон гуфт, ки ҳанӯзи тавофуқ ниҳоӣ нашудааст.

Покистон аз замони барқарории оташбас дар рӯзи 8 апрел ва баъд аз 40 рӯз ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон, дар нақши миёнарав амал мекунад ва як даври гуфтугӯҳо миёни намояндагони баландпояи Теҳрон ва Вашингтон дар пойтахти ин кишвар баргузор шуд.

Шӯрои Федератсия санади ҷалби муҳоҷирони тоҷикро тасдиқ кард

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия матни созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони тоҷикистониро тасдиқ кард.

Бар асоси ин санад, ки моҳи апрел порлумони Тоҷикистон низ онро тасдиқ карда буд, муҳоҷирони тоҷик як қисм ҳуҷҷатгузориро дар ватан анҷом медиҳанд.

Тибқи ин ҳуҷҷат, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон аз рӯи барномаҳои таҳсилоти касбии Русия омода карда мешаванд.

Ҳамчунин муҳоҷирони тоҷик қабл аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон изи ангушт месупоранд ва аз ташхиси тиббии мутахассисони рус мегузаранд.

Нуктаи асосӣ дар ин созишнома ин аст, ки акнун Вазорати меҳнат ва муҳоҷират ба таври гуруҳӣ муҳоҷиронро ба Русия мефиристад. Албатта шаҳрвандон худашон мустақилона ҳам метавонанд барои кор ба Русия раванд.

Ин санад ҳамчунин таъсиси намояндагиҳои Вазорати корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистонро дар кишварҳои ҳамдигар пешбинӣ мекунад.

Русия макони кору зиндагии ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Муҳоҷирони тоҷик солҳои ахир аз фишор, шиканҷа ва рейдҳои пайвастаи пулиси Русия шикоят мекунанд.

Амри Хоманаӣ барои набаровардани урани ғанишуда аз Эрон

Бино ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон бо як дастур берун бурдани урани ғанишуда аз ин кишварро манъ кардааст. Дар ин бора ду манбаи баландпояи эронӣ ба ин хабаргузорӣ маълумот додаанд.

Ба гуфтаи яке аз ҳамсӯҳбатони хабаргузорӣ, "дастури раҳбари олӣ ва розигии ҳокимият ин аст, ки захираҳои урани ғанишуда набояд аз кишвар берун бурда шаванд".

Дар Теҳрон нигаронанд, ки интиқоли уран метавонад Эронро дар баробари ҳамлаҳои эҳтимолии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил осебпазиртар кунад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигори телевизиони "Ал-Ҷазира" Алӣ Ҳошим бо такя ба манбае дар ҳукумати Эрон навиштааст, ки Хоманаӣ чунин санадеро имзо накардааст.

Ҳамсӯҳбати ин расона, хабарҳои Reuters-ро "таблиғоти мухолифони созишномаи сулҳ" номида, таъкид кардааст, ки мавқеи Эрон бетағйир мемонад.

"Теҳрон омода аст, ки мустақилона ва таҳти назорати Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) ғанисозии як қисм ураниумро камтар кунад",-гуфтааст ин манбаъ.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талаб дорад, ки Эрон дар доираи созиши эҳтимолӣ оид ба барномаи ҳастаӣ, аз урании ғанишуда даст кашад.

Амрико ва Исроил пойфишорӣ мекунанд, ки урани ғанишудаи Эрон аз кишвар хориҷ карда шавад ё таҳти назорати байналмилалӣ қарор гирад.

Тибқи маълумоти Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, Эрон тақрибан 440 килограм урани ғализ дорад, ки то 60 дарсад ғанӣ шудаанд. Дар сурати ғанисозии бештар ин уранро метавон барои сохти силоҳи атомӣ истифода бурд.

Дар 3 моҳ аҳолии Тоҷикистон 49 ҳазор кас зиёд шудааст

Дар се моҳи аввали имсол аҳолии Тоҷикистон қариб 49 ҳазор кас зиёд шудааст. Тибқи омори расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 дарсад камтар шудааст.

Мақомот мегӯянд, ба ҷуз вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар дигар минтақаҳои кишвар камшавии суръати рушди аҳолӣ сабт гардид.

Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон шумораи таваллудҳо 1,6 дарсад, шаҳри Душанбе 8,9 дарсад ва дар ВМКБ 11,2 дарсад таваллуд нисбат ба соли гузашта камтар шудаст.

Дар вилояти Суғд, шумори таваллуд 1,1 дар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,8 дарсад зиёдтар сабт шудааст.

Мақомот нагуфтаанд, ки сабаби кам шудани таваллуд дар вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва шаҳри Душанбе чист.

Ба гузориши Оҷонсии омор, дар се моҳи аввали имсол дар кишвар 9,1 ҳазор кас вафот кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 дарсад бештар аст. Афзоиши фавт дар ҳама минтақаҳои кишвар ба назар мерасад.

Тибқи омори расмӣ, то 1-уми апрели имсол шумори аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллиону 767,9 ҳазор нафар расидааст.

Раҳмон ва дабири CАҲА ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд

Фаридун Синирлиоғлу ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе мулоқот доштанд.
Фаридун Синирлиоғлу ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе мулоқот доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Фаридун Синирлиоғлу, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамкории байни ду тараф, аз ҷумла дар мавриди пешгирӣ аз ҷиноятҳои интернетӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир баррасӣ кардаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки мулоқот рӯзи 20-уми май дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Дар баёнияи расмӣ омадааст, “таваҷҷуҳ ба ҳамкории дуҷониба дар ҳар се самти асосии кори созмон - ҷанбаҳои низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ равона карда шуд.”

Дар баёнияи ҳамчунин омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Фаридун Синирлиоғлу “доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили низоми интихоботӣ, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, мубориза бо савдои инсон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳкими иқтидори воситаҳои ахбори омма гуфтугӯ сурат гирифт.”

Ҳукумати Тоҷикистон маҳз дар ҳамин арсаҳо солҳои ахир танқид мешавад, аз ҷумла барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи бунёдии мардум, интихоботҳои ғайридемократӣ ва олуда ба тақаллуб, талошҳои нокофӣ барои аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила ва ҳам маҳдуд кардани озодии матбуот.

Дар камтар аз ду соли гузашта дар Тоҷикистон 9 хабарнигору блогер маҳкум ба зиндон шудаанд ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомот фақат барои интиқод аз амалкардҳои мақомот аз онҳо интиқом гирифтааст.

Соли 2025 Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо эълон кард, ки нозиронашро барои назорати интихоботи порлумонии Тоҷикистон намефиристад. Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон гуфт, "набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон", боис шуд, ки ин созмон аз назорати интихоботи моҳи март худдорӣ кунад.

Фаридун Синирлиоғлу, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамчунин рӯзи 20-уми май бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ масъалаҳои амнияти минтақавӣ, таҳкими марзҳо, муқовимат бо таҳдидҳои муосир ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавиро баррасӣ кардааст.

Дафтари матбуоти вазорат гуфт, “таваҷҷуҳи махсус ба барномаҳои муштарак дар самтҳои таъмини субот, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, амнияти киберӣ ва дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ зоҳир гардид.”

Ҳушдор аз боронҳои сахт ва сел дар Тоҷикистон

Шаҳри Кӯлоб, 2 майи 2026
Шаҳри Кӯлоб, 2 майи 2026

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли боронҳои сахт ва омадани сел дар минтақаи кишвар хабар додааст.

Ин ниҳод дар хабарномае навишт, аз 21 то 25 май боронҳои сахт ва омадани сел "дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" пешгӯӣ мешавад.

Мутахассисон мегӯянд, дар дарёҳои Исфара, Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Панҷ, Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳои аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда "баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест".

Дар пайи ин ҳушдори ҳавошиносон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки "аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд". Ҳамчунин аз сокинон дархост шудааст, ки давоми панҷ рӯзи оянда "аз сафар ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд".

Аз оғози моҳи май гирифта Тоҷикистон шоҳиди офатҳои табии маргбор шуд. Аз ҷумла рӯзҳои 1-4 май дар пайи омадани сел ҳадди ақал 4 нафар дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар бистарӣ шудаанд. Садҳо хонавода дар саросари кишвар зиёни моддӣ диданд.

Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ҳоле, ки сокинони Тоҷикистон аз якбора боло рафтан ва камчин шудани семент дар кишвар шикоят доранд, мақомот аз зиёд шудани истеҳсоли ин навъ маҳсулот хабар доданд.

Тибқи иттилои Оҷонсии омор, дар се моҳи аввали имсол дар Тоҷикистон 1 миллиону 546 ҳазор тонна семент тавлид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 дарсад бештар аст.

Дар ду ҳафтаи ахир нархи семент дар Тоҷикистон якбора боло рафт. Сокинон мегӯянд, ҳар халта семент аз 56 сомонӣ то 90-110 сомонӣ гарон шуд. Мақомот сабаби боло рафтани нархи сементро шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии омор аз зиёд шудани истеҳсоли дигар намуд маҳсулоти сохтмонӣ хабар шудааст. Ба иттилои ин манбаъ, дар се моҳ истеҳсоли хишт қариб 1,8, бетон 29 ва арматура, 9,7 дарсад афзоиш ёфтааст.

Мақомот зиёд шудани истеҳсоли ин навъ маҳсулотро нишони рушди сохтмон дар кишвар мегӯянд. Сокинон мегӯянд, бо вуҷуди зиёд шудани сохтмонҳо, нархи хона ҳам ба таври чашмрас боло рафтааст.

Чину Русия терроризмро таҳдиди ҷиддӣ барои минтақа хонданд

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Си Ҷинпин, президенти Чин, дар Пекин. 20 май, 2026.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Си Ҷинпин, президенти Чин, дар Пекин. 20 май, 2026.

Русия ва Чин дар як баёнияи муштарак, терроризмро таҳдиди ҷидӣ барои амнияти Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон дониста ва аз кишварҳо хостанд, ҳамкориҳои зиддитерроризми худро бо Афғонистон тақвият кунанд.

Ин баёния пас аз дидори Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Си Ҷинпин, президенти Чин, дар Пекин, нашр шуд.

Дар эъломия омадааст, ки ду кишвар аз талошҳои Афғонистон барои нобудии терроризм ва пешгирӣ аз истифода аз хоки ин кишвар алайҳи амнияти ҳамсоягон ва минтақа ҳимоят мекунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Покистон ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба нокомӣ дар пешгирӣ аз истифодаи Таҳрики Толибони Покистон аз Афғонистон барои анҷоми ҳамлаҳои дар он кишвар муттаҳам мекунад.

Ҳукумати Толибон дар Афғонистон ин иттиҳомро рад мекунад.

Русия ва Чин ҳамчунин эълон кардаанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷонибаи худро дар бораи Афғонистон густариш хоҳанд дод ва аз субот ва амнияти пойдор дар ин кишвар ҳимоят мекунанд.

Дар Тоҷикистон никоҳу талоқ кам шудааст

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар се моҳи аввали соли равон бақайдгирии никоҳ ва талоқ дар Тоҷикистон кам шудааст.

Тибқи иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-марти имсол дар кишвар 14 ҳазору 913 ақди никоҳ сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 18,5 дарсад кам мебошад.

Оҷонсӣ мегӯяд, нишодиҳанда ё коэффитсиенти умумии никоҳ имсол ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 5,6 ададро ташкил намуд.

Аз рӯи минтақаҳо сатҳи баландтарини никоҳ дар вилояти Суғд ва камтарин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабт шудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар се моҳи аввали имсол 1 ҳазору 893 оила ҷудо шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 дарсад камтар аст.

Ба иттилои расмӣ, баландтарин нишондиҳанда ё коэффитсиенти азҳампошии оилаҳо дар вилояти Суғд ва камтаринаш дар Хатлон будааст.

Ҷудошавии оилаҳо ва ҳамин тавр "нимаятим" мондани фарзандони хурдсол аз масъалаҳои нигаронкунанда дар Тоҷикистон аст.

Муҳаққиқони тоҷик ахиран маълум карданд, ки омода набудан ба издивоҷ, надоштани хонаи хусусӣ, ҷангу даъво миёни зану шавҳар ва дахолати волидайн ба зиндагии оилаҳои ҷавон, аз сабабҳои асосии талоқ дар Тоҷикистон аст.

Русия аз талошҳои Амрикову Аврупо дар Осиёи Марказӣ нигарон шудааст

Михаил Галузин, муовини вазири умури хориҷии Русия.
Михаил Галузин, муовини вазири умури хориҷии Русия.

Михаил Галузин, муовини вазири умури хориҷии Русия дар суҳбат бо нашрияи «Известия» гуфтааст, ки Маскав аз талошҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо барои дастёбӣ ба фулузоти нодир ва маъданҳои гаронбаҳо дар Осиёи Марказӣ нигарон аст.

Кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафт (G7), аз ҷумла Амрикову Иттиҳоди Аврупо, талош доранд вобастагии худро аз Чин, тавлидкунандаи асосии фулузоти нодиру гаронбаҳо кам кунанд. Чин ҳоло бозори фурӯши фулуззоти нодирро зери назорат дорад, ки барои тавлиди фанновариҳои муосир, аз ҷумла мошинҳои барқӣ, батареяҳои хуршедӣ ва системаҳои пешрафтаи дифоӣ заруранд. Аз ин рӯ, ин кишварҳои ҷаҳон дар ҷустӯҷуи бозорҳои алтернативӣ ҳастанд.

