Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо кумаки хонандагони Озодӣ кӯдак волидонашро ёфт. ВИДЕО


Ин кӯдакро ду рӯз пеш дар шоҳроҳи Ваҳдат-Душанбе дар деҳаи Шаҳристони ҷамоати Гулистон пайдо кардаанд

Наздикони кӯдаке, ки ду рӯз пеш дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дар деҳаи Шаҳристони ҷамоати Гулистон пайдо карданд, баъд аз гузориши Радиои Озодӣ аз худ дарак доданд.

Рӯзи 14-уми август Илҳомиддин Қурбонов, як сокини шаҳри Ваҳдат, ба Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки кӯдаки тахминан чаҳорсолаеро пайдо кардаанд ва ӯ манзили зисташро намедонад.

Қурбонов мегӯяд, баъд аз се соати пахш шудани ин хабар дар сомонаи Радиои Озодӣ волидони кӯдак ӯро шинохта ва барои бурданаш ба деҳаи Шаҳристон омаданд.

Қурбонов гуфт, кӯдак феълан дар назди волидонаш аст. Падару модари кӯдак дар маҳаллаи километри 7-уми шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардаанд. Онҳо аз гуфтани номи хеш худдорӣ карданд.

Қаблан дар як видеои кӯтоҳ кӯдаки тақрибан 4 ё 5-сола мегуфт, ки падараш Мирзо ва модараш Зуҳро ном дорад.

Дар пайдо кардани волидони кӯдак кӯмак кунед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Шарҳҳоро бинед (8)

XS
SM
MD
LG