Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси фаъолони маданӣ дар як қатор шаҳрҳои Қазоқистон


Дар шаҳрҳои Оқтеппа ва Чимкенти Қазоқистон рӯзи 18-уми сентябр чандин фаъоли маданӣ бо гумони нақзи қонуни баргузории ҷамъомад, роҳпаймоӣ ва тазоҳуроти осоишта ба ҳабс гирифта шуданд. Фаъолонро дар робита ба ҳамоишҳое ҳабс карданд, ки охирҳои моҳи август ва ибтидои моҳи сентябр баргузор гаштанд.

Додгоҳи Чимкент Ергалӣ Кулибоев, Абай Нахитов ва Нуржон Абилдоевро 5 шабонарӯз ва Нуржон Муҳаммадовро барои нақзи дувумбораи қонуни баргузории ҷамъомад ва тазоҳуроти осоишта 15 шабонарӯз ҳабс кард. Ҷониби айбдоркунанда мегӯяд, гуноҳи онҳо исбот шудааст, вале фаъолон аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.

Ин чаҳор фаъоли маданӣ рӯзи 25-уми августи соли равон дар боғи Абайи Чимкент ҷамъ омада, эътироз карданд, ки чаро президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба мақоми раҳбарии давлат номзадии Қосимҷомарт Тоқаевро пешбарӣ кард.

Онҳо ҳамчунин аз мақомоти қазоқ хостанд, ки "маҳбусони сиёсӣ"-ро озод кунанд. Фаъолон қаблан барои баргузории ин тазоҳурот аз мақомот дархости иҷозат карда буданд, ки посухи рад гирифтанд.

Додгоҳи Оқтеппа низ фаъолони маданӣ -- Берик Ногаевро ба муҳлати 5 шабонарӯз ва Жакил Абилгазулиро 3 шабонарӯз ба ҳабс гирифт. Ин ду фаъоли мадании қазоқ дар ҳамоишҳои эътирозӣ зидди иҷрои тарҳҳои муштараки Қазоқистону Чин иштирок карда буданд.

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон низ фаъоли маданӣ Олтин Бозорбойро 10 шабонарӯз ҳабс карданд. Бозорбой дар ҳамоиши эътирозии рӯзи 3-юми сентябр зидди тарҳҳои муштарак бо Чин иштирок кардааст. Вакили дифо ӯ -- Олга Энн гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Гузоришҳои видеоӣ

Гуфтанд ба мо. "Чӣ гуна мешавад "облава"-ро аз байн бурд?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00
XS
SM
MD
LG