Дар чанд ҷумла
Падари Ҳувайдо ба сафорати Тоҷикистон дар Русия даъват шуд
Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ба падари Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки панҷсолаи тоҷик, ки соли гузашта дар Русия кушта шуд, дар таҳияи санад ва ҳимояи ҳуқуқҳояш дар додгоҳ кӯмак мекунад.
Ҳафтаи гузашта, 17-уми сентябр, Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдоро барои сӯҳбат ба сафорат даъват кардааст.
Ду ҳафта пеш, Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо дар муроҷиатномае аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки барои муҷозоти гумонбар дар қатли духтараш ба кумак ниёз дорад. Қазияи қатли Ҳувайдо дар Додгоҳи вилояти Маскав паси дарҳои баста мегузарад. Ба мурофиа танҳо вакилони мудофеъ ва падари Ҳувайдо роҳ дода мешаванд.
Дар хабарномаи сафорати Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба падари Ҳувайдо Тиллозода машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуд.
Қаблан, дар мурофиаи додгоҳӣ наздикони фарди муттаҳам дар қатли ин кӯдаки тоҷик даъво карданд, ки Абдусалом Саидов падари Ҳувайдо нест.
“Сафири Тоҷикистон таъкид кард, ки омодаанд, ҷиҳати дастрас кардани санадҳои лозим, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, санадҳое, ки барои шаҳрванди Тоҷикистон дар баҳси додгоҳӣ лозиманд, кӯмаки моддию ҳуқуқӣ расонанд”,--зикр шудааст, дар хабарномаи сафорат.
Қаблан, фаъолони ҷомеа барои таваҷҷӯҳи камтар ба ин қазия намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русияро интиқод карда буданд.
Аммо сафорат гуфтааст, ки аз аввал ин қазия зери назар буд ва барои одилона таҳқиқ шудани он ба ниҳодҳои дахлдори Русия мактуб кардаанд.
Муҳокимаи Александр Сёмин гумонбар дар қатли Ҳувайдо Тиллозода баъди беш аз як соли ҳодиса шуруъ шуд.
Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.
Ҷониби Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт ё нота фиристода ва хоста буданд, "тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбат ба ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад."
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
“Барои рафтан ба ҷанг маҷбур карданд.” Боздошти 50 хориҷӣ дар Қазон
Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, мақомоти Русия ҳудуди 50 хориҷиро, ки дар миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд, дар фурудгоҳи шаҳри Қазон (Тотористон) барои рафтан ба ҷанг маҷбур кардаанд.
Манбаъ бо такя ба саҳифаи "Осторожно, новости" дар Телеграм рӯзи 18-уми ноябр навишт, ин афрод се рӯз дар боздошт буда, бархе барои имзои қарордод бо Вазорати дифои Русия зери фишор қарор гирифтаанд.
Шумораи дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта нашудааст. Ба навиштаи "Осторожно, новости" дар Телеграм, ба шаҳрвандони Тоҷикистон шарт гузошта шудааст, ки барои рафтан ба ҷанги Украина қарордод имзо мекунанд ё онҳоро ба Маркази нигаҳдории муваққатӣ мебаранд.
Як тан аз дӯстони муҳоҷири ихроҷшуда гуфтааст, дӯсташ ба ин розӣ нашуд ва ӯро аз Русия берун карданд.
Шоҳидони ҳодиса ба "Осторожно, новости" гуфтаанд, ҳодиса як ҳафта пеш рух дод ва онҳоро се рӯз азият додаанд. Онҳо нақл кардаанд, ки рӯи фарши сард хобиданд ва барояшон хӯроки дуруст ҳам надодаанд.
Хадамоти матбуоти фурудгоҳи Қазон ба нашрияи маҳаллии InKazan гуфтааст, маълумоти нашршуда воқеият надорад. Маъмулан мақомоти Русия ба хабарҳои монанд чунин вокуниш мекунанд.
Аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо роҳҳои гуногун ба ҷанги зидди Украина ҷалб шудаанд. Хабари кушта ва нопадид шудани беш аз сад шаҳрванди Тоҷикистон расонаӣ шудааст.
“Зистан мехоҳам”, тарҳи давлатии Украина мегӯяд, исми беш аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро пайдо кардааст, ки бо артиши Русия қарордод баста, дар ҷанги зидди Украина иштирок кардаанд.
Путин баъди поёни сафараш дар Чин ба Душанбе меояд
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, баъд аз поёни сафараш дар Чин ба Тоҷикистон меравад.
Қарор аст, ӯ рӯзҳои 19 ва 20-уми ноябр бо президент Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кунад.
Юрий Ушаков, ёвари Путин, гуфт, раҳбарони Тоҷикистону Русия мавзӯъҳои "рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ" ва мушкилоти байналмилалӣ ва минтақаиро баррасӣ хоҳанд кард.
Ин боздиди дуюми Путин аз Тоҷикистон дар як соли охир аст.
Сафари серӯзаи раҳбари Русия дар моҳи октябри соли 2025 барои Тоҷикистон дардсисарсоз шуд.
Он вақт аз Душанбе ҳамчун узви Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ тақозо шуда буд, ки Путинро боздошт ва барои муҳокима супорад.
Тоҷикистон дар посух гуфт, ин корро карда наметавонад ва мавриди накӯҳиши зиёд қарор гирифт. Дар иваз Душанбе имсол ҷараёни беруншавии Тоҷикистонро аз Додгоҳи Байналмилалӣ оғоз намуд.
Дар зимн, раҳбарони Амрико, Чин ва Русия дар як эъломияи муштарак гуфтаанд, Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ва сохторҳои дигари монанд “набояд аз салоҳиятҳои худ суистифода кунанд”.
Нишасти якҷояи Доналд Трамп, Си Ҷинпин ва Владимир Путин рӯзи 19-уми ноябр дар Чин гузашт.
Ду духтару як писар. Таваллуди сегоник дар ноҳияи Рӯдакӣ
Як модари ҷавон дар ноҳияи Рӯдакӣ сегоник – ду духтару як писар – ба дунё овардааст.
Бино ба гузориши “Насими айём”, рӯзномаи расмии ноҳия, навзодон “баъди нигоҳубини зарурӣ бо вазъи хуби саломатӣ аз Шифохонаи марказии ноҳия ба хона ҷавоб дода шуданд.”
Меҳрона Аҳмадова, модари навзодон, сокини деҳаи Чорсӯ будааст ва ба гуфтаи табибон “ҳолаш хуб аст”.
Дар гузориш омадааст, ки навзодон тақрибан ду ҳафта пеш ба дунё омада, мақомоти расмии ноҳияи Рӯдакӣ ба табрики модари ҷавон рафтаанд.
Онҳое, ки ҷуфтро мешиносанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, падару модари тифлон донишҷӯ ва иҷоранишин ҳастанд ва зоҳиран ба ёрӣ эҳтиёҷ хоҳанд дошт.
Таваллуди сегоник бисёр кам иттифоқ меафтад ва дар Тоҷикистон дар чанд соли гузашта панҷ модар сегоник ба дунё овардаанд.
Дар гузашта дар Тоҷикистон таваллуди чаҳоргоник ва панҷгоник низ сабт шуда, дар баъзе маврид мақомот ба хонаводаи онҳо манзилу ҷиҳоз додаанд.
Як шашгонике, ки моҳи январи соли 2023 дар вилояти Суғд ба дунё омад, ҳамагӣ чанд соат умр дид.
Таҳқиқи нав дар бораи вазъи занони обистан дар Тоҷикистон
Як таҳқиқ дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки аз даҳ зан танҳо шаш нафар дар давраи бордорӣ ё обистанӣ пайваста зери назари пизишкон қарор мегиранд.
Пойгоҳи илмии Bioengineer хулосаи донишмандон аз Аврупо ва Тоҷикистон, аз ҷумла Тина Лаатикайнен, Меҳрӣ Шоисматуллоева, Адолат Нарзуллоева ва Дилрабо Юнусовро дар ин бора 16-уми ноябр нашр кард.
Муҳаққиқон гуфтаанд, дар моҳҳои март ва апрели соли 2023 корти тиббии 428 зан дар ҳафтаи 36-уми бордорӣ ва 393 зани дигар омӯхта шуд, ки ба зоишгоҳ бо нишонаҳои мушкилӣ дар давраи бордорӣ ё бо вазни сангини кӯдак дар батн оварда шудаанд.
Маълум гардидааст, ки ин занҳо аз назорат нагузашта, бемориҳое чун вазни бадан, фишор ва сатҳи глюкозаи хун боис ба пайомадҳои нохушоянде барои саломати модару кӯдак гардидааст.
"Дар ташхиси ибтидоӣ духтурон ҳарчанд фишори хуни беморро муттасил месанҷанд, аз ташхиси саривақтии нишондодҳои дигар худдорӣ мекардаанд. Чунин камбуд дар ташхисҳои маъмулӣ мавриди нигаронии ҷиддӣ аст," -- гуфтаанд донишмандон.
Фишори баланди хун ва ё баръакс камхунӣ аз намунаҳои душвории занон дар давраи бордорӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли 2026 наздик ба 122 ҳазор тифл ба дунё омад.
Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар як омори худ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон аз миёни ҳар 100 ҳазор модар ҳангоми таваллуд 24 нафар мефавтанд. Дар чанд маврид, ки Радиои Озодӣ низ дар бораи онҳо гузориш додааст, наздикони занони фавтида хатои пизишконро сабаби марги онҳо номбар кардаанд. Мақомот на ҳамаи ин даъвоҳоро мепазиранд.
Баррасии аҳволи Замин дар Туркия. Кишварҳо чӣ мехоҳанд?
Як нишасти Созмони Милал дар мавриди ҳифзи муҳити зист бо иштироки раҳбарони кишварҳои ғарбию аврупоӣ, инчунин, мухатассисони соҳаву фаъолон, ки 9-уми ноябр дар Анталияи Туркия оғоз шуд, ҳанӯз ҷараён дорад.
Ҳадафи ҷаласа ин аст, ки наздик ба 200 кишвари сайёра дар масоили муҳиме мисле дурнамои истифода аз нафту ангишт, маблағгузорӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд ва вокуниш ба ҳушдорҳои илмӣ дар бораи афзоиши ҳарорати сайёра ба як мувофиқа бирасанд.
Дар ин нишаст ҳайате аз ҳукумат ва фаъолони муҳитзистии Тоҷикистон ҳам ширкат доранд. Тоҷикистон, ки дар баробари селу биёбоншавӣ ва дигар пайомадҳои гармшавии иқлим осебпазир аст, барои иҷрои нақшаи миллии зистмуҳитияш, ба навиштаи “Азия-Плюс”, то соли 2035 ба беш аз бист миллиард доллар ниёз дорад. Вале дарёфти чунин ёриҳо то рафт душвортар мешавад.
Бунёдгузориши гурӯҳи экологии “Макони дурафтода” Тимур Идрисов рӯзи 17-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ҳеч қароре ба даст наомадааст ва аз рӯйи таҷрибаи солҳои пешин шояд дар охирин рӯзҳову соатҳои ҷаласа чизе ҳосил шавад.
“Тоҷикистон бо мақсади пешбурди масоили ҳифзи пиряхҳову захираҳои обӣ омадааст. Тоҷикистон ба ташаббуси Қирғизистону Қазоқистон ҳамроҳ шуд, ки мехоҳанд дар қарори ниҳоии ҷаласа як бахши ҷудогонае дар бораи кишварҳои кӯҳманзар ворид шавад, вале дареғ ин чиз дастгирӣ наёфт," -- афзуд ӯ.
Тимур Идрисов мегӯяд, кишварҳои пешрафта бояд то соли 2035 дастгирии кишварҳои нодор ва дар ҳоли рушдро то 120 миллиард доллар афзоиш диҳанд ва “аз ин рӯ, талош мекунанд, аз афзоиши хароҷот пешгирӣ кунанд.”
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ӯ, “мавқеи Тоҷикистон бисёр хуб аст, масъалаҳои вобаста ба пиряхҳову обро пеш бурда, талош дорад бо ёфтани сармоя ба мутобиқшавӣ рӯ оварад.”
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузории “Рейтерс”, ширкатдорони ҷаласаи Созмони Милал бояд то фарҷоми он дар рӯзи ҷумъа, 20-уми ноябр, ба қароре бирасанд, ки баёнгари иродаи аксар ширкатҳои ҷаҳон бошад.
Дар баррасӣ дастикам ду тарҳ аст. Як тарҳ мегӯяд, кишварҳои сайёра бояд розӣ шаванд, ки тадриҷан ба истифодаи сӯзишвории безарар гузаранд ва тарҳи дуюм мегӯяд, бояд якбора ва пурра аз истифодаи чунин мавод даст кашанд. Маълум нест, ба чунин як ҳадафе даст меёбанд ё на.
Як мавзӯи ҳалношудаи дигар пешниҳоди Туркия аст, ки мегӯяд, дар саросари ҷаҳон меъёри истифода аз барқ то соли 2035 то 35 дарсад расонида шавад ва ниҳоят, ёриҳои пулӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд барои мутобиқ шудани онҳо ба тағйироти иқлим ҳам бояд ҳалли худро ёбад.
Моҳи октябр дар як гузориши СММ таъкид шуд, ки сатҳи гармшавиии иқлими сайёра аз марзи 1,5 дараҷаи Селтсия гузаштааст ва ин ҳамон меъёре мебошад, ки имкон медиҳад, пайомадҳои сангини тағйироти иқлимро дар ин ҳад боздошт. Бо болотар шудани ҳарорати миёнаи сайёра оқибатҳо ҳам сангинтар мешаванд.
FT: "Русия аз содиркунанда ба воридкунандаи сӯзишворӣ табдил меёбад"
Русия дар моҳи октябри имсол ба миқдори рекордӣ ба воситаи роҳи баҳрӣ бензин ворид кардааст.
Маҷаллаи Financial Times бо такя ба маълумоти ширкати таҳлилии Kpler дар ин бора хабар дод.
Ин нашрия навишт, ки ҳамлаҳои паҳподҳои Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русия зарари ҷиддӣ расонда, боис ба коҳиши иқтидорҳои истеҳсолӣ дар ин кишвар шудаанд.
“Русия ба оҳистагӣ мавқеи худро аз як маркази бузурги содироти сӯзишворӣ ба бозори ҳарчи муҳимтари воридот табдил медиҳад. Ин як гардиши қобили таваҷҷуҳ аст,” – навиштааст Financial Times аз қавли яке аз таҳлилгарони Kpler.
Бино ба гузоришҳо, Русия сӯзишвориро тавассути роҳи баҳрӣ аз Марокашу Туркия, Ҳиндустон ва Миср мегирад. Ин кишвар ҳамчунин аз Беларус ва Қазоқистон сӯзишворӣ ворид кардааст.
Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва даргирии ду тараф аз он замон идома дорад. Маскав пайваста ниҳодҳои энержии Украинаро ҳадаф қарор медиҳад. Украина дар посух ҳамлаҳояшро ба корхонаҳои коркарди нафт ва анборҳои сӯзишворӣ дар Русия бештар намудааст.
Дидору гуфтугӯи Кристофер Ландау бо раисҷумҳури Тоҷикистон
Кристофер Ландау, муовини котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷии Амрико, бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кардааст. Ин мулоқот рӯзи 18-уми ноябр дар шаҳри Душанбе гузашт.
Ду тараф "ҳолати кунунӣ ва дурнамо"-и ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла дар бахши саноати кӯҳиро баррасӣ кардаанд.
"Рушди ҳамкории судманд бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори шарикии ду кишвар арзёбӣ гардид," – навиштааст дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Ҷонибҳо масъалаи мубориза бо ифротгароиву терроризм, таҳдидҳои сайберӣ ё киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа ва ҳамчунин ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзиро баррасӣ кардаанд, аммо дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти он дастрас нест.
Додугирифти Тоҷикистон ва Амрико зиёд нест, аммо Иёлоти Муттаҳида ҳар сол ба воситаи барномаҳои гуногун ба Душанбе миллионҳо доллар мадад мекунад. Соли 2025 ширкатҳои Тоҷикистону Амрико бо ҳам ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар созишнома имзо карданд.
Кристофер Ландау аз Тоҷикистон ба Туркманистон ва Туркия хоҳад рафт. Сафари ӯ ба ин се кишвар дар ҳолест, ки низои Амрико ва Эрон, як кишвари ҳамсояи Туркманистону Туркия ва шарики муҳими фарҳангию сиёсии Тоҷикистон поён наёфтааст.
Дар Вашингтон даъватҳо ба хатми ин низоъ ҳарчи баландтар садо медиҳанд. Маълум нест, оё ин мавзуъ дар суҳбати Кристофер Ландау бо раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам баррасӣ шудааст ё не. Ҳадди ақал дар хабарномаҳои расмӣ дар ин маврид ягон ишора нашудааст.
Муовини котиби давлатии Амрико дар Душанбе аз чӣ хоҳад гуфт?
Муовини котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико бо сафари корӣ ба Душанбе меояд.
Қарор аст, Кристофер Ландау бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва ҳам бахши хусусӣ дидору гуфтугӯ кунад.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар изҳороте гуфт, Ландау дар бораи тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон, рушди иқтисодӣ ва ҳуши маснӯӣ суҳбат хоҳад кард.
Бино ба ин изҳорот, дипломати баландпояи амрикоӣ инчунин дар бораи ҳамкорӣ дар бахши амнияту тандурустӣ, тиҷорат, ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва сармоягузорӣ барои “эҷоди фурсатҳои нав” изҳори назар мекунад.
Ландау баъд аз Тоҷикистон ба Туркманистону Туркия хоҳад рафт. Ин сафар то 20-уми ноябри идома мекунад.
Сафари Ландау ба ин се кишвар дар ҳолест, ки низои Амрико ва Эрон, як кишвари ҳамсояи Туркманистону Туркия ва шарики муҳими фарҳангию сиёсии Тоҷикистон поён наёфтааст.
Дар Вашингтон даъватҳо ба хатми ин низоъ ҳарчи баландтар садо медиҳанд. Дар барномаи расмии сафари Кристофер Ландау ҳеч ишорае аз эҳтимоли баррасӣ шудани мавзӯи низоъ бо Эрон ба чашм намерасад.
Ҳафтаи гузашта ҳукумати Амрико эълон кард, ки таҳрими баҳрии Эрон натиҷаҳои хуб медиҳад ва барои такмил намудани таҳрими Ҷумҳурии Исломӣ қатъ ё маҳдуд намудани вуруди молу коло ба воситаи дарёи Хазар ва марзҳои заминии шимоли Эрон аҳамият дорад.
"Сафари корӣ." Владимир Путин ба Тоҷикистон меояд
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки барои ҷанги тақрибан панҷсолааш дар Украина зери танқиду таҳримҳои зиёди байнулмилалист, бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия дар эъломияе гуфт, сафар бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 19-20 ноябр анҷом хоҳад шуд.
Ҷониби Тоҷикистон дар ин маврид ҷузъиёт надодааст.
Мақомоти Русия гуфтанд, “ду тараф рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни Русияву Тоҷикистон, инчунин, масъалаҳои байнулмилалӣ ва минтақаӣ”-ро баррасӣ хоҳанд кард.
Путин ва Раҳмон рӯзи 12-уми ноябр дар ҳошияи нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар Маскав низ дидору гуфтугӯ ва аз ҳамкориҳо ситоиш карданд.
Дар бештар аз чор соли охир дар бораи маҷбурӣ аз Русия ба ҷанги Украина бурда шудани ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон хабар расидааст, аммо мақомот дар Душанбе дар ин бора чизе намегӯянд.
Мунаққидон шеваи муносибати Маскав бо Душанбе, ба вижа тарзи бархӯрд ба муҳоҷирони корӣ ва озору азияти онҳо ва инчунин сукути мақомоти тоҷикро дар ин маврид танқид мекунанд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, моҳи октябри соли 2025 дар Тоҷикистон буд.
Он замон Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ, ки Путинро ба ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз минтақаҳои ишғолии Украина муттаҳам мекунад, аз Тоҷикистон хоста буд, ки ӯро дастгир кунад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ин дархостро иҷро накард ва чанде пеш вакилони порлумон узвияти кишварро дар ин додгоҳ қатъ карданд. Созмонҳои байнулмилал ин амали Тоҷикистонро таҳти танқид қарор доданд.
Эстония аз моҳи декабр гузаргоҳҳоро бо Русия мебандад
Эстония аз 1-уми декабри имсол гузаргоҳҳои сарҳадияшро бо Русия мебандад.
Вазири корҳои хориҷии Эстония ин тасмимро посух ба кӯшиши харобкорие донист, ки ба ақидаи Таллин, дар паси он Раёсати Асосии Иктишофии Русия (ГРУ) меистад.
"Русия бояд дарк кунад, ки рафтори душманона нисбат ба Эстония бе пайомад нахоҳад монд. Бастани гузаргоҳҳои марзӣ имкониятҳои Русияро барои пеш бурдани фаъолияти душманона дар Эстония кар ва имкониятҳои моро барои пешгирии нақзи таҳримҳо бештар мекунад," -- навишт Маргус Тсахкна.
Вай афзуд, дар бораи ин қарор аллакай шарикон дар Финландия, Латвия ва Литва огоҳ карда шудаанд.
Рӯзи 15-уми ноябр дар Эстония бо гумони кӯшиши оташ задани корхонаи Threod Systems, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин истеҳсол мекунад, ҳашт шаҳрванди Латвия боздошт шуданд.
Раҳбари Хадамоти амнияти дохилии Эстония Марго Палласон гуфт, идораи зиддиҷосусии кишвараш даст доштани Русияро дар ин ҳодиса тасдиқ кардааст.
Ба қавли ӯ, амалиётро Раёсати Асосии Иктишофии Русия ё ГРУ ҳамоҳанг мекард.
Аз ин пеш, рӯзи 15-уми август, дар корхонаи Milrem Robotics дар Таллин, ки мошини ҷангӣ истеҳсол мекунад ва бо Украина ҳамкорӣ дорад, сӯхтор сар зад. Бо гумони даст доштан дар сӯхтор ду кас боздошт шуданд. Эстония дар ин ҳодиса низ Русияро муттаҳам кард.
Идомаи ҳамлаҳои Русия ба Украина. Зеленский аз “шеваи махсус” гуфт
Бар асари ҳамлаҳои Русия ба Днепри Украина рӯзи 16-уми ноябр як нафар кушта ва се тан маҷруҳ шудааст. Дар ин бора раиси маъмурияти низомии Днепр хабар дод.
Пеш аз ин, дар натиҷаи ҳамлаи паҳподии Русия, чанде аз биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар Днепр зарар дида, як зан захмӣ шуда буд.
Аз ҳамлаҳои Русия дар Запорожйе як кас кушта ва ду тан захмӣ шудаанд.
Паҳподҳои Русия дар вилояти Одесса чанд иншооти зербунёдиро ҳадаф қарор дода, дар вилояти Харков 9 касро маҷруҳ кардаанд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, мегӯяд, нерӯҳои Русия тактика ё шеваи махсуси зарба задан ба минтақаҳои Украинаро таҳия кардаанд.
“Русҳо як минтақаро ҳамчун ҳадаф интихоб карда, чанд шабонарӯз маҳз ба онҷо зарба мезананд. Ба ҳама чиз, ба шабакаҳо ва зеристгоҳҳо. Аз оғози моҳи сентябр бештар аз ҳама зарбаҳо ва осебҳо маҳз дар вилояти Днепропетровск сабт шудаанд: 131 маврид. Дар вилояти Киев 125 маврид. Зиёда аз сад мавриди бархӯрд дар вилоятҳои Житомир ва Суми сабт шудааст,” – афзуд Зеленский.
"Парастиши як шахс." Танқиди як гурӯҳи мухолиф аз Рӯзи президент дар Тоҷикистон
Як созмони мухолифи ҳукумат шеваи таҷлил аз Рӯзи президентро дар Тоҷикистон сахт танқид карда, гуфтааст, мақомоти расмӣ онро ба баҳонаи дигаре барои парастиши шахси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон табдил додаанд. "Ин ҷашн на ҷашни институти президентӣ, балки маросими парастиши як шахс аст," – навиштааст "Гурӯҳи 24" дар баёнияи худ.
16-уми ноябр дар Тоҷикистон рӯзи президент эълон шудааст ва дар остонаи он сиёсатмадорону мақомоти расмӣ бо нашри гузоришу суҳбатҳо Эмомалӣ Раҳмонро васф карданд.
Дар муддати камтар аз се рӯз танҳо хабаргузории давлатии “Ховар” дар бораи ӯ тақрибан даҳ мақола гузоштааст. Аз ҷумла, Гулафзо Савриддинова, яке аз вакилони собиқи мардумӣ, дар суҳбат бо ин расонаи давлатӣ ва бо ишора ба ҷанги дохилии солҳои 90 гуфтааст, “Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дод.”
Қобилҷон Хушвахтзода, раиси Академияи миллии илмҳо, ки дар гузашта аз сӯйи пойгоҳи ифшогари "Диссернет" ба асардуздӣ муттаҳам шуда буд, президент Раҳмонро “асосгузори истиқлоли воқеии Тоҷикистон” номидааст.
Аммо “Гурӯҳи 24”, ки пайравонаш дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор доранд, рӯзи 15-уми ноябр бо нашри як баёния гуфт: “Дар шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳои расмӣ ва толорҳои бошукӯҳ суханрониҳо дар бораи “наҷотдиҳанда” ва “бунёдгузори сулҳ” авҷ мегиранд. Аммо агар пардаи таблиғоти давлатиро бидарем ва ба китобҳои таърих ва санадҳои ҳуқуқӣ назар андозем, як ҳақиқати талх ошкор мешавад, ин ҷашн на ҷашни институти президентӣ, балки маросими парастиши як шахс аст, ки таърихи пеш аз худро аз хотираи ҷомеа пок карданӣ аст.”
Ҷунбиши мухолифи "Гурӯҳи 24” Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев, раҳбаронпи пешини Тоҷикистонро намуна овардааст, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта муддате раисҷумҳур буданд ва пурсидааст, ки чаро номи онҳоро ба забон намеоранд. Дар баёния омадааст, мақомот дар Тоҷикистон мехоҳанд “вонамуд кунанд, ки гуё Тоҷикистон то омадани Эмомалӣ Раҳмон ҳеч гуна низоми президентӣ надошт ва ҳама чиз аз сифр оғоз шуд.”
Агарчӣ нақши Эмомалӣ Раҳмонро, ки бештар аз 30 сол боз раҳбари Тоҷикистон аст, дар нигаҳ доштани субот дар кишвар кам намедонанд, мухолифону мунтақидон ва кишвару созмонҳои ғарбие чун Amnesty International, Freedom House ва Human Rights Watch ӯро солҳои охир барои саркӯби дигарандешон, поймоли ҳуқуқи мардум, тамаркузи қудрат дар дасти хешовандон ва атрофиёнаш танқид мекунанд.
"Гурӯҳи 24"-ро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов соли 2012 дар Русия бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2014 "Гурӯҳи 24"созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон кард. Пайравонаш ин қарорро намепазиранд. То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шудаанд.
"Як кӯдак ҷон бохт." Нозири БДА дар маркази садамаи марговари Данғара
Додситонии ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон тасодуф ё садамаи нақлиётиро, ки боис ба марги як хонандаи мактаб шудааст, таҳқиқ дорад. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 12-уми ноябр дар деҳаи Ёхсу рух дод, Тавфиқ Одинаев, нозири Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, гумонзад аст.
Як шоҳиди ҳодиса, ки бо далели амниятӣ нахост номаш фош шавад, рӯзи 16-уми ноябр ба Радиои Озодӣ иддао кард, ки "ӯ ҳангоми таъқиби як мошин дар минтақаи аҳолинишин ба садама дучор шуд. Бо суръати баланд аз паси мошине мерафт, ки ба амраш итоат накарда буд."
Як мақоми наздик ба тафтишот, ки барои пеш наомадани мушкил дар кораш, нахост номашро нависем, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳодисаро тасдиқ кард, аммо гуфт, "Тавфиқ Одинаев ягон мошинро таъқиб намекард, балки дар сафари хидматӣ буд." Мусоҳиби мо дар бораи сафари хидматӣ ва садама ҷузъиёт надод.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Додситонии ноҳияи Данғара дар пайванд ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, Тавфиқ Одинаев муваққатан аз кор берун карда шудааст.
Радиои Озодӣ шумораи телефони ӯро пайдо кард ва рӯзи 16-уми ноябр чанд бор занг зад, аммо гӯшияш хомӯш буд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки одатан дар бораи садамаҳои нақлиётӣ зуд хабар медиҳад, бо гузашти чор рӯз дар бораи ҳодисаи Данғара иттилое нашр накардааст.
Ду манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, ки номашон ба далели амниятӣ фош намешавад, Тавфиқ Одинаевро яке аз наздикони сарҳанг Суҳроб Қурбонзода, раиси пешини Бозрасии Давлатии Автомобилӣ номбар карданд. Қурбонзода соли 2023 дар пайи тасодуфҳои мудҳиш дар роҳҳои кишвар аз мақом ронда шуд ва ҳоло муовини сардори Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд аст.
Ҳамарӯза дар роҳҳои Тоҷикистон дар садамаҳои нақлиётӣ даҳҳо нафар захмӣ ё кушта мешаванд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол дар тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ 287 кас ҷон бохта, 508 кас ҷароҳат бардоштаанд.
Суръати баланд, беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракат, мошинҳои куҳна ва роҳҳои ноҳамвор сабаби тасодуфи нақлиётӣ ва маргумири зиёд дар роҳҳои Тоҷикистон гуфта мешавад. Беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ аз сабабҳои дигари ин мусибатҳо арзёбӣ мешавад.
Ҳукми як ҷавон дар Самарқанд барои таблиғи таронаҳои мазҳабӣ
Суннатулло Акбаров, сокини шаҳри Самарқандро барои паҳн кардани марсия ё сурудаҳои динӣ, ки мақомоти Узбекистон "таҳдид ба амният ва тартиботи ҷамъиятӣ" хондаанд, панҷ сол аз озодӣ маҳрум кардаанд. Акбарови 22-сола аз пайравони мазҳаби шиа номбар мешавад. Дар ин бора бунгоҳи "Forum 18", ки масоили мазҳабиро бозтоб медиҳад, рӯзи 13-уми ноябр хабар дод.
