Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорӣ аз "ҳаракати Аблязов" боз як сокини Қазоқистонро ба додгоҳ бурд


Дар Додгоҳи ноҳияи Сариарқаи Қазоқистон рӯзи 16-уми сентябр баррасии парвандаи фаъоли мадание оғоз шуд, ки ба ҷонибдорӣ аз созмони мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" (ИДҚ) дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук айбдор мешавад.

Серик Жахини 60-сола аз 7-уми июни соли равон дар ҳабс аст. Зидди вай бо банди "иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Жахин гӯиё дар саҳифаи шахсии фейсбукияш пайваста дар бораи созмони мамнуи ИДҚ матлаб нашр мекардааст.

Вале вакили дифои ӯ Асел Тоқаева мегӯяд, ҳангоми таҳқиқи парвандаи шахси зери ҳимояаш ба қонуншиканӣ роҳ дода шудааст. Ба гуфтаи Тоқаева, Жахин намедонад, ки ба чӣ айбдор мешавад, зеро ба ӯ имкон надодаанд, ки бо парванда шинос шавад. Бинобар ин, аз додгоҳ хост, парванда ба додситонӣ бозпас фиристода шавад. Додраси парванда Ибрагим Алкенов ба Жахин ва вакили дифои ӯ то 26-уми сентябр муҳлат дод, ки бо маводи парванда шинос шаванд.

Худи Серик Жахин айби зиддаш эъломшударо рад мекунад. "Ин ҳуқуқи шахсии ман аст. Агар бознашри кадом матлаберо бихоҳам, ин кори ман аст. Ман танҳо назари худро баён кардам. Ман ба хотири кадом маҳдудиятҳое аз усули худ даст кашиданӣ нестам. Бинобар ин, худро гунаҳкор намедонам", - изҳор дошт вай.

Дар баробари Жахин сокинони шаҳри Нурсултон Акмарал Керимбоева ва Гулмира Холиқова низ ба "иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ" айбдор мешаванд.

Додгоҳи Қазоқистон ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон"-ро, ки аз ҷониби мухолиф Мухтор Аблязов таъсис шудааст, бо дархости Додситонии кулли ин кишвар 13-уми марти соли 2018 "экстремистӣ" эълом кард.

Гузоришҳои видеоӣ

"Мурдаҳоро шабона мегӯронем, то мардум набинад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00
XS
SM
MD
LG