Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Толибон баъд аз кушта шудани бародари Охунзода


Ҳайбатуллоҳ Охунзода
Ҳайбатуллоҳ Охунзода

Толибони Афғонистон гуфтанд, ки кушта шудани бародари раҳбари онҳо дар бомбгузории рӯзи 16-уми август дар Покистон монеи музокироти сулҳ бо Амрико нахоҳад шуд.

Бино ба хабари расонаҳо, Ҳафиз Аҳмадуллоҳ, бародари хурдии Ҳайбатуллоҳ Охунзода, дар таркиши масҷиде дар Кветта кушта шудааст. Худи Охунзода ҳангоми таркиши бомба дар масҷид набудааст.

Як намояндаи Толибон рӯзи 17-уми август тавассути телефон ва аз як маҳалли номушаххас ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, "агар касе фикр кунад, ки шаҳодати раҳбарони мо монеи расидан ба ҳадафҳои мо мешавад, дар биҳишти дурӯғин зиндагӣ мекунад."

Ин намояндаи Толибон бо ишора ба музокироти сулҳ бо Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, "мо ба ҳадафи худ наздик ҳастем".

Дар таркиши рӯзи 16-уми август дар масҷиде дар Кветта беш аз чаҳор нафар кушта ва беш аз бист тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Касе масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Кохи Сафед хабар дод, ки президент Доналд Трамп рӯзи 16-уми август бо мақомҳои баландпоя дар бораи сулҳи Афғонистон мулоқот кардааст. Вашингтон мегӯяд, музокирот бо Толибон “идома меёбад”.

Амрико ният дорад, ки ба ҷанги тақрибан 18-сола дар Афғонистон поён диҳад. То кунун ҳашт даври музокироти сулҳи Амрико бо Толибон баргузор шудааст.

XS
SM
MD
LG