Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон аз ҷашну маросими серхарҷ даст мекашад


Дар Узбекистон сар аз 1-уми январи соли 2020 қарори порлумон "Дар бораи танзими тӯй, маросимҳои хонаводагӣ, ҷашнҳо, маросимҳои азодорӣ" ба иҷро медарояд. Ин қарор рӯзи 14-уми сентябр қабул шуд.

Бар асоси ин қарор, маросимҳои хонаводагӣ танҳо як рӯз - аз соати 6-и субҳ то 11-и шом иҷозат дода мешавад. Ин тартибот ба маросимҳои гуру чӯб дахл надорад. Ба ҷуз ин, шӯрои ноҳиявӣ ва шаҳрии вакилони халқӣ метавонанд, муҳлати баргузории маросимҳоро танзим кунанд.

Дар ҳуҷҷат омадааст, ки дар маросимҳои хонаводагӣ ширкати то 200 одам иҷозат аст. Дар маросимҳои арусӣ иштироки то 250 одам иҷозат дода мешавад.

Соҳибони тӯй бояд дар бораи баргузории маросим як ҳафта қабл ба мақомоти маҳаллӣ хабар диҳанд. Барои иштирок дар гуселонидани арус на бештар аз 3 мошин иҷозат дода мешавад.

Бар асоси ин қарор, баргузор кардани чорабиниҳое, ки ба анъанаҳои миллӣ мухолифат доранд, манъ шудааст. Маросими "ҳафт", "бист", "чиҳил", "солгард" ва ғайра низ манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG