Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OTF: Русияву Чин технологияи назорату сонсурро ба 110 кишвар содир мекунанд


Русияву Чин барномаҳо ва технологияи назорати иттилоъ ва сонсурро ба 110 кишвари дунё содир мекунанд. Дар ин бора дар гузориши нави "Тори ҷаҳонии назорати иттилоъ аз сӯи Русияву Чин" зикр шудааст. Ин гузоришро Бунёди амрикоии Технологияҳои боз (Open Technology Fund) нашр кард.

Назорати иттилоъ бештар ва муассиртар дар кишварҳое паҳн мешавад, ки низомҳои худкома ва бо Русияву Чин робитаи наздик доранд. Ин гуна технология дар кишварҳои шомили тарҳи "Як камарбанд - як роҳ" (модули Чин) ва кишварҳои созмони Иттиҳоди давлатҳои мустақил (модули Русия) паҳн мешавад.

Дар гузориш аз дурбинҳои назоратии мушаххаскунандаи шахсият, дастгоҳҳои рақамии пажуҳишӣ, пойгоҳи иттилоотӣ барои ҳукуматҳо ва технологияи шаҳри ҳушманд ё бехатар ёд шудааст.

Вазъи озодии баён ва ҳуқуқи башар дар ҷаҳон дар ҳоли бадшавӣ аст, омадааст дар гузориш. Ба бовари муаллифон, "кишварҳои демократӣ бояд монеи паҳншавии истифодаи худкомонаи технологияҳо шаванд ва ба ҷаҳон нишон диҳанд, ки зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти миллӣ мешавад, бидуни дахолат ба ҳаёти шахсӣ дар интернет ва эҷоди хатар ба амнияти рақамӣ, мубориза бурд".

XS
SM
MD
LG