Дар чанд ҷумла
Эрдуғон дар бораи харидани ҳавопаймои ҷангии Русия меандешад
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфтааст, Анқара дар мавриди ҳамаи интихобҳо, аз ҷумла харидани ҳавопаймоҳои ҷангии Русия фикр мекунад. Туркия мехоҳад, нерӯҳои ҳавоияшро тақвият бахшад ва замонавӣ кунад.
Иқдоми Амрико дар заминаи ба таъхир андохтани муомилаи фурӯши ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба Туркия сабаби ихтилоф миёни ду кишвар шудааст.
Эрдуғон рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, агар Иёлоти Муттаҳида ба мавқеаш дар ин замина идома диҳад, “аз худ мувозибат хоҳанд кард”.
Амрико пас аз он Туркия, муттаҳидаш дар созмони НАТО-ро аз барномаи тавлид ва харидани ҳавопаймоҳои “F-35” ҳазф кард, ки ин кишвар системаи мудофиаи ҳавоии “C-400”-ро аз Русия ба даст овард.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Эрон гуфтааст, гулӯгоҳи Ҳурмуз то поёни оташбас "пурра боз мемонад"
Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, дар замони оташбаси байни Лубнон ва Исроил гулӯгоҳи муҳими Ҳурмуз "пурра боз" хоҳад монд.
Аббос Ароқчӣ рӯзи 17-уми апрел дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт: "Дар пайи эълони оташбас дар Лубнон, убуру мурури тамоми киштиҳои тиҷорӣ аз тариқи тангаи Ҳурмуз барои боқимондаи давраи оташбас ба таври комил озод эълон мешавад."
Сипас Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар паёме бо ибрози "ташаккур" гуфт, муҳосираи бандарҳои Эрон то замони ба даст омадани созиши Вашингтон ва Теҳрон барои поён бахшидан ба ҷанг идома хоҳад ёфт.
"Эрон ҳамин ҳоло эълон кард, ки гулӯгоҳ комилан боз шудааст ва омодаи убуру мурури озодона аст. Ташаккур," – навишт ӯ.
Эрон дар охири моҳи феврал ва дар посух ба ҳамлаи Исроилу Амрико равуои киштиҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки иқтисоди ҷаҳонӣ аз ин гузаргоҳи борики обӣ вобастагии зиёд дорад, маҳдуд кард.
Навор дар Инстаграм:
Ин оброҳа Халиҷи Форсро бо Халиҷи Умон ва бо Уқёнуси Ҳинд мепайвандад. Соҳили шимолӣ аз сӯи Эрон ва соҳили ҷанубӣ аз сӯи Умон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ назорат мешавад.
Нуқтаи бориктарини гузаргоҳ наздики 33 километр паҳнӣ дорад. Долонҳои киштигард аз ин ҳам бориктаранд: 2-3 километр дар ҳар кадом самт. Ҳар рӯз ба воситаи он то 20 миллион бушка ё 20 дарсад аз нафти ҷаҳон ва наздик ба 30 дарсад гази моеъ мегузарад.
Арабистони Саудӣ, Ироқ, Иморот ва Қатар аз содиркунандагони асосии нафту газ тариқи гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳастанд. Ин маҳсулот ба Чин, Ҳинд, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва кишварҳои аврупоӣ фиристода мешаванд.
Ба иттилои хадамоти бритониёии амнияти баҳрӣ, то миёнаи моҳи март ҳудуди 25 киштӣ дар минтақа зарар дидаанд ё ба онҳо ҳамла шудааст. Бисёре аз ширкатҳои соҳиби киштӣ гардишро дар танга ё гулӯгоҳи Ҳурмуз манъ карда буданд.
Духтари Эмомалӣ Раҳмон баъди як соли мансабгирӣ номзади илм шудааст
Фарзонаи Эмомалӣ, духтари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли гузашта дар Вазорати тандурустӣ мансаб гирифт, унвони номзади илми тибро соҳиб шудааст.
Маркази матбуоти вазорат рӯзи 17-уми апрел бо нашри баёнияи расмӣ дар Фейсбук гуфт, ӯ номзадиро дар мавзӯи “Ҷанбаҳои муосири хидматрасониҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ба кӯдакон ва наврасон дар марказҳои саломатӣ” ҳимоя намуд.
Маълум нест, маросими дифои номзадии Фарзонаи Эмомалӣ кай ва чӣ гуна сурат гирифтааст.
Ӯ 27 сол дорад ва ба гуфтаи мақомот Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Академияи идораи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, 7 духтар ва 2 писар дорад ва мухолифон ӯро барои таъйини фарзандону хешовандонаш ба мақомҳои баланд танқид мекунанд.
Яке аз духтаронаш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президент ва писараш Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аст.
Рухшона Эмомалӣ, духтари дигари президент, сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолист. Шавҳари ӯ, Шамсулло Соҳибов, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ молики чанд ширкати калон зикр шудааст, ки тиҷорати сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои дигарро зери назорат дорад.
Парвина Раҳмонова ширкатеро назорат мекунад, ки ҳамагӣ дар шаш сол бо ёрии робитаҳои сиёсияш ба тоҷири пештози бозори доруи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ширкати "Сифат фарма" аз замони таъсисёбияш дар соли 2017 тендерҳои чандмиллиондолларии давлатиро аз худ мекунад ва шабакаи иборат аз қариб 20 дорухонаро дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, соҳиб аст. Шавҳари ӯ, Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб аст.
Зарина Раҳмон, духтари дигари президент Эмомалӣ Раҳмон, муовини аввали раиси "Ориёнбонк" аст. Раҳбарии “Ориёнбонк”-ро Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳур ба уҳда дорад.
Таҳмина Раҳмон, духтари дигари раисҷумҳур, ҳамроҳи шавҳараш Зарифбек Давлатов машғули тиҷоратанд.
Дар як задухӯрд дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ду кас кушта шудааст
Дар як задухӯрд дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ду кас кушта шудааст. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз онҳо “қочоқбарони маводи мухаддир аз Афғонистон” ном гирифт. Мавқеи тарафи дигар маълум нест.
Ҳодиса шаби 17-уми апрел дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон рӯй дода, як шаҳрванди дигари Афғонистон “бо истифода аз торикӣ фирор кардааст”.
Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороте се шаҳрванди Афғонистонро ба убури ғайриқонунӣ аз сарҳад муттаҳам кард.
“Қочоқбарон ба амри сарҳадбонон барои таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Аз ҷойи ҳодиса ҷасади ду қочоқбари афғон, ду “Калашников”, ду тирдон бо 35 дона тир, як камони шикорӣ ва ду борхалта бо 25 бастаи маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд,” – гуфта шудааст дар изҳорот.
Дар Оҷонси мубориза бо маводди мухаддир дар Тоҷикистон хулоса додаанд, ки маводи мусодирашуда дар марз бо Афғонистон “ҳашиш” аст ва вазнаш 25 кило.
Ҷониби Тоҷикистон дар пайванд ба ин ҳодиса бар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва ба дигарон додани лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда” парванда боз кардаанд.
Дар марзи тӯлонӣ ва назораташ гоҳе душвори Тоҷикистон бо Афғонистон зуд-зуд задухӯрд рух медиҳад. Мақомот аксари онҳоро "узви гурӯҳҳои террористӣ" ва "қочоқбари маводи мухаддир" меноманд. Тасдиқи мустақилонаи он аз манобеи дигар имконпазир нест.
Трамп гуфт, Исроил ва Лубнон ба оташбаси даҳрӯза розӣ шуданд
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки баъди суҳбати телефонӣ бо президенти Лубнон ва нахуствазири Исроил, ин ду кишвар аз шомгоҳи 16-уми апрел ба муддати 10 рӯз оташбас мекунанд.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social навишт, баъд аз суҳбатҳои ахир “ин ду раҳбар барои дастёбӣ ба сулҳ миёни кишварҳояшон” ба оташбас розӣ шудаанд.
Доналд Трамп афзуд, ба Ҷей Ди Венс, муовини раисиҷумҳур, Марко Рубио, вазири умури хориҷӣ ва Ден Кейн, раиси ситоди муштараки Амрико дастур додааст, ки “бо Исроил ва Лубнон барои дастёбӣ ба як сулҳи пойдор ҳамкорӣ кунанд.”
Раисҷумҳури Амрико дар паёми дигар аз раҳбарони Лубнон ва Исроил даъват кард, барои музокира ба Кохи Сафед раванд.
Баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар охири моҳи феврали имсол, гуруҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ҳамлаҳо ба хоки Исроилро оғоз кард. Артиши Исроил ҳам дар посух мавзеъҳои “Ҳизбуллоҳ”-ро бомбаборон намуд.
"Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ки як гурӯҳи ниманизомӣ аст, аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад ва Амрикову Исроил онро гурӯҳи террористӣ медонанд. Ин гурӯҳ дар порлумони Лубнон намояндагони худро дорад.
Таваққуфи ҳамлаҳо ба мавзеъҳои “Ҳизбуллоҳ” аз талабҳои асосии Эрон барои оташбас аст. Амрико ва Исроил эълон кардаанд, ки ин созиш шомили Лубнон намешавад.
Дар Русия аз ин баъд телефони муҳоҷиронро тафтиш мекунанд
Аз ин баъд марзбонони Русия ҳақ доштаанд, ки ҳангоми даромадан ба ин кишвар телефон, компютер ва дастгоҳҳои дигари электронии ҳар нафарро тафтиш кунанд.
Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия 16-уми апрел хабар дод.
Ба қавли манбаъ, дар сурати боз накардани дастгоҳ ва пешниҳод накардани он барои санҷиш, шаҳрванди хориҷӣ метавонад барои итоат накардан ба амри корманди мақомоти қудратӣ, ҷазо гирад.
"Барои чунин амал аз 5 то 7 ҳазор рубл ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 шабонарӯз пешбинӣ шудааст. Бо назардошти ин, ба шаҳрвандоне, ки ба Русия сафар менамоянд, тавсия дода мешавад, ки ин талаботро ба инобат гиранд, то ҳангоми гузаштани сарҳад ба мушкилот рӯ ба рӯ нашаванд",-омадааст дар хабарномаи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Мақомоти Русия пештар гуфтанд, ҳадаф аз тафтиши телефони муҳоҷирон, таъмини амният ва муқовимат бо ифротгароӣ аст.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, баъди ҳамла ба толори "Крокус" дар соли 2024, тафтиши телефон дар сарҳади Русия амри маъмулӣ шудааст.
Баъзе муҳоҷирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят карданд, ки баъди тафтиши телефон, онҳоро аз марз пас гардонданд.
Дар Тоҷикистон, ки бештар аз 10 миллион аҳолӣ дорад, дарёфти кору маоши муносиб осон нест ва ҳар сол садҳо ҳазор муҳоҷир ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, моҳи октябри соли 2025 дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба ин омор эътироз накард, вале ӯ соли 2022 гуфта буд, ки Тоҷикистон ин қадар муҳоҷири корӣ надорад.
Пардохти экологӣ аз ҳар тонна сӯзишворӣ 30 евро муқаррар шуд
Ҳукумати Тоҷикистон меъёри пардохти экологиро барои овардани маводи сӯхт муқаррар кардааст.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки Радиои Озодӣ 17-уми апрел бо он шинос шуд, минбаъд аз ҳар тонна бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ 30 евро пардохти экологӣ ситонида мешавад.
Дар санад омадааст, "пардохти экологии мазкур як маротиба зимни воридот бидуни минбаъд ситонидани маблағ барои истифодаи сӯзишворӣ", ситонида мешавад.
Ҷорӣ кардани пардохти экологӣ барои маҳсулоти нафтиро ҳафтаи гузашта Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон низ тасдиқ кард.
Феълан ҳангоми ворид кардан ба Тоҷикистон аз ҳар тонна маҳсулоти нафтӣ 70 евро андози аксиз ситонида мешавад.
Ба ин тартиб акнун аз ҳар тонна маҳсулоти нафтӣ 100 евро молиёт ё андоз мегиранд.
Дақиқ нест, ки 30 евро зам шудани пардохти нав барои ҳар тонна маҳсулоти нафтӣ ба нархи сӯзишворӣ дар дохили кишвар чӣ қадар таъсир мерасонад.
Тоҷикистон қариб ҳамаи сӯзишвории мавриди ниёзашро аз Русия ва Қазоқистон меорад.
"Беморон зиёданд." Дари як чойхонаро дар Панҷакент бастаанд
Дари бузургтарин чойхонаи шаҳри Панҷакентро бо сабаби риоя накардани қоидаҳои беҳдорӣ ва ба муштариён додани ғизои олудае бастаанд, ки даҳҳо нафарро бемор кардааст.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, рӯзи 6-уми апрел баъд аз хӯрдани кабоби мурғӣ даҳҳо муштарии чойхона шикамдард ва барои муолиҷа ба бемористон бурда шудаанд.
Кӯшиши мо барои суҳбат бо молики чойхонаи “Абубакр” то ин дам натиҷа надод. Чанд нафари наздик ба ӯ гуфтанд, ки “соҳибкор барои бозпурсӣ ба мақомот даъват шудааст”.
Маркази беҳдории вилояти Суғд рӯзи 16-уми апрел ҳодисаро тасдиқ кард, аммо дар як эъломияи расмӣ дар Фейсбук навишт, танҳо чаҳор кас мубталои бемории сахти меъдаю рӯда шудаанд.
Ин манбаъ афзудааст, дар шаҳри Панҷакент 25 нафарро бо аломатҳои беморӣ маълум карданд, аммо азбаски зарурате ба бистарӣ кардан набуд, онҳоро ба хона ҷавоб доданд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ дар минтақа, ки ба далели пеш наомадани мушкил номаш навишта намешавад, рӯзи 16-уми апрел гуфт, “беморон зиёданд ва вазъи чанде аз онҳо бад арзёбӣ мешавад.” Вай афзуд, “аксари онҳо аз дарди шикам шикоят кардаанд”.
Ҳамчунин, ба қавли мусоҳиби мо, ҳангоми санҷиш дар чойхонаи “Абубакр” “як қатор камбудҳо”, аз ҷумла риоя накардани қоидаҳои беҳдорӣ ошкор шудааст. “Биноан, то замони бартараф кардани камбудҳо фаъолияти ошхона боздошта шуд”, -- афзуд ӯ.
Чойхонаи “Абубакр” ду сол пеш дар Бозори марказии шаҳри Панҷакент боз шуд.
Бори аввал нест, ки шикояти сокинон аз хӯроки олуда дар баъзе ошхонаҳои Тоҷикистон расонаӣ мешавад.
Соли 2021 парвандаи як дӯкони мурғпазӣ дар шаҳри Хуҷанд то ба додгоҳ расид. Дар он сол додситонии Хуҷанд соҳиби дӯкони фурӯши кабоби мурғиро барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, ки боиси заҳролуд шудани дастикам бист нафар шуд, айбдор кард.
Эрон 4 тан аз эътирозгаронро ба эъдом маҳкум кард
Тибқи гузориши ду созмони мудофеи ҳуқуқи башар, мақомоти Эрон чаҳор ширкаткунандаи эътирозҳои моҳи январи имсолро ба марг маҳкум карданд, ки дар миёни онҳо як зан низ ҳаст.
Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар пештар эълон карда буданд, ки мақомот то кунун ҳафт нафарро дар пайванд бо эътирозҳо эъдом кардаанд. Дар ин эътирозҳо ҳазорон нафар кушта ва шумори зиёд низ боздошт ва мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.
Мудофеони ҳуқуқи башар борҳо Эронро муттаҳам кардаанд, ки дар пайи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар солҳои охир аз муҷозоти эъдом барои тарсонидани мардум истифода мекунад.
Гурӯҳи мудофеи ҳуқуқи башар HRANA қароргоҳаш дар Амрико ва Маркази Абдураҳмон Буруманд, қароргоҳаш дар Бритониё дар баёнияҳои ҷудогона гуфтанд, ки Шуъбаи 26-и Додгоҳи инқилоб дар Теҳрон чаҳор нафарро барои анҷоми фаъолиятҳо ба намояндагӣ аз Амрико ва "гурӯҳҳои душман" маҳкум кард.
Ҳанӯз маълум нест, ки ҳукм кай эълон шудааст.
Ин чор нафар барои иштирок дар эътирозҳои зиддиҳукуматии моҳи январ дар Теҳрон, сар додани шиорҳои эътирозӣ, партоби ашё ба сӯи нерӯҳои интизомӣ, осеб расонидан ба моликияти умумӣ ва захмӣ кардани як узви нерӯҳои ниманизомии Басиҷ, муттаҳам шуданд.
Аз онҳо Муҳаммадризо Маҷидиасл ва ҳамсараш Бито Ҳимматӣ ном бурда шудааст. Дигарон ду мард бо номҳои Беҳрӯз Замонинажод ва Куруш Замонинажод ҳастанд, ки дар ҳамон биное, ки Муҳаммадризо Маҷидиасл ва ҳамсараш ба сар мебурданд, зиндагӣ мекарданд.
Сенат тарҳи демократҳоро барои қатъи ҷанг бо Эрон напазируфт
Сенат, палатаи болоии порлумони Амрико, бори чорум тарҳи Ҳизби демократро барои қатъи ҷанг алайҳи Эрон рад кард.
Тарҳи аъзои Ҳизби демократ пешбинӣ мекард, ки то замони содир шудани иҷозат аз сӯи Конгресс, ҷанг дар Эрон бас шавад.
Аксарияти аъзои Сенат рӯзи 15-уми апрел аз талошҳои низомии президент Доналд Трамп ба зидди Эрон ҳимоят ва тарҳи пешниҳодии демократҳоро рад карданд. Ба тарафдорӣ аз тарҳ 47 нафар раъйи мувофиқ дода, 52 аъзои дигари Сенат мухолиф баромаданд.
Аз оғози ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон ин чорум бор аст, ки демократҳо чунин тарҳҳоро ба овоздиҳӣ мегузоранд ва ҳамаи ин тарҳҳо бо мухолифати ҷумҳурихоҳон рад мешавад. Аксар курсиҳои ҳарду палатаи Конгресс дар ихтиёри Ҳизби ҷумҳурихоҳ аст.
Ҷанг дар Ховари Миёна бо ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон дар таърихи 28-уми феврал оғоз ёфт. Ин ҷанг боис ба марги ҳазорҳо тан ва бехонаву ҷой шудани миллионҳо нафар дар Ховари Миёна шудааст.
Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун овардааст
Русия даҳҳо корманди нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр"-ро аз Эрон берун баровардааст, ки дар миёнашон 27 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.
Дар ин бора расонаҳои давлатии Русия аз қавли Андрей Жилтсов, консули генералии ин кишвар дар Исфаҳон хабар доданд.
Ба қавли манбаъ, ин 27 шаҳрванди Тоҷикистон дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд. Аммо дар бораи ин тоҷикистониҳо маълумоти бештар дар даст нест.
Ҳамчунин рӯзи 15-уми апрел 81 белорусӣ, чор арманистонӣ, се узбекистонӣ ва чанд шаҳрванди Қазоқистон ва Украина ҳам, ки дар нерӯгоҳи "Бушаҳр" кор мекарданд, аз Эрон берун оварда шудаанд.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, ин афродро аз тариқи замин ба Арманистон бурда, баъдан бо ҳавопаймо ба Русия интиқол додаанд.
Мақомоти Русия гуфтанд, дар умум 632 нафарро аз Эрон берун оварданд, ки дар миёнашон аъзои оилаи дипломатҳо низ ҳастанд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пештар аз ҳузури "200 мутахассис"-и Русия дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" хабар дода буд.
Нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" аз сӯи ширкати русии "Росатом" сохта мешавад. Ин ширкат аввали моҳи март ва дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон хабар дод, ки корҳои сохтмонӣ дар "Бушаҳр" қатъ шудаанд.
Талоши мақомоти тоҷик барои пешгирӣ аз тавлиди биткоин
Мақомоти Тоҷикистон барои ошкор кардани ҳолатҳои сохтани асъори рақамӣ ё биткоин, гурӯҳи корӣ таъсис додаанд.
Рустам Мирзозода, сардори Идораи оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар мақолае навиштааст, ҳадаф "ошкор намудани ҳолатҳои ҷой доштани тасарруфи нерӯи барқ" барои тавлиди асъори рақамии биткоин аст.
Ба навиштаи Мирзозода, кормандони Идораи сӯхторнишонӣ ва "Барқи тоҷик" барои пайдо кардани мавридҳои тавлиди асъори рақамӣ "дар корхонаву идораҳо корҳои профилактикӣ" мегузаронанд.
Ҳукумати Тоҷикистон овардани ҳамагуна дастгоҳи тавлиди пули рақамиро ба Тоҷикистон манъ кардааст. Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз даҳҳо мавриди дуздии барқ барои тавлиди асъори рақамӣ хабар дода буданд.
Тибқи омори Додситони кул Ҳабибулло Воҳидзода, соли гузашта аз ҳисоби коргоҳҳои пинҳонии тавлиди пули рақамӣ 38,7 миллион сомонӣ маблағи истифодаи барқ ошкор шудааст.
Дар Тоҷикистон сохтани пули рақамӣ иҷозат нест, чун мақомот мегӯянд, назорати комил бар ин намуд асъор вуҷуд надорад.
Трамп гуфт, нақша надорад, ки оташбасро бо Эрон тамдид кунад
Раисҷумҳури Амрико мегӯяд, нақша надорад, ки оташбасро бо Эрон тамдид кунад. Доналд Трамп рӯзи 14-уми апрел дар суҳбат бо телевизиони амрикоии ABC тахмин кард, ки “барои Эрон шояд созиш беҳтар бошад, то онҳо кишварашонро барқарор кунанд.”
Амрико ва Эрон 7-уми апрел ба оташбаси дуҳафтаина мувофиқат карда, сипас дар Покистон сари мизи музокирот нишастанд, аммо барои хатми ҷанг ба созише нарасиданд.
Президенти Амрико аз эҳтимол дур намедонад, ки дар як -ду рӯзи оянда даври нави музокироти ду ҷониб аз сар гирифта мешавад.
Ҷей Ди Венс, муовини президенти Амрико, низ рӯзи 14-уми апрел дар робита бо музокироти Иёлоти Муттаҳидаву Эрон изҳори назар кард. Ба қавли ӯ, беэътимодӣ миёни Вашингтону Теҳрон дар як шаб аз байн нахоҳад рафт.
Ӯ афзуд: "Самимона гӯем, баъди ин 49 сол миёни Эрону Амрико беэътимодӣ зиёд аст. Шумо наметавонед ҳамаи мушкилиҳоро дар як шаб ҳал кунед. Ба фикрам, мардум ҷамъ шуданду талош карданд, то созише ҳосил шавад. Медонед, президенти Амрико ба мо дастур дод, ки ба онҷо рафта, бо нияки нек гуфтушунид кунем. Мо ин корро анҷом додем. Мо ин корро идома медиҳем. Хуб, намедонем, ки чӣ пеш меояд."
Венс раҳбарии ҳайати Амрикоро дар даври аввали музокирот бо Эрон бар дӯш дошт. Ӯ ҳам мисли Трамп таъкид кард. ки Эрон шадидан аз созиш ҷонибдорӣ мекунад.
Дар ҳар сурат, баъд аз анҷоми музокироти ноком нерӯҳои мусаллаҳои Амрико муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро оғоз намудаанд.
СЕНТКОМ ё Ситоди марказии фармондеҳии Амрико, ки назорати амалиётро дар Ховари Миёна бар ӯҳда дорад, 14-уми апрел дар шабакаи "Х" навишт, ки тамоми равуо тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз қатъ шудааст.
Эрон аз оғози низоъ равуои киштиҳоро дар ин гулӯгоҳи стратегӣ, ки тавассути он то бист дарсади сӯзишворӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ содир мешавад, маҳдуд кард.
Ҷанг дар Ховари Миёна бо ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва амалиёти Исроил дар Лубнон дар таърихи 28-уми феврал оғоз ёфта, боис ба марги ҳазорҳо ва бехонаву ҷой шудани миллионҳо нафар шудааст.
"Гурӯҳи 24" пешниҳоди як додситони Русияро "сохта" номид
"Гурӯҳи 24" пешниҳоди додситони вилояти Ивановоро дар бораи "ифротгаро ва мамнуъ" донистани ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар ҳудуди Русия "беасос, сохта ва дорои ангезаи сиёсӣ" номид.
Андрей Жугин, додситони вилояти Иваново, дар як дархости расмӣ гуфтааст, "Гурӯҳи 24" пештар зидди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мебурд, "вале пас аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина ба зидди ҳукумати Русия кор мекунад." Русия ҷангро дар Украина амалиёти вижаи ҳарбӣ меномад.
Дилшод Шарифов, раиси "Гурӯҳи 24", рӯзи 15-уми апрел дар баёнияи расмӣ гуфт, "иттиҳомоти зикршуда ба воқеият мутобиқат накарда, бар пояи маълумоти нодуруст ва таҳрифшуда омода гардидаанд."
Вай афзуд, "Гурӯҳи 24" пас аз содир шудани қарори Додгоҳи Русия мавқеи худро "ба таври муфассал ва бо далелҳои иловагӣ шарҳ хоҳад дод".
Дар ду соли охир бори севум аст, ки мақомоти Русия шаҳрвандони Тоҷикистон ё созмонҳои марбут ба онҳоро ба ҳамкорӣ бо Украина муттаҳам мекунанд.
Додгоҳе дар Русия соли 2025 Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро бо баҳонаи онки дар бораи артиши Русия "хабарҳои дурӯғ паҳн кардааст", дар ғайбаш ба зиндон маҳкум кард. Худи ӯ иттиҳомро бофтаву сохта донист.
"Гурӯҳи 24" соли 2012 дар Русия таъсис ёфта, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Пайравонаш ин қарорро намепазиранд.
То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шудаанд. Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.
Додгоҳи олии Русия дар соли 2022 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро як созмони террористӣ эълон ва фаъолияти онро дар қаламраваш манъ карда буд.
Низомиёни тоҷик истифодаи паҳподро тамрин карданд
Мақомоти қудратии Тоҷикистон мегӯянд, дар як размоиши низомӣ аз паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишин васеъ истифода кардаанд.
Вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст, ки размоиши "Ҳамкорӣ-2026" “бо истифодаи васеи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин" дар шароити кӯҳсор баргузор гардид.
Ин размоиш аз 6 то 10-уми апрел дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон"-и вилояти Хатлон гузашт ва дар он роҳҳои нобуд кардани гурӯҳҳои силоҳбадасти сарҳадшикан дар шароити кӯҳсор тамрин шудааст.
Дар гузориши расмии Вазорати мудофиа омадааст, дар ин тамрин ҳавопаймоҳои бесарнишин барои маълум кардани макони душмани шартӣ ва "разведкаи ҳавоӣ" истифода шудаанд. Маълум нест, ки ин ҳавопаймоҳои бесарнишин аз кадом намуд ҳастанд.
Соли гузашта мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки дар як амалиёт бар зидди қочоқбарони афғонистонӣ аз ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода шудааст.
Гузоришҳо аз хариди ҳавопаймоҳои бесарнишин барои артиши Тоҷикистон солҳои гузашта низ садо дода буд, аммо мақомот ҳеч гоҳ ин хабарҳоро расман тасдиқ ё рад накардаанд.
Аз ҷумла, соли 2022 як мансабдори Қирғизистон гуфта буд, бо вуҷуди мухолифати ин кишвар, Туркия чанд ҳавопаймои бесарнишини "Байрақдор"-ро ба Тоҷикистон додааст.
Соли 2024 Тоҷикистон ва Туркия созишномаеро имзо карданд, ки бар асоси он Душанбе метавонад аз корхонаҳои Туркия таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои бесарнишин харидорӣ кунад.
Расонаҳои Эрон дар моҳи майи соли 2022 гузориш дода буданд, ки Теҳрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймои бесарнишини "Абобил-2" кушодааст. Ҳарчанд дар бораи ин корхона дигар ҳеч гоҳ маълумоте нашр нашуд.
Андози нав барои овардани сӯзишворӣ ба Тоҷикистон
Порлумони Тоҷикистон ҳуҷҷатеро тасвиб кард, ки бар асоси он минбаъд ҳангоми ворид кардани сӯзишворӣ ба кишвар молиёт ё андози нав ситонида мешавад.
Бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ, минбаъд дар вақти овардани маҳсулоти нафтӣ ва гази табиӣ ба Тоҷикистон пардохти экологӣ бояд супорида шавад.
Маблағи ин навъ молиёт ҳанӯз маълум нест. Мақомот танҳо гуфтаанд, ин маблағро воридкунандагони мол месупоранд.
Феълан ҳангоми ворид кардан ба Тоҷикистон аз ҳар тонна маҳсулоти нафтӣ 70 евро андози аксиз ситонида мешавад.
Тоҷикистон қариб ҳамаи сӯзишвории мавриди ниёзашро аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.