Ҳукмро Додгоҳи парвандаҳои ҷиноӣ дар Самарқанд моҳи октябри имсол содир кардааст. "Forum 18" навиштааст, Суннаталуо Акбаров бо ҳукм розӣ нест ва бозбинии онро хоста буд, аммо додгоҳ дар мурофиае аз 3-юми ноябр қарорашро бетағйир гузошт.
Қаблан додрас Азиз Лазизов гуфта буд, ки "ин ҷавон таронаҳои ифтрогароёна гӯш кардааст ва сазояш маҳрумӣ аз озодист.” Вале ӯ ба суоли он ки чаро гӯш кардани таронаҳои мазҳабӣ ҷинояти вазнин шумурда мешавад, посух надодааст.
“Forum 18” мегӯяд, сухан дар бораи марсия ё таронаҳои азодории шиамазҳабон меравад, ки гуё Суннатулло Акбаров дар саҳифаи ҳамандешонаш дар Телеграм гузоштааст. Кумитаи дини Узбекистон дар як хулосаи осемасарона гуфтааст, ин саҳифа дар Телеграм “фаъолият ва таълимоти гуногуни носанҷидаро ташвиқ мекунад”.
Шаҳрзод Исроилов, як пайрави мазҳаби шиа, дар суҳбат бо бунгоҳи “Forum 18” гуфтааст, баъзе аз марсияҳоро ӯ ба Суннатулло Акбаров фиристода буд, вале “дар онҳо ба тундравии динӣ ё фаъолияти зидди мақомоти Узбекистон даъвате нашудааст.” Исроилов аз соли 2021 ба далели фишори афзояндаи мақомоти Узбекистон дар берун аз кишвар қарор дорад.
Аксар сокинони Узбекистон суннӣ ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. Ҳамзамон дар ин кишвар камшуморони шиа низ кору зиндагӣ мекунанд.
Маъмурони пулиси Узбекистон тобистони соли 2025 шаш пайрави мазҳаби шиаро дар Самарқанд боздошту бозпурсӣ ва сипас раҳо карда, моҳи октябри ҳамон сол Анвар Алиевро чор сол шартан аз озодӣ маҳрум намудаанд.
“Forum 18” мегӯяд, пулис дар охири моҳи августи имсол хонаи волидони Сӯҳроб Комил ва Шаҳрзод Исроилов, ду пайрави мазҳаби шиаро, кофтукоб кардааст. Мақомоти Узбекистон ин қазияҳоро шарҳ надодаанд.
Мулоқоти Зеленский бо фиристодаҳои ИМА пас аз дидори онҳо бо Путин
Мулоқоти президенти Украина Владимир Зеленский шоми 12-уми ноябр бо фиристодаҳои раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар шаҳри Дублин ва ҳангоми бозгашти онҳо аз Маскав баргузор шуд.
Фиристодаи вижа Стив Виткофф ва домоди Трамп - Ҷаред Кушнер пештар дар Маскав бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот доштанд ва аз он қабл дар гуфтушуниди сеҷонибаи марбут ба ҷанги Украина дар шаҳри Абузабӣ иштирок карданд. Ин нахустин музокира бо иштироки мақомоти Украина, Русия ва Амрико дар ним соли гузашта гардид.
Зеленский ва ҳам намояндагони амрикоӣ гуфтанд, ки дар музокираи баъдӣ бо ин ҳайат мақомот аз Аврупо ҳам иштирок хоҳанд кард. Феълан маълум нест, ки аврупоиҳо дар ин раванд бо чӣ шаклу ҳайат ҳузур хоҳанд дошт.
Ҷаред Кушнер, домоди президенти Амрико Доналд Трамп, гуфт, "мо бидуни ҷониби Аврупо ба созиш расида наметавонем. Мо ба президент Путин аҳамияти инро таъкид кардаем. Фикр мекунам, мо бо президент Путин ба мувофиқа расидем ва ӯ омода аст, инро бисанҷад."
Алҳол аз ҳарфҳои Путин дар робита бо дидораш бо намояндагони Амрико фаҳмида намешавад, ки ӯ иштироки аврупоиҳоро дар мулоқоти баъдӣ ба таври