Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сноуден аз Фаронса дархости паноҳандагӣ хост


Собиқ ҳамкори Оҷонсии амнияти миллии ИМА Эдвард Сноуден аз президенти Фаронса Эммануэл Макрон дархост кард, ки ба ӯ дар хоки кишвараш паноҳандагӣ бидиҳад. Сноуден, ки баъди фош кардани барномаи назорати пинҳонии сохторҳои иктишофии Амрико аз соли 2013 ба ин сӯ дар Русия зиндагӣ мекунад, дар садади нашри китоби хотироташ бо номи “Сабти доимӣ” (“Permanent Record”) мебошад. Рӯзи 16 сентябр дар як мусоҳибааш бо шабакаи “Inter radio”-и Фаронса Сноуден гуфт, ки “ҳимоят аз шахси фошкунандаи маълумот ҷиноят нест” ва ӯ, ба гуфтааш, метавонад дар Фаронса мавриди ҳимоят қарор бигирад.

Сноуден соли 2013 замони президентии Франсуо Оллан аз Фаронса дархости паноҳандагӣ карда буд, вале посухи рад гирифт. Ӯ чунин дархостро аз чанд кишвари дигар низ кардааст. Қарор аст китоби хотироти ӯ 17 сентябр дар 20 кишвар, аз ҷумла дар Фаронса нашр шавад.

Дафтари раёсатҷумҳурии Фаронса дархости Сноуденро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG