Дар чанд ҷумла
Ширкатҳое, ки дар бораи Узбекистон филм меофаранд, кумак мегиранд
Сар аз соли оянда ҳукумати Узбекистон қисман харҷи ширкатҳои хориҷиеро мепӯшонад, ки дар бораи ин кишвар филм меофаранд.
Дар фармони Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон "Дар бораи рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ" омадааст, "ҳангоми сохтани маҳсулоти аудиовизуалӣ дар ҳудуди Узбекистон аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ, 20 дарсади харҷи онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат пӯшонида мешавад".
Дар ҳудуди кишварҳои ИДМ чунин таҷриба дар ҳоли ҳозир танҳо дар Узбекистон роҳандозӣ хоҳад шуд.
Ба ҷуз ин, ширкатҳое, ки мехоҳанд, дар бораи таърих ва шахсиятҳои таърихии Узбекистон филми мустанад созанд, дар ҳаҷми то 333 ҳазор доллар барои як филм, кумак дарёфт хоҳанд кард.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Оғози интихоботи порлумонӣ дар Арманистон
Субҳи 7-уми июн дар Арманистон овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ оғоз шуд.
Нуқтаҳои овоздиҳӣ соати 8-и субҳ боз шуданд ва қарор аст овоздиҳӣ то соати 20 идома кунад.
Вазорати корҳои дохилии Арманистоон гуфт, дуюним миллион шаҳрванди ҳаққи раъй сабти ном шудаанд.
Комиссияи марказии интихоботи Арманистон гуфт, натиҷаҳои пешакӣ 24 соат баъди баста шудани нуқтаҳои раъй ва натиҷаи ниҳоии овоздиҳӣ 14-уми июн эълон мешаванд.
Дар интихобот 18 эътилофи ҳизбҳои сиёсӣ ширкат доранд. Тибқи назарпурсиҳои пешакӣ, ҳизби нахуствазир Никол Пашинян дар қиёс ба аҳзоби тарафдори Русия пешсаф аст.
Ин интихобот нишон медиҳад, ки дар пасманзари ҷанги Қарабоғи Куҳӣ, наздикӣ ба Ғарб ва кам кардани вобастагӣ аз Русия, боварии мардуми Арманистон ба Никол Пашинян чӣ қадар аст.
Равобити Русия ва Арманистон дар моҳҳои ахир ба сардӣ гароидааст. Моҳи май Русия воридоти чанд маҳсулот аз Арманистонро маҳдуд кард. Дар оғози моҳи май Арманистон мизбони нишасте бо ҳузури роҳбарони Аврупо, аз ҷумла президенти Украина буд.
Додгоҳ қарори Трамп дар бораи муҳоҷиратро ғайриқонунӣ хонд
Додгоҳи федеролӣ дар Вашингтон маҳдудиятҳои ҷорикардаи маъмурияти Доналд Трамп барои муҳоҷирати қонуниро манъ кард.
Ин маҳдудиятҳо моҳи ноябри соли 2025 ва баъди ҳамла ба хизматчиёни ҳарбии Горди миллӣ ҷорӣ шуд. Тибқи ин қарор, қоидаҳои гирифтани паноҳгоҳ, иҷозатномаи кор ва грин-корт барои шаҳрвандони 39 кишвари Африқо, Осиё, Амрикои Лотинӣ ва Ховари Миёна сахтар мешавад.
Додрас Ҷон Макконнелл ин қарорро ғайриқонунӣ хонд ва навишт, сиёсати маҳдудият барои муҳоҷирати қонунӣ "ҳаёти муҳоҷиронеро, ки дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунанд, дар вазъияти номуайяни ҳуқуқӣ қарор дод".
Ба андешаи Макконнелл, Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати ИМА бо баҳонаҳои сохтаи марбут ба амнияти миллӣ талош карданд, ки рӯҳияи зиддимуҳоҷиратиро пинҳон кунанд. Ӯ қайд кард, ки бинобар ин тадбирҳо ҳазорон нафар ним сол боз танҳо ба сабаби маҳалли таваллуди худ бе мақоми ҳуқуқӣ ва кор мондаанд.
Даъво бо талаби бекор кардани маҳдудиятҳо моҳи март аз ҷониби эътилофи созмонҳое пешниҳод шуд, ки ба муҳоҷирон кӯмак мерасонанд.
Пайдо шудани ду махфигоҳи маводи мухаддир дар Панҷакент
Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз ошкор шудани ду махфигоҳи маводи мухаддир дар шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод навишт, аввали моҳи июн зимни амалиёте як сокини 44-солаи шаҳри Панҷакент бо гумони "муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар" дастгир шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, ин мард дар ҳудуди заминҳои кишоварзии як хоҷагии деҳқонӣ дар ҷамоати "Фароб", миқдори зиёди ҳашишро пинҳон кардааст.
Назари фарди боздоштшуда ва наздиконаш ба ин иттиҳом маълум нест.
Дар хабари Оҷонсӣ омадааст, аз махфигоҳи аввал 31 килограм ва аз махфигоҳи дуввум зиёда аз 1 килограм маводи мухаддири навъи ҳашиш пайдо карданд. “Ҳамин тариқ, вазни умумии маводи мусодирашуда зиёда аз 32 килограммро ташкил дод”, - гуфтанд дар Оҷонсии назорати маводи нашъаовар.
Мақомот алайҳи ин сокини Панҷакент, ки падари чор фарзанд ва муваққатан бекор будааст, бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми калон (қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз кардаанд. Ин банди қонун аз 12 то 20 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамасолона аз мусодираи даҳҳо килограм маводи мухаддир хабар медиҳанд. Ба омори расмӣ, танҳо дар соли 2025 Оҷонсии назорати маводи нашъаовар 689 килограм маводи мухаддир мусодира кардааст, ки дар қиёс ба як соли пеш 37 дарсад бештар аст.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш ҳазор километр хатти марз дорад. Мақомот ҳамеша аз боздошт ё занозанӣ бо кочоқбарон дар ин хатти марз хабар медиҳанд.
Нигаронии Тоҷикистон ва Покистон аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон
Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Покистон аз вуҷуди паноҳгоҳҳои террористӣ ва афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон, нигаронӣ кардаанд.
Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Муҳсин Нақавӣ рӯзи панҷуми июн дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи навбатии вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, баргузор шудааст.
Дафтари матбуоти вазири корҳои дохилии Покистон эълон кард, ки вазири корҳои дохилии ин кишвар дар мулоқот бо Рамазон Раҳимзода дар бораи вуҷуди "пойгоҳҳои террористӣ" дар дохили Афғонистон гуфтугӯ кардааст.
Дар ин баёния омадааст, "ҳар ду вазир тавофуқ карданд, ки урудгоҳҳои террористӣ ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон таҳдидҳои ҷиддӣ барои минтақа эҷод мекунад".
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо гуфтаанд, ки ҳудуди 25 созмони террористии гуногун дар ҳоли ҳозир дар Афғонистони зери назорати Толибон, фаъол ҳастанд ва ин масъала ҳамаи минтақаро ба хатар андохтааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамсоя мебошад ва бар хилофи бархе дигар аз аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, бо ҳукумати Толибон чандон робитаҳои наздики дипломатӣ ва сиёсӣ надорад. Душанбе нигарони фаъолиятҳои гурӯҳи "Ансоруллоҳ" ва "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ мебошад.
Покистон ҳам ҳукумати Толибонро ба паноҳ додан ба ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистон муттаҳам мекунад.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навишт, ки Рамазон Раҳимзода дар Бишкек инчунин бо ҳамтоёни худ аз Эрон, Русия, Узбекистон, Белорус ва низ муовини вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардуми Хитой Лю Утсин ва дабири кулли "Интерпол" Валдеси Уркиза, дидор ва гуфтугӯ кардааст.
СММ дар Афғонистон марги як кормандашро тасдиқ кард
Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон хабари марги Фаришта Имодӣ, корманди UNFPA ё Сандуқи аҳолии СММ-ро тасдиқ кард.
Ин созмон рӯзи 5 июн бо нашри паёме дар шабакаи Х даргузашти Фаришта Имодиро тасдиқ кард ва бо хонавода, дӯстон ва ҳамкорони ӯ ҳамдардӣ кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки дар рӯзҳои ахир шуморе аз расонаҳои Афғонистон гузориш доданд, ки Фаришта Имодӣ, корманди Созмони Милали Муттаҳид дар яке аз минтақаҳои шаҳри Кобул аз сӯи афроди ношинос кушта шудааст.
Бархе фаъолони ҳуқуқи зан низ гуфтанд, ки Фаришта Имодӣ ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта ва ҷон бохтааст.
Бо ин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид дар бораи сабабҳо ва чигунагии марги ӯ ҷузъиёт ироа накардааст.
Мақомҳои Толибон низ то замони нашри ин хабар дар ин маврид изҳори назар накардаанд.
Ҳамлаи ИМА ба ҷазираи Кишм ва зарбаи Эрон ба Баҳрайн ва Кувайт
Эрон ва Амрико субҳи шанбеи 6 июн аз ҳамлаҳо ба нерӯҳо ва пойгоҳҳои якдигар хабар доданд.
Фармондеҳии марказии артиши Амрико мегӯяд, ки шаш мушаки партобшуда аз сӯи Эрон раҳгирӣ шуда ва мушаки ҳафтум ба ҳадафи худ нарасидааст. Ба гуфтаи СЕНТКОМ, дар ҳоли ҳозир ҳеч гузорише дар бораи осеб дидани низомиёни Амрико дар ин ҳамлаҳо вуҷуд надорад
Дар баёнияи Фармондеҳии марказии артиши Амрико омадааст, "нерӯҳои ИМА дар 5 июн чандин мушаки баллистикии эронӣ ва паҳподи партобшуда аз сӯи Эрон ба тарафи тангаи Ҳурмуз ва ҳамсоягонро раҳгирӣ карданд. Эрон чанд соат пас аз он, ки Фармондеҳии марказии ИМА чаҳор паҳподи интиҳории эронии партобшуда ба тарафи тангаи Ҳурмузро сарнагун кард, ҳафт мушаки баллистикӣ ба тарафи Кувайт ва Баҳрайн партоб кард. Ин паҳподҳо таҳдиди фаврӣ барои рафтуомади баҳрӣ дар минтақа эҷод карданд. Нерӯҳои ИМА ба дунболи он барои дифоъ дар баробари ҳамлаҳои баҳрии бештар, сайтҳои радари нерӯҳои баҳрии Эронро дар Горук ва ҷазираи Кишм ҳадаф қарор доданд".
Сипоҳи посдорони Эрон субҳи 6 июн бо нашри баёнияе эълон кард, ки дар пайи ҳамлаҳои артиши Амрико ба ҷазираи Кишм, пойгоҳҳои амрикоӣ дар минтақа мавриди ҳамлаҳои мушакӣ қарор гирифтанд.
Артиши Кувайт ҳам субҳи 6 июн эълон кард, ки системаи дифои ҳавоии ин кишвар дар ҳоли муқобила бо ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳбодӣ аст. Ҳамзамон, субҳи 6 июн Вазорати корҳои дохилии Баҳрайн аз фаъол шудани системаи дифои ҳавоии он кишвар хабар дод.
Хабаргузории "Франс-пресс" аз рух додани таркишҳо дар наздикии фурудгоҳи Кувайт ва ҳамчунин дар Баҳрайн хабар дод.
Тими миллии футболи Тоҷикистон Ҳиндро шикаст дод
Тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии Игор Ангеловский, мутахассиси 50-сола аз Мекодонияи Шимолӣ, дар бозии аввали дӯстона мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Ин бозӣ дар доираи рӯзҳои расмии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) шаби ҷумъаи 5-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури беш аз 10 ҳазор тамошобин баргузор шуд.
Дар ибтидои дидор, дар дақиқаи ҳаштум, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Шериддин Бобоев аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро боз кард. Голи дувумро ҳимоятгар Меҳрубон Каримов дар дақиқаи 62-юм аз ҷаримагоҳ бо зарбаи сар зад. Баъди панҷ дақиқа нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе низ аз ҷаримагоҳ голи севумро ба самар расонид.
Голи ягонаи меҳмононро Фаррух Ҳоҷӣ Қасам, бозигари мунтахаби Ҳиндустон, дар дақиқаи 89-ум ба дарвозаи мизбонон ворид намуд.
Дидор бо мунтахаби Ҳиндустон дар Турсунзода нахустин бозии тими миллии Тоҷикистон бо сарварии Игор Ангеловский дар мақоми сармураббӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар умум, ин бозии ҳаштум миёни мунтахабҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар тули 18 сол буд. Дар чаҳор бозӣ футболбозони тоҷик, дар ду дидор бозигарони ҳинду ғалаба кардаанд ва ду бозӣ мусовӣ шудааст.
Холид Ҷамили 49-сола аз Кувайт, ки вазифаи сармураббии тими миллии Ҳиндустонро ба зимма дорад, соли гузашта ҳам дастаашро ба Тоҷикистон оварда буд. Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” дар гурӯҳи «В», ки моҳи сентябри порсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд, аз тими миллии Ҳиндустон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.
Ҳарчанд мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард, коршиносону мухлисон аз ҳунарнамоии футболбозони тоҷик чандон хушҳол нашуданд. Зеро рақиб яке аз дастаҳои заиф буда, дар радабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) нисбат ба мунтахаби Тоҷикистон 33 зина поин, дар ҷойгоҳи 136-ум, қарор дорад.
Бозии дувуми дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистону Ҳиндустон рӯзи сешанебеи 9-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардида, соати 20:00 оғоз меёбад.
Бояд зикр намуд, бозиҳои дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон як марҳилаи омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мебошад. Рақибони футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «D» тимҳои миллии Австралия, Ироқ ва Сингапурнд, ки хеле қавианд. Австралия ва Ироқ дар Ҷоми ҷаҳон-2026 бозӣ хоҳанд кард ва ин аз сатҳи баланди онҳо шаҳодат медиҳад. Дарвоқеъ, мунтахаби Ироқ бозии дӯстонаро муқобили тими миллии Испания бо натиҷаи мусовии 1:1анҷом дод.
Бинобар ин, хуб мебуд тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона ё санҷишӣ рақибони пурқувватро интихоб мекард.
Ризо Вализода аз Амрико хост, "ёрии пизишкӣ кунед"
Ризо Вализода, хабарнигори пешини Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, дар як файли савтӣ ё садоӣ аз дохили зиндони "Эвин"-и Эрон аз ҳукумати Амрико хостааст, барои ӯ ва амрикоиҳои дигари маҳбус дар Ҷумҳурии Исломӣ "кумаки пизишкӣ фароҳам кунад".
Вализода дар ин файли савтӣ, ки Радиои Фардо онро дар ихтиёр дорад, гуфтааст: "Агар ҳатто дармони бемориҳои мо хостаи бузурге бошад, дастикам мешавад аз мақомоти эронӣ хост, ки на ҳамаи фишорҳои ҷисмӣ ва шиканҷаҳои равонӣ, балки ҳадди ақал бахше аз онро коҳиш диҳанд."
Вай ҳамзамон ба се шаҳрванди амрикоии дигар, ки дар зиндони "Эвин" ҳастанд, ишора карда, гуфтаааст, онҳо аз "бемориҳои гуногун ранҷ мебаранд ва аз хадамоти воқеии пизишкӣ маҳруманд."
Радиои Фардо натавонистааст ҷузъиёти марбут ба се амрикоии дигареро, ки Вализода мегӯяд дар зиндони "Эвин" ҳастанд, таъйид кунад.
Ризо Вализода пас аз даҳ сол кор дар Радиои Фардо, моҳи ноябри соли 2022, аз ин расона рафт. Пас аз муддате будубош дар хориҷ ба дидори наздиконаш ба Эрон баргашт ва моҳи октябри соли 2024 боздошт шуд. Наздиконаш гуфтаанд, Ризо Вализода ба як “доми амниятӣ” уфтод.
Худаш дар паёми охирин дар шабакаи “Х” навишта буд, ки бо Созмони иттилооти Сипоҳи посдорон музокироти нотамом дошт, аммо дар ниҳоят бе ягон замонатнома, на хаттӣ ва на шифоҳӣ, ба Эрон баргашт. Маълум нашуд, ӯ дар чӣ шароит ин навиштаро нашр карда буд.
Додгоҳи инқилоб дар Теҳрон, моҳи декабри соли 2024 Ризо Вализодаро бо иттиҳоми "ҳамкорӣ бо ҳукумати Амрико", ки Ҷумҳурии Исломӣ "душман" мехонад, гунаҳкор донист ва ду сол аз озодӣ маҳрум кард.
Шарҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи ҳалокати ду наврас
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳалокати ду наврасро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шарҳ дод.
Дафтари матбуотии Кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, бегоҳи 3-юми июн бародарон Билол ва Салмоншоҳ Ғафурзодаҳо дар деҳаи Дараи об ба нигоҳбини чорво машғул буданд, ки борони сахт борид.
Ба қавли манбаъ, Салмоншоҳ Ғафурзодаи 11-сола “ба бориши шадиди борон тоб наоварда, дар натиҷа аз карахтшавии бадан (сармозадагӣ)” дар чарогоҳ ба ҳалокат расидааст.” Бародари ин наврасро ба бемористон интиқол додаанд ва пизишкони аҳволи ӯро хуб гуфтаанд.
Мақомот гуфтанд, шомгоҳи 3-юми июн ҳамчунин Шамил Ҳошимзодаи 9-сола қурбони сел шуд. Ин наврас ҳамроҳи падараш дар чарогоҳ будааст ва мақомот мегӯянд, ҷасади ӯро як километр поёнтар аз ҷойи ҳодиса ёфтанд.
Дар бораи ҳалокати ин ду наврас нахуст Радиои Озодӣ 4-уми июн хабар дода буд.
Селу обхезӣ, ки баҳори имсол дар Тоҷикистон бисёр зиёд мушоҳида шуд, фақат дар моҳи май камаш 4 нафарро дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ҳалок кард ва панҷ каси дигарро захмӣ шуданд.
Боздошту ҳабси ду блогери тоҷик барои суханони таҳқиромез
Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ду блогерро барои вайрон намудани тартиботи иҷтимоӣ ва дашному ҳақорати ҳамсуҳбатон боздошт кардаанд.
Раёсати корҳои дохилии Хатлон дар хабарномае навишт, Абдуллоҳ Зарифзода, маъруф ба Идибеки Бохтарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пахши мустақим "мунтазам аз алфози қабеҳ, суханони таҳқиромез ва ибораҳои хилофи одобу ахлоқи ҷамъиятӣ истифода намуда, шаъну шарафи дигар шаҳрвандонро паст задааст".
Назари ин блогери 32-сола ба ҳарфҳои мақомот маълум нест. Пулиси Хатлон гуфтааст, Идибеки Бохтарӣ бо қарори додгоҳ ба панҷ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.
Навор дар Инстаграм:
Идибеки Бохтарӣ соли 2025 бо гуноҳи "истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият" ба як сол зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ дар як навор Абдулмаҷид Муминзода, раиси шаҳри Бохтар ва наздиконашро дашном дода, таҳдид кард, ки наворҳои онҳоро пахш мекунад.
Ҳамчунин рӯзи 4-уми июн пулиси Душанбе Рустам Ашӯров, блогери дигарро дастгир кард.
Дар хабарномаи Раёсати корҳои дохилии Душанбе омадааст, ин блогер "тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ навореро нашр намудааст, ки дар он амалҳои тарғибкунандаи талбандагӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба асъори миллӣ инъикос ёфтаанд”.
Додгоҳ Рустам Ашӯровро ба 10 шабонарӯз ҳабс маҳкум кардааст. Ҷузъиёти бештари ин иттиҳом ва ҳамчунин назари Рустам Ашӯров ба иттиҳом маълум нест.
Рустам Ашӯров соли 2019 ҳамроҳ бо се блогери дигар баъди пахши навор дар бораи занҳои "танфурӯш" боздошт шуда, баъдан афв шуданд.
Ин бори аввал нест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон блогеронро барои баддаҳонӣ ва дашному ҳақорати ҳамсӯҳбатон боздошт мекунад.
Сафорати Афғонистон дар Кувайт ба Толибон супурда шудааст
Сафорати Афғонистон дар Кувайт ба дипломатҳои ҳукумати Толибон супурда шудааст
Як манбаи огоҳ дар ҳукумати Толибон, ки нахост номаш ошкор шавад, рӯзи 4 июн ин хабарро ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ тасдиқ кард, аммо ҷузъиёти бештаре дар ин бора ироа накардааст.
Телевизиони хусусии "Тулӯъ" гузориш додааст, ки Шафиқ Хатиб, раиси консулӣ ва умури марзии Вазорати корҳои хориҷии Толибон, сарпарасти Сафорати Афғонистон дар Кувайт таъйин шудааст.
Мақомоти Кувайт то кунун дар ин робита чизе нагуфтаанд.
Пеш аз ин низ бештари кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, аз ҷумла, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, сафоратҳои Афғонистонро ба дипломатҳои Толибон вогузор карда буданд.
Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон Амирхон Муттақӣ ахиран гуфта буд, ки бо беш аз 40 кишвар робитаҳои дипломатӣ барқарор кардаанд.
Гурӯҳи Толибон дар моҳи августи соли 2021 бо сарнагунии ҳукумати Афғонистон ва фирори президент Ашраф Ғанӣ аз Кобул, ҳукуматро дар даст гирифт.
Ба ҷуз Русия, то кунун ҳеч кишвари дигар ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.
Парванда ба зидди зане, ки тифлашро бераҳмона задааст
Мақомоти интизомии Душанбе ба зидди як зани 24-сола парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки бераҳмии ӯ ба фарзандаш мардуми зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хашм овардааст.
Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бахусус дар Фейсбук мечархад, дида мешавад, ки ин зан чӣ гуна ба сари фарзанди яксолаи худ бераҳмона ва сахт бо мушт мезанад.
Раёсати умури дохилии Душанбе рӯзи 4-уми июн дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки ба зидди сокини шаҳр Мавлуда Бурҳонова бо иттиҳоми барқасдона осеби сахт расондан ба сиҳатии инсон ва ташкил кардани фоҳишахона парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Маълум нест, ҳодиса кай сурат гирифтааст, вале раёсат мегӯяд, ки баъди вокуниши сахти ҷомеа ҳувияти занро мушаххас ва ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ба иттилои Раёсати умури дохилӣ, Мавлуда Бурҳонова дар гузашта ҳам барои ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст.
Назари зан ба баёнияи мақомот рӯшан нест.
Дар шарҳи видеои муносибати бераҳмона бо кӯдак корбарони зиёде дар Фейсбук гуфтаанд, ки Мавлуда Бурҳонова бояд аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карда шавад. Бар асоси парвандае, ки боз кардаанд, эҳтимол фарзанди хурдсоли Мавлуда Бурҳоноваро аз ӯ гирифта, барои парасторӣ ба ихтиёри давлат диҳанд.
Латукӯб ё бераҳмона задани тифлони хурдсол дар гузашта ҳам зиёд дида шудааст ва Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ гуфтааст, соли гузашта 6 муроҷиат дар бораи зӯроварӣ ё задани кӯдаконро сабт кард. Дар ин гузориш омадааст, “ташвишовар аст, ки бештар шахсоне ба кӯдакон зӯроварӣ ё зулм мекунанд, ки тифлон онҳоро мешиносанд ё ба онҳо меҳр бастаанд.”
"Ду наврас ҷон бохт." Пайомади сел дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Бар асари омадани сел дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду наврас ҷон бохта, се каси дигар бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Ҳодиса пас аз зуҳри 3-юми июн дар деҳаи Шаҳрибарбари ин ноҳия ва замоне рух додааст, ки наврасон ба чарондани чорво машғул буданд.
Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рӯзи 4-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷонбохтагон Шамил Ҳошимзодаи 9-сола ва Салмон Ғафурзодаи 11-сола ҳастанд.
"Мардум наврасонро аз сел бароварда, ба шифохона бурданд. Ду нафар ҳалок шуда, се нафари бо осебҳои сахт дар бемористон ҳастанд," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Селу обхезӣ, ки баҳори имсол дар Тоҷикистон бисёр зиёд мушоҳида шуд, фақат дар моҳи май камаш 4 нафарро дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода кушт ва панҷ каси дигарро захмӣ кард.
Ҳавошиносони тоҷик ба мардуми кишвар ҳушдор додаанд, ки рӯзи 5-уми июн бахусус дар манотиқи кӯҳистонӣ эҳтиёткор бошанд, зеро хатари омадани сел зиёд аст.
Тоҷикистон, ки як кишвари кӯҳистонӣ аст, дар баробари селу обхезиву ярч ва ҳам хушксолӣ бисёр осебпазир аст ва солона дар натиҷаи ин фалокатҳои табиӣ даҳҳо миллион доллар зарар мебинад.
Ҳушдор аз хатари омадани сел дар минтақаҳои Тоҷикистон
Ҳавошиносони тоҷик ба мардуми кишвар ҳушдор додаанд, ки рӯзи 5-уми июн бахусус дар манотиқи кӯҳистонӣ эҳтиёткор бошанд, зеро хатари омадани сел зиёд аст.
Дар ҳушдори расмӣ, ки Идораи об ва ҳавошиносии Тоҷикистон нашр кард, гуфта мешавад, фардо мумкин аст, дар баъзе аз минтақаҳои ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Суғду Бадахшон борони зиёд борида, сабаби обхезӣ шавад.
Хатари селу обхезӣ аз ҷумла дар рӯдхонаҳои Зарафшон, Вахш, Панҷ ва рӯдхонаҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор пешбинӣ мешаванд. Ҳавошиносон дар ин рӯзҳо ба мардум ҳушдор медиҳанд, ки аз сафар ба маҳаллаҳои кӯҳӣ ва назди дарёҳои пуртуғён худдорӣ кунанд.
Селу обхезӣ, ки баҳори имсол дар Тоҷикистон бисёр зиёд мушоҳида шуд, фақат дар моҳи май камаш 4 нафарро дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода кушт ва панҷ каси дигарро захмӣ кард.
Тоҷикистон, ки як кишвари кӯҳистонӣ аст, дар баробари селу обхезиву ярч ва ҳам хушксолӣ бисёр осебпазир аст ва солона дар натиҷаи ин фалокатҳои табиӣ даҳҳо миллион доллар зарар мебинад. Дар аксар ҳолат ҳам мардуми зиёндида маҷбур мешаванд, хонаҳои нимавайронаи худро мустақилона таъмир ва ё бозсозӣ кунанд.
Омӯзгори латукӯбшударо ҷарима кардаанд
Додгоҳи ноҳияи Нуробод, Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгори латукӯбшударо 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1560 сомонӣ, ҷарима кардааст. Муҳимҷон Раҳмонов пештар ба Радиои Озодӣ шикоят карда буд, ки рӯзи 8-уми май бародари як хонанда ӯро задааст.
Ҳукм нимаи дувуми 3-юми июн содир шуда, додгоҳ ин омӯзгорро дар иҷро накардани ӯҳдадорӣ дар мавриди таълиму тарбияи кӯдак, гунаҳор кардааст.
Ба иттилои як манбаи огоҳ, омӯзгор дар додгоҳ "сухани дағал гуфтан" ба як хонандаро қабул кардааст, аммо гуфтааст, аз болои ҳукм шикоят мебарад.
Манбаи Радиои Озодӣ дар Додгоҳи ноҳияи Нуробод гуфт, Миралӣ Орзуев, касе, ки омӯзгорро латукӯб кардааст, ба панҷ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.
Додгоҳ ӯро дар майдаавбошӣ гунаҳкор кард. Ба иттилои манбаи огоҳи Радиои Озодӣ, Орзуев дар додгоҳ гуфтааст, омӯзгорро танҳо як шаппотӣ задааст.
Омӯзгор Муҳимҷон Раҳмонов ҳам ба ҳукми нисбати худаш содиршуда ва ҳам ба ҳукми Миралӣ Орзуев норозигӣ карда гуфтааст, аз болои он шикоят мебаранд.
Муҳимҷон Раҳмонов пештар ба Радиои Озодӣ шикоят карда буд, ки рӯзи 8-уми май бародари як хонанда ӯро задааст. Аммо Миралӣ Орзуев, бародари ин мактабхон дар як суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, омӯзгорро назадааст, балки танҳо суҳбат карданд.
Дар видеои суҳбати муаллим, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла "Фейсбук" васеъ паҳн шуд, Муҳимҷон Раҳмонов мегӯяд, фарде, ки ба ӯ дарафтод, ҳамчунин гуфтааст, "падару модаратро фалон мекунам" ва сипас "ба рӯям туф кард".