Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони туркман хостанд додугирифт бо Қирғизистон бидуни доллар шавад


Александр Дадаев, раиси Иттиҳоди соҳибкорон ва саноатгарони Туркманистон дар ҷаласаи байниҳукуматии Комисияи ҳамкориҳои Туркманистону Қирғизистон пешниҳод кард, ки аз хариду фурӯш бо доллар даст кашанд.

Дар суханронии рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Бишкек Дадаев гуфт, доду гирифт байни ду кишвар бо манати туркманӣ ва соми қирғизӣ ба роҳ монда шавад. "Агар соҳибкории хусусӣ то соли 2008 ҳама 1% дарсад буд, ҳоло ба 64% расидааст", - афзуд Дадаев.

Ба фарқ аз Қирғизистон, ки асъори миллиаш бо асъори хориҷӣ озодона табодул мешавад, дар Туркманистон қурби манат қатъиян аз сӯи давлат танзим мегардад. Қурби расмии доллари ИМА дар Туркманистон аз соли 2015 ба ин тараф дар сатҳи 3,5 манат барои як доллар бе тағйир боқӣ мондааст. Аммо дар бозори сиёҳ 1 доллари ИМА 18 манат арзиш дорад, яъне панҷ баробар бештар аз қурби расмӣ. Ба ин далел, хариду фурӯш бо асъори миллӣ барои Қирғизистон зиёновар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG