Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби салоҳияти бештар ба Комисияи умури марзӣ дар Қирғиғистон


Бакит Торобоев, роҳбари ҷиноҳи порлумонии ҳизби "Онугуу-Прогресс" гуфт, ба Комисияи ҳукуматӣ дар умури марзӣ бояд салоҳияти махсус дода шавад. Вай афзуд, наздики 405 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳанӯз мушаххас нашудааст.

"Ҷониби Тоҷикистон дар асоси як харита кор мекунад ва даъво дорад, ки ин заминҳо онҳо аст. Қирғизистон харитаи дигарро пешниҳод мекунад ва даъво дорад, ки заминҳо аз мост. Баҳсу ҷанҷол ба ҳамин хотир сар мезанад. Ҳукумат барои пешгирии ин низоъҳо кор намекунад ва дар натиҷа тирпарронӣ мешавад. Мо бояд эътироф кунем, ки комисияи мо фаъолияти сареъ надорад", - гуфт Торобоев.

Вай ҳамзамон хабар дод, ки дар ҷаласаи пушти дарҳои бастаи порлумон масъалаи додани салоҳияти бештар ва ё махсус ба комисия баррасӣ шуд. Вале дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ин комисия ба оҷонсӣ ва ё кумита табдил хоҳад шуд ё на.

Порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 19-уми сентябр иттилои ҳукумати он кишварро дар бораи вазъи марз бо Тоҷикистон ва натиҷаҳои гуфтугӯро мешунавад. Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев ва сардорони ниҳодҳои масъул дар ин бора ба порлумон гузориш медиҳанд.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябр тирпарронӣ рух дод, ки дар натиҷа аз ҳарду тараф чаҳор марзбон кушта шуд. Як тан аз ҷониби Қирғизистон ва се тан аз ҷониби Тоҷикистон. Ҳамчунин аз ҳар ду ҷонб бештар аз 10 кас маҷруҳ гардид.

Дар поёни музокироти рӯзи 18-уми сентябр ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки сохтмони ҳар гуна иншоотро дар минтақаҳои баҳсӣ манъ кунанд.

XS
SM
MD
LG