Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео: Амрико ба думболи ташкили эътилоф барои сулҳ аст


Майк Помпео бо Муҳаммад бин Зайд, валиаҳди Имороти Муттаҳидаи Араб
Майк Помпео бо Муҳаммад бин Зайд, валиаҳди Имороти Муттаҳидаи Араб

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, пас аз ҳаводиси ахир дар Ховари Миёна кишвараш барои ташкили як эътилофи сулҳ талош мекунад. Помпео ин нуктаро рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат бо мақомҳои Имороти Муттаҳидаи Араб дар Абу-Забӣ баён дошт.

Помпео гуфт, "маъмурияти ман ташкили эътилоф барои расидан ба роҳи ҳалли сулҳомез аст. Ин чизе аст, ки раисиҷумҳури Амрико мехоҳад ва умедворам Ҷумҳури исломӣ низ мавзуъро ҳамин гуна бинад."

Бо ин ҳол Вазири умури хориҷаи Амрико таъкид кард, ки барои Доналд Трамп "иттилои муҳим"-е дорад, ки чигуна мешавад ба ҳамлаҳои ахир ба корхонаҳои нафтии Арабистон посух дод.

Помпео ҳамчунин ба суханони ахири Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон ҳам вокуниш нишон дод ва гуфт, ман барои музокираҳои дипломатӣ ба инҷо омадаам, вале "вазири хориҷаи Эрон дар ҳоли таҳдид ба ҷанги ҳамаҷониба ва идома додани он то охирин амрикоӣ аст."

Вазири корҳои хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи CNN таҳдид кард, ки агар алайҳи Эрон иқдоми низомӣ шавад, ба маънои ҷанги ҳамаҷониба хоҳад буд ва Арабистон бояд то "охирин сарбози амрикоӣ" биҷангад.

Майк Помпео ҳамчунин бо ин иддао, ки агар ба ҳукумати Эрон пул дода шавад, рафторҳояш "мусолиҳатомез" хоҳад шуд, мухолифат кард.

"Ин тасвири иштибоҳӣ аст. Эрон ҳамчунон дар ҳоли ҳимоят аз терроризм аст. Вашингтон мехоҳад бо монеагузорӣ аз расидани пул ба ҳукумати Эрон ҷилави кӯмаки ин кишвар ба Ҳизбуллоҳи Лубнонро бигирад,"-гуфт Майк Помпео.

Кашмакашҳо дар минтақаи Ховари Миёна пас аз ҳамлаи 14-уми сентябр ба бузургтарин маҷмааи истихроҷи нафти Арабистони Саудӣ, ба авҷи нав расидаанд.

Шӯришгарони ҳусии Яман, ки аз тарафи Эрон пуштибонӣ мешаванд, пештар гуфта буданд, дар паси ҳамла ҳастанд. Аммо Вашингтон ва Риёз рӯирост Теҳронро айбдор мекунанд. Мақомоти Эрон ин иддаоро бепоя хондаанд.

Ахиран давлати Арабистони Саудӣ дар номае ба Шӯрои амнияти Созмони миллал гуфтааст, силоҳҳои истифодашуда дар ҳамла ба корхонаҳои нафти ин кишвар "эронӣ ҳастанд" ва ин "як ҳамлаи террористии созмонёфта" буд.

Мақомоти Арабистон дар ин нома гуфтаанд, дар посух ба ин ҳамла "тибқи муқаррароти байналмиллалӣ" амал хоҳанд кард.

Антонио Гутерриш, дабири куллии Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ҳайате аз коршиносони ин созмон барои баррасии ҷузъиёти ҳамла ба корхонаҳои нафт ба Арабистони Саудӣ сафар кардааст.

Арабистони Саудӣ 18-уми сентябр порчаҳои бесарнишин ва мушакҳоеро намоиш дод, ки гӯиё нишон медиҳад, ин ҳамла "ҳатман аз ҷониби Эрон сарпарастӣ карда шудааст."

Аммо Теҳрон иттиҳоми даст доштан дар ҳамла ба корхонаҳои нафти Арабистонро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG