Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин Бонки исломӣ дар Тоҷикистон фаъол шуд. Чӣ гуна?


Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр ба "Тавҳидбонк" – нахустин бонки исломии Тоҷикистон – иҷозаи кор дод.

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон ният дорад, аз як сӯ бовари аздастрафтаи муштариёнро дубора соҳиб шавад ва аз тарафи дигар нияти ҷалби сармояҳои бештари кишварҳои исломиро дорад.

Бонки нахустини исломӣ дар Тоҷикистон дар заминаи "Соҳибкорбонк" таъсис ёфтааст. Саҳмдорони "Соҳибкорбонк" моҳи июни имсол барои гузаштан ба низоми бонкдории исломӣ ва ҳамин тавр тағйири ном қарор қабул карда буданд. Ҳамакнун ин муассисаи қарзӣ бо усули бонкдории исломӣ ба мизоҷон хидмат хоҳад расонд.

Таъсиси аввалин бонки исломӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки дар чаҳор соли ахир чанде аз бонкҳои маъмулӣ дар Тоҷикистон дучори мушкил шуда, дар пардохти амонати муштариён оҷиз монда, "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" – касод шуданд. Бовари муштариён ба низоми бонкӣ кам шуд ва ҳамакнун масъулони "Тавҳидбонк" бо такя ба боварҳои динии мардум умед доранд, ки муштарӣ пайдо мекунанд.

Гулрухсор Ҷонмаҳмадова, мудири як бахши "Тавҳидбонк", рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, интизори онро надоштанд, ки Бонки Миллӣ хеле зуд ба онҳо иҷозаи фаъолият медиҳад. "Мо замони баргузории нишасти хабариро ба охири моҳи сентябр дар нақша гирифта будем. Ҳоло танҳо инро гуфта метавонам, ки дар фаъолияти худ ҳама талаботи бонкдории исломиро риоя хоҳем кард", -- гуфт ӯ.

Бино бар хабари смонаи "Ахбор", муовини раиси "Тавҳидбонк" будани Муҳиддин Асадуллоҳзода, писари Ҳасан Асаддулоҳзода, раиси "Ориёнбонк" ва додараруси раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба зуд ҷараён гирифтани корҳои омодагӣ ва сабтиноми ниҳоди нав таъсир доштааст.

Мизони баҳраи қарзии бонкҳо дар Тоҷикистон хеле баланд аст ва қисме аз аҳолӣ бинобар ин аз гирифтани қарз худдорӣ меварзанд. Варшикаста шудани чанд бонк ҳам амонатгузоронро эҳтиёткор кардааст.

Ҳоло як қисме аз муштариён дар Тоҷикистон интизор доранд, ки бонки исломӣ шароити беҳтари молиявиро барои онҳо фароҳам мекунад.

Санавбар Пирова, сокини 45-солаи шаҳри Турсунзода, чанд сол боз орзу дорад, ки барои фарзандаш хона харад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, пули кофӣ надорад ва наметавонад аз бонк ҳам қарз бигирад. "Аз як тараф эътиқоди диниам иҷоза намедод, ки дар рибо даст дошта бошам. Аз тарафи дигар баҳраи қарзӣ хеле боло аст, зӯрам намерасад. Ҳоло мехоҳам аз бонки исломӣ бе баҳра қарз бигирам ва хона харам. Намедонам, то куҷо ҳақиқат аст ва кори моро осон мекунад", -- афзуд ӯ.

Мавзӯи роҳандозии низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистони дунявӣ тақрибан даҳ сол боз идома дорад. Меҳрубон Бурҳонов, коршиноси масоили бонкӣ мегӯяд, нахуст дар соли 2010 “Тоҷиксодиротбонк” аз ҳадафҳояш барои гузаштан ба ин навъи бонкдорӣ хабар дода буд. Аммо солҳо гузаштанду бӯҳрони шадиди бонкӣ дар Тоҷикистон ин ҳадафро аз зеҳнҳо бурд.

Бурҳонов дар посух ба ин суол, ки чӣ гуна дар ҷомеаи дунявии Тоҷикистон бонки исломӣ комёбӣ шавад, гуфт: "Тибқи Қонуни асосӣ Тоҷикистон кишвари дунявӣ аст, вале беш аз 90 дарсади аҳолӣ пайрави дини исломанд. Як сабаби камтар ҷалб шудани пасандозҳои мардум ба бонкҳо маҳз бовари мардум мебошад. Бисёре аз сокинон ба якдигар қарз медиҳанд, аммо аз додану гирифтани баҳра худдорӣ мекунанд."

Ба фарқ аз бонкҳои маъмулӣ, ҳиссаи даромади бонки исломӣ ва муштарӣ бар асоси шартномаи имзошуда муқаррар мешавад. Барои мисол, агар муштарӣ бо бонки исломӣ шартномаи 70 бар 30 имзо кунад, пас, 70 дарсади фоида барои муштарӣ ва 30 дарсади он ба бонк мегузарад. Аммо дар як вақт агар муштарӣ аз қарзи гирифтааш зарар бинад, 70 дарсади он бар уҳдаи худаш ва 30 дарсадаш бар уҳдаи бонк мешавад.

Яъне, дар бонкдории исломӣ ҳам фоида ва ҳам зарар байни бонк ва муштарӣ тақсим мешавад. Дар низоми бонкдории маъмулӣ бонк дар зарари муштарӣ шарик нест ва ҳатто дар сурати варшикаста шуданаш ҳам фоизи худро мерӯёнад.

Бонкҳои исломӣ бахусус дар пасманзари бӯҳрони ҷаҳонии соли 2008, ки як сабаби асосиаш қарзҳои бонкӣ гуфта мешуд, шӯҳрати зиёд пайдо карданд. Дар ҷараёни он бӯҳрон ба фарқ аз бонкҳои ғарбӣ, ки пайиҳам варшикаста мешуданд, бонкҳои исломӣ дучори мушкил нашуданд. Баъди он бӯҳрон, бисёре аз бонкҳои ғарбӣ ҳам дар таркиби худ бахшҳои алоҳидае боз карданд, ки бо меъёрҳои бонкдории исломӣ кор мекунанд.

Аммо чанде аз коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳамон тавре бархе аз сокинон тасаввур мекунанд, "бонкҳои исломӣ ниҳодҳои хайру садақа ва роҳи осони ба даст овардани қарз нестанд ва дар баробари қарз талаботи хеле сахт доранд".

XS
SM
MD
LG