Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Озмоишҳои мушаки "Буревестник" дар Русия ноком буд


Русия сар аз соли 2017 ба ин тараф ҳадди ақал панҷ маротиба озмоиши мушаки дорои муҳаррики ҳастаии "Буревестник"-ро анҷом додааст, ки ҳамаи ин озмоишҳо ноком будаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNBC бо такя ба манобеи худ дар мақомоти иктишофии Амрико хабар дод.

Ба иттилои мақомоти иктишофии Амирко, тӯлонитарин парвози мушаки "Буревестник" 2 дақиқа ва камтаринаш - чаҳор сония будааст. Манобеи амрикоӣ мегӯянд, Русия талош дорад, такмили мушакро тезонад ва онро то соли 2025 "барои ҷанг омода кунад".

Бори аввал мушаки "Буревестник"-ро бо кулоҳаки ҳастаӣ президенти Русия Владимир Путин дар ҷараёни паёмаш ба Маҷлиси федеролӣ дар соли гузашта муаррифӣ карда буд. Гуфта мешуд, муҳаррики ҳастаӣ ба мушак парвози номаҳдудеро фароҳам оварда, он метавонад чандин рӯз дар фазо сайр кунад ва бо давр задани масирҳое барои низомҳои зиддимушакӣ ғайри қобили ташхис, ба нуқтаҳои зарурӣ дар ИМА бирасад.

Озмоиши нокоми "Буревестник"-ро ба таркиши 8-уми август дар полигони Нёнокси вилояти Архангели Русия рабт медиҳанд. Дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп 13-уми август дар Твиттер хабар дод.

Мақомоти расмии Русия тасдиқ намекунанд, ки таркиш ба ин мушак рабт дошт. Вазорати мудофиаи Русия танҳо гуфт, таркиш ба озмоиши моеъи муҳаррики ҳастаӣ рабт дошт.

XS
SM
MD
LG