Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи паҳлавонони тоҷик дар раддабандии нави ҷаҳонӣ ва олимпии ҷудо


Беҳрӯзи Хоҷазода дар раддабандии инфиродии олимпӣ 18 зина боло рафт
Беҳрӯзи Хоҷазода дар раддабандии инфиродии олимпӣ 18 зина боло рафт

Мавқеи варзишгарони тоҷик дар раддабандии нави ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ, ки онро Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пас аз натиҷагирии мусобиқоти охирини қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио нашр кардааст, тағйир ёфт.

Ин мусобиқоти ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон дод, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд. Инчунин барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд.

Беҳрӯзи Хоҷазода, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ 7 зина боло шуд, бо 2222 имтиёз ҷойи 22-юмро касб намудааст. Ӯ дар раддабандии инфиродии олимпӣ 18 зина боло рафт ва бо 1488 имтиёз ҷойи 15-умро ишғол менамояд.

Сомон Маҳмадбеков низ дар раддабандии ҷаҳонӣ 7 зина боло шуд ва бо 1852 имтиёз дар ҷойи 31-ум қарор дорад. Вай мавқеашро дар раддабандии олимпӣ 17 зина беҳтар кард ва бо 1360 имтиёз дар ҷойи 20-ум мебошад.

Темур Раҳимов дар раддабандии ҷаҳонӣ 4 зина боло шуд ва бо 1798 имтиёз дар ҷойи 29-ум қарор дорад. Вай мавқеашро дар раддабандии олимпӣ 5 зина беҳтар намуд ва бо 1121 имтиёз дар зинаи 24-ум ҷойгир шудааст.

Шакармамад Мирмамадов дар раддабандии ҷаҳонӣ 10 зина боло рафт ва бо 959 имтиёз ҷойи 51-умро ишол менамояд. Мавқеаш дар раддабандии олимпӣ 23 зина беҳтар шуд ва бо 552 имтиёз ҷойи 42-юмро ишғол кардааст.

Комроншоҳи Устопириён дар раддабандии ҷаҳонӣ 2 зина поин шуд ва бо 3345 имтиёз ҷойи 15-умро азони худ кардааст. Вай дар раддабандии олимпӣ бо 1132 имтиёз дар ҷойи 23-юм қарор гирифтааст.

Акмал Муродов дар раддабандии ҷаҳонӣ 13 зина боло шуд ва бо 973 имтиёз дар ҷойи 53-юм мебошад. Ӯ дар раддабандии олимпӣ бо 638 имтиёз ҷойи 45-умро ишғол кардааст.

Саидҷалол Саидов дар раддабандии ҷаҳонӣ як зина боло шуд ва бо 846 имтиёз дар ҷойи 53-юм қарор дорад. Вай дар раддабандии олимпӣ бо 300 имтиёз дар ҷойи 64-ум қарор гирифтааст.

Хайёмиддин Ҷабборов мавқеашро дар раддабандии ҷаҳонӣ як зина беҳтар намуд ва бо 362 имтиёз ҷойи 116-умро ишғол кардааст. Ӯ дар раддабандии олимпӣ бо 233 имтиёз дар ҷойи 91-ум мебошад.

Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 то 25-уми майи соли оянда имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар намоянд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) моҳи июни соли 2020 раддабандии ниҳоии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио мешаванд.

Ба ин тартиб, дар ҳамин ҳол натиҷаҳои ба даст овардаи Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов барои гирифтани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио умедворкунанда аст. Ҳамчунин Акмал Муродов бо дарназардошти он ки ба ҳар як Кумитаи миллии олимпӣ дар ҳар вазн як роҳхат дода мешавад, довталаби роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 25-уми август то 1-уми сентябр дар пойтахти Ҷопон- Токио – доир гардид, бе медал монданд.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқоти пурнуфузи ҷаҳонӣ дар Токио 828 варзишгар (502 мард ва 326 зан) аз 142 кишвари панҷ қораи дунё ширкат дошт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳашт варзишгар шомил буд: - 66 кг – Хайёмиддин Ҷабборов, - 73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода, - 73 кг – Сомон Маҳмадбеков, - 81 кг – Акмал Муродов, - 90 кг – Комроншоҳи Устопириён, - 100 кг – Саидҷалол Саидов, + 100 кг – Шакармамад Мирмамадов, + 100 кг – Темур Раҳимов.

Аз байни онҳо ду нафар – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков - натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҳарду дар вазни зери 73 кило ҷойҳои панҷумро касб намуданд.

XS
SM
MD
LG