Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев мухолифони ҳукумати кунунии Қазоқистонро танқид кард


Нурсултон Назарбоев

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки моҳи марти имсол аз мақоми худ истеъфо дод, интиқодгарони ҳукумати кунунии кишварашро танқид кард.

Назарбоев рӯзи 21-уми август дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон гуфт, ҳамаи интихоботҳо дар муҳлате баргузор хоҳанд шуд, ки Конститутсия муайян кардааст.

Ӯ хост, ба суханони "мухолифони инфиродӣ"-е, ки интихоботи пеш аз муҳлати порлумониро пешниҳод доранд, посух дода шавад.

"Мо суханони мухолифони худ ва блогерҳоеро мешунавем, ки баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумониро пешниҳод доранд. Бояд ба ин баромадҳо имрӯз посух дода шавад. Далелҳои асоснок нест. Танҳо чун ҳамеша маҳкумкунӣ ҳаст. Вақте ҳукуматро танқид мекунанд, ба ҷуз аз суханҳои холӣ дигар чизе нест. Ҳадди ақал пешниҳод кунанд, ки чи бояд кард", - изҳор дошт Назарбоев.

​Президенти пешини Қазоқистон, ки аз унвони "элбасӣ" (пешвои миллат) ва ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдор аст, дақиқ нагуфт, ки манзури ӯ аз мухолифони инфиродӣ ва блогерҳо кӣ ҳаст. Ҳамчунин шарҳ надод, ки аз интиқодгарон кадом пешниҳодҳоро мунтазир аст.

Бар асоси Конститутсияи Қазоқистон, қарор аст, дар ин кишвар соли 2021 интихоботи порлумонӣ баргузор шавад.

Интихоботҳои пеш аз муҳлати президентӣ ва порлумонӣ дар Қазоқистон борҳо баргузор шудааст. Ягона интихоботе, ки дар Қазоқистон дар муҳлати муайяншуда баргузор шуд, интихоботи президентии соли 2005 аст. Пас аз қабули Конститутсияи Қазоқистон дар соли 1995 ягон интихоботи порлумонӣ дар муҳлати муайяншуда баргузор нашудааст.

Назарбоев соли гузашта ва ибтидои соли равон низ гуфта буд, ки интихоботи президентии кишвараш пеш аз муҳлат баргузор намешавад. Вале бар хилофи гуфтаҳои ӯ, интихоботи президентии ахири Қазоқистон рӯзи 9-уми июни соли равон пеш аз муҳлат баргузор шуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG