Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар занозании комбинати куҳии Қазоқистон хориҷиҳо захмӣ шуданд


Дар комбинати куҳии Жайреми вилояти Қарағандаи Қазоқистон 12-уми август миёни коргарон занозанӣ рух дод. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар ин занозанӣ, ки сабабҳояш то кунун муайян нест, чанд коргари хориҷӣ захмӣ шудааст.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, шишаҳои шикастаи хоначае ва одамоне дида мешавад, ки дар тан корҷома доранд.

Мақомоти маҳаллӣ шоми дирӯз ва субҳи 13 август ба маҳалли ҳодиса рафта, одамонро ба хештандорӣ даъват кардаанд.

Ба иттилои сокинони маҳаллӣ, занозанӣ гӯиё баъди пайдо шудани акси духтари ӯрёне сар зад, ки хашми сокинонро ба бор овард. Ба гуфтаи шоҳидони дигар, сокинон аз он норозианд, ки коргарони хориҷӣ ҷойи кории сокинони маҳаллиро мегиранд.

XS
SM
MD
LG