Русия кишварҳои Осиёи Марказӣ яъне Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон ва Узбекистонро, ки сарватҳои зеризаминӣ зиёд доранд, ҳавзаи нуфузи худ медонад. Айни замон Чин низ ба ин минтақа таваҷҷуҳи зиёд дорад.

Михаил Галузин дар мусоҳибае, ки рӯзи 20-уми май дар нашрияи «Известия» чоп шуд, гуфтааст: «Мо аз он нигаронем, ки Амрико барои имзои қарордодҳо дар бораи маъданҳои нодир ва фулуззоти гаронбаҳо босуръат ва сахт пофишорӣ дорад».

Ӯ афзуд: «Ин танҳо як рақобати оддии иқтисодӣ, балки талошест барои берун кардани Русия ва офаридани як зербунёди таҳти назорати Ғарб дар наздикии марзҳои мост».

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико моҳи ноябр бо мизбонии раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Кохи Сафед, маъданҳои нодирро як авлавияти асосӣ дар ҳамкориҳо хонд ва ба талошҳои ҳукумати худ барои амнияти занҷираи таъминоти Амрико аз ҳисоби қарордодҳои нав таъкид кард.

Шӯрои уламо рӯзи иди Қурбонро эълон кард

Намози иди Қурбон дар масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Намози иди Қурбон дар масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи таҷлили иди Қурбонро муайян кард. Тибқи ҳисоби ин Шӯро, имсол иди Қурбон 27-уми май фаро мерасад.

Намози ид соати 6:00 дар масҷидҳои кишвар хонда мешавад.

Мутобиқи таълимоти дини Ислом, иди Қурбон ҳамасола санаи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷри қамарӣ фаро мерасад.

Иди Қурбон дар Тоҷикистон як иди расмӣ аст ва ба ин муносибат мардум истироҳат мекунанд. Ба муносибати ид бархе хонаводаҳо чорво забҳ мекунанд. Зиёрати қабри гузаштагон ва аёдати хешовандону наздикон яке дигар аз одатҳои ид дониста мешавад.

Чин ба Тоҷикистон "таҷҳизоти зиддитеррористӣ" медиҳад

Чин ба Тоҷикистон таҷҳизоти зиддитеррористӣ медиҳад. Бар асоси тафоҳумнома миёни ду кишвар, ки Радиои Озодӣ 20-уми май бо он шинос шуд, ин кӯмакҳо бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба кишвар дода мешаванд.

Дар санад омадааст, Чин ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон "як миқдор таҷҳизоти зиддитеррористӣ, аз ҷумла 34 таҷҳизоти разведкавӣ, мавод ва лавозимоти полисро пешниҳод кунад".

Арзиши ин таҷҳизот 52 миллион юан ё 7,6 миллион долларро ташкил медиҳад ва ройгон ба Тоҷикистон дода мешаванд. Дар санад омадааст, ки Чин ҳамчунин ҳашт мутахассисро барои насбу танзими ин таҷҳизот ба Тоҷикистон мефиристад ва онҳо 45 рӯз дар кишвар хоҳанд монд.

Тоҷикистон аз таҷҳизоти мазкур боҷи гумрукӣ ва андоз намеситонад ва хароҷоти минбаъдаи нигаҳдории дастгоҳҳоро ба ӯҳда мегирад. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин ӯҳдадор шудаанд, ки барои мутахассисони чинӣ шароити корӣ фароҳам ва амнияти онҳоро таъмин мекунанд.

Ҳамкориҳои низомӣ миёни Тоҷикистон ва Чин мавзуи нав нест. Дар тирамоҳи соли 2021 порлумони Тоҷикистон аз нияти Чин барои таъсиси як қарогоҳи низомии 10-миллиондолларӣ барои нерӯҳои қудратии Тоҷикистон дар водии Вахон хабар дода буд. Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, он замон дар ҷаласаи порлумон гуфт, бинои нав махсус барои гуруҳи зудамал (ОМОН), ки тобеи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил мебошад, сохта мешавад.

Чин ҳамчунин қарздиҳандаи калонтарини Тоҷикистон буда, тақрибан сеяки қарзи берунаи Тоҷикистон ба ин кишвар рабт дорад. Дар ҷараёни сафири ахири президенти Эмомалӣ Раҳмон ба Чин миёни ду кишвар даҳҳо санади нав имзо шуд.

Ба ҳайси шарики тиҷоратии азимтарини Тоҷикистон, аз чор як қисмати муомилаҳои берунии Тоҷикистон ҳам ба Чин марбут аст. Сармоягузориҳои ҳангуфти Чин нигарониҳоро дар бораи вобастагии Душанбе аз Пекин бештар кардааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG