Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бе медал монданд


Сомон Маҳмадбеков

Паҳлавонони тоҷик аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 25-уми август то 1-уми сентябр дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио – доир гардид, бе медал бармегарданд.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқоти пурнуфузи ҷаҳонӣ дар Токио 828 варзишгар (502 мард ва 326 зан) аз 142 кишвари панҷ қораи дунё ширкат дошт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳашт варзишгар шомил буд: - 66 кг – Хайёмиддин Ҷабборов, - 73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода, - 73 кг – Сомон Маҳмадбеков, - 81 кг – Акмал Муродов, - 90 кг – Комроншоҳи Устопириён, - 100 кг – Саидҷалол Саидов, + 100 кг – Шакармамад Мирмамадов, + 100 кг – Темур Раҳимов.

Аз байни онҳо ду нафар – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков - натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Ҳарду дар вазни зери 73 кило аз ҳафт қувваозмоӣ дар панҷтоаш ғолиб омада, дар ду рақобат мағлуб шуданд. Барои медали биринҷӣ Беҳрӯз аз Денис Лартсев (Русия) ва Сомон аз Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) шикаст хӯрданд ва дар натиҷа ҷойҳои панҷумро касб намуданд.

Ду варзишгари дигари тоҷик – Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов – рӯзи шанбеи 31-уми август дар вазни беш аз 100 кило қувваозмоӣ карданд. Темур, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Александр Вахавяк (Беларус) дастболо шуд. Вале дар даври баъдӣ аз Гурам Тушишвили мағлуб гашт.

Шакармамад бошад, дар даври аввал бар Владислав Тсиарпитски (Беларус) ва дар даври дувум бар Бекмурод Олтибоев (Узбекистон) ғолиб омад. Вале дар даври баъдӣ аз Лукас Крпалек (Ҷумҳурии Чех), ки дар ин вазн ғолиб гардид, шикаст хӯрд.

Чаҳор паҳлавони дигари тоҷик – Хайёмиддин Ҷабборов, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов – дар аввалин рақобати худ шикаст хӯрданд. Ба ин тартиб, ҳамаи ҳашт гуштигири тоҷик ба Ватан бе медал бармегарданд.

Гуштигирон дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио барои 14 маҷмуи медалҳо (7 маҷмуъ миёни мардон ва 7 маҷмуъ миёни занон), инчунин, барои як маҷмуи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта мубориза бурданд.

Ин мусобиқоти ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон дод, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио дар рақобатҳои инфиродӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гаштанд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор доллар (20800 доллар - варзишгар ва 5200 доллар - мураббӣ), барои ҷойи дувум - 15 ҳазор доллар (12000 доллар - варзишгар ва 3000 доллар - мураббӣ), барои ҷойҳои севум - 8 ҳазордолларӣ (6400 доллар - варзишгар ва 1600 доллар - мураббӣ) супурда шуд.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ тақдим гардид. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор доллар (72000 доллар - варзишгарон ва 18000 доллар - мураббиён), барои ҷойи дувум - 60 ҳазор доллар (48000 доллар - варзишгарон ва 12000 доллар - мураббиён), барои ҷойҳои севум - 25 ҳазордолларӣ (20000 доллар - варзишгарон ва 5000 доллар - мураббиён) супурда шуд.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио мунтахаби Ҷопон бо касби 15 медал (4 тилло, 6 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ пешсаф шуд. Мунтахаби Фаронса бо касби 5 медал (3 тилло ва 2 биринҷӣ) - дар ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби Португалия бо касби ду медал (1 тилло ва 1 нуқра) дар ҷойгоҳи севум қарор гирифтанд. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Шведсия бо касби ду ҷойи панҷум дар байни 142 кишвар мақоми 26-умро ишғол карданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон-2019 дар Токио:

Мардон

60 кг
1. ЧХВИМИАНИ Лухуми (Гурҷистон)
2. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбекистон)
3, НАГАЯМА Рюҷи (Ҷопон)
3. СМЕТОВ Елдос (Қазоқистон)

66 кг
1. МАРУЯМА Ҷоширо (Ҷопон)
2. КИМ Лимҳван (Кореяи Ҷанубӣ)
3. АБЕ Ҳифуми (Ҷопон)
3. ВИЕРУ Денис (Молдова)

73 кг
1. ОНО Шоҳей (Ҷопон)
2. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
3. ЯРТСЕВ Дения (Рус)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)

81 кг
1. МУКИ Саги (Исроил)
2. КАССЕ Матиас (Белгия)
3. МАЙСУРАДЗЕ Люка (Гурҷистон)
3. ВАЛУА-ФОРТЕ Энтони (Канада)

90 кг
1. ВАН Т ЭНД Ноел (Нидерланд)
2. МУКАИ Шоичиро (Ҷопон)
3. КЛЕРГЕТ Аксел (Фаронса)
3. МАҶДОВ Неманҷа (Сербия)

100 кг
1. ФОНСЕКА Жорж (Португалия)
2. ИЛЁСОВ Ниёз (Русия)
3. КОРЕЛЛ Михаэл (Нидерланд)
3. ВОЛФ Аарон (Ҷопон)

+100 кг
1. КРПАЛЕК Лукаш (Ҷумҳурии Чех)
2. ҲАРАСАВА Ҳисаёши (Ҷопон)
3. КИМ Минҷонг (Кореяи Ҷанубӣ)
3. МЕЙЕР Рой (Нидерланд)

Занон

48 кг
1. БЕЛОДИД Даря (Украина)
2. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)
3. КРАСНИЧИ Дистрия (Косово)
3. МУНҲБАТ Урантсесг (Муғулистон)

52 кг
1. АБЕ Юта (Ҷопон)
2. КУЗЮТИНА Наталя (Русия)
3. КЕЛМЕНДИ Майлинда (Косово)
3. ШИШИМЕ Аи (Ҷопон)

57 кг
1. ДЕГУЧИ Криста (Канада)
2. ЁОШИДА Тсукаса (Ҷопон)
3. КОВАЛЧУК Юлия (Лаҳистон)
3. СИЛВА Рафаэла (Бразилия)

63 кг
1. АГБЕНЕНУ Кларисс (Фаронса)
2. ТАШИРО Мику (Ҷопон)
3. ФРАНССЕН Ҷуул (Нидерланд)
3. ТРАЙДОШ Мартина (Олмон)

70 кг
1. ГАҲИЕ Марие Еве (Фаронса)
2. ТИМО Барбара (Португалия)
3. КОНВЕЙ Селли (Британияи Кабир)
3. ПИНОТ Маргаукс (Фаронса)

-78 кг
1. МАЛОНГА Маделин (Фаронса)
2. ҲАМАДА Шори (Ҷопон)
3. АГУИАР Майра (Бразилия)
3. КУКА Лориана (Косово)

+78 кг
1. СОНЕ Акира (Ҷопон)
2. ОРТИЗ Идалис (Куба)
3. АСАХИНА Сара (Ҷопон)
3. САЙИТ Кайра (Туркия)

Ғолибон ва ҷоизадорон:
Дастаҳои омехта

1. Ҷопон
2. Фаронса
3. Русия
3. Бразилия

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки моҳи сентябр дар пойтахти Озарбойҷон – Боку - доир шуд, аз нӯҳ паҳлавони тоҷик ягон нафар натавонист медал ба даст биёрад. Аз миёни онҳо ду нафар – Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов - натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон то ҳоло медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG