Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моғеринӣ: Аврупо барои ҳифзи созиш бо Эрон талош дорад


Федерика Моғеринӣ дар Финландия
Федерика Моғеринӣ дар Финландия

“Иттиҳодияи Аврупо барои ҳифзи созиши ҳастаии соли 2015 миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳон кӯшиш мекунад ва аз ҳар пешрафт дар ин замина истиқбол менамояд.” Ин нуктаро Федерика Моғеринӣ, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи 30-юми август дар нишасте дар Ҳелсинкӣ, пойтахти Финландия, баён дошт.

Ҳадафи баргузории ин нишаст талош барои ҳифзи тавофуқномаи ҳастаӣ ва гуфтугӯ дар мавриди амнияти киштиҳо дар Халиҷи Форс будааст.

Моғеринӣ дар ҳошияи нишаст ба хабарнигорон гуфт, нақш ва ҳифзи иҷрои пурраи тавофуқнома мавҷуд аст. “Кори мо барои ҳифзи риояи комили тавофуқи ҳастаӣ аз сӯи Эрон идома дорад. Агар чизи дигаре ба он изофа мешавад, хабари мусбате хоҳад буд,” – афзуд ӯ.

Қарор аст, Моғеринӣ дар талош барои ҳифзи созиши ҳастаӣ бо вазирони умури хориҷии Бритониё, Фаронса ва Олмон мулоқот кунад. Ин се кишвари аврупоӣ бар иловаи Чину Русия то ҳанӯз дар тавофуқномаи ҳастаии Эрон мондаанд.

Иёлоти Муттаҳида соли гузашта аз ин созиш бо Эрон хориҷ шуд ва тавофуқномаро бо хатари аз байн рафтан рӯ ба рӯ сохт.

Ҳамзамон бо нишаст дар Финландия, танишҳо дар тангии стратегии Ҳурмуз пас аз он шиддат ёфт, ки Эрон иқдомотеро барои нигоҳ доштани нафткашҳои ғарбӣ рӯи даст гирифт. Бритониё ба маъмурияти Иёлоти Муттаҳида барои ҳифзи амнияти киштиҳо дар Халиҷи Форс пайвастааст. Вале гуфта мешавад, баъзе аз кишварҳои аврупоӣ аз бими он ки мабодо пайвастани онҳо бо ин маъмурият танишҳоро афзоиш диҳад ва ё мумкин ҳатто ба даргирии мусаллаҳона сабаб шавад, майл нишон надодаанд.

XS
SM
MD
LG