Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишомӯзони низомиро дар Узбекистон иҷборан ба пахтачинӣ мебаранд


Сар аз 10-уми сентябр аз донишомӯзони Донишкадаи низомӣ-техникии Горди миллӣ, Академияи ВКД ва Донишкадаи олии низомии гумруки Узбекистон дар бораи иштироки довталабона дар пахтачинӣ забонхат мегиранд.

Донишомӯзон дар забонхат навиштаанд, ки дар сурати саркашӣ кардан аз иҷрои уҳдадориҳо "ба ҳама гуна муҷозот омода ҳастанд".

Дар ҳамин ҳол бархе аз донишомӯзон гуфтанд, ки ин гуна забонхатҳоро аз онҳо маҷбурӣ гирифтаанд ва ҳамакнун онҳо сар аз 15-уми сентябр ба ҷамъоварии пахта дар вилояти Сирдарё фиристода мешаванд.

"Фармонро роҳбари донишкада дод ва сардорони курс аз мо забонхат гирифтанд. Ба мо талқин карданд, ки дар забонхат чи нависем", - гуфт як донишомӯзи Академияи ВКД Узбекистон.

Дар забонхати донишмоӯз омадааст, ки: "Ман огоҳонида шудаам, ки бояд майдони пахтаро бидуни иҷозати роҳбарият тарк накунам ва бо сокинони маҳаллӣ ҳамгап нашавам. Ман, дар сурати иҷро накардани ин уҳдадориҳо, ба ҳама гуна муҷозот омодаам. Вазифадор мешавам, ки ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунам".

Мақомоти Академияи ВКД Узбекистон ҷамъоварии забонхатҳоро тасдиқ карданд.

"Ин фармон на аз роҳбарияти мо, балки аз "боло" содир шуд. Донишомӯзони мо соли гузашта ҳам ба ҷамъоварии пахта рафта буданд. Чӣ бадӣ дорад? Чунин меҳнат ба нафъи худи онҳо аст!", - гуфтанд аз раёсати Академияи ВКД.

12-уми августи соли ҷорӣ президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фиристодани хонандагони мактаб, донишҷӯён ва кормандони бахши буҷавиро ба саҳрои пахта манъ карда буд.

XS
SM
MD
LG