Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозигари тоҷик умрбод аз майдони футболи ҳирфаӣ ронда шуд


Абдуазиз Маҳкамов

Абдуазиз Маҳкамов, дарвозабони пешини дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки чаҳор соли ахир дарвозаи тими “Олой”-и Ӯши Қирғизистонро ҳимоя мекард, аз ширкат дар бозиҳои футболи ҳирфаӣ умрбод маҳрум шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Қирғизистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, кумитаи интизом ва ахлоқи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) чаҳор бозигари бошгоҳҳои футболи Қирғизистон - Курсанбек Шератов, Владимир Верёвкин, Иляз Алимов ва Абдуазиз Маҳкамовро аз футбол умрбод барканор кард.

Маҳкамов барои маслиҳати пинҳонӣ бо мақсади таъсир расондан ба натиҷаҳои бозиҳои бошгоҳи футболи “Олой” дар Ҷоми AFC дар мавсимҳои солҳои 2017 ва 2018 гунаҳкор ҳисобида шудааст.

Иштироки дарвозабони “Олой” дар бозиҳои бомаслиҳат бо далелҳо исбот карда шудааст. Вале то кунун мавқеи Абдуазиз Маҳкамов ба ин масъала маълум нест.

Ду бозигари дигари “Олой” Владимир Верёвкин ва Иляз Алимов инчунин Курсанбек Шератов аз бошгоҳи футболи "Дордой"-и Бишкек бо ҷурми "саҳм доштан" дар бозиҳои бомаслиҳати Ҷоми AFC муҷозот шудаанд.

Бо тасмими AFC онҳо то охири умр аз ҳаққи ширкат дар ҳамагуна фаъолияте, ки бо футбол бастагӣ дорад, маҳрум карда шуданд.

Абдуазиз Маҳкамов 5-уми июли соли 1987 таваллуд шудааст. Ӯ дар дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бозӣ кардааст. Моҳи марти соли 2016 ба бошгоҳи «Олой» гузаштааст.

Маҳкамов дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон нахустин бор 7-уми июни соли 2016 ба майдон омадааст. Ӯ дар тими миллии Тоҷикистон 12 бозӣ кардааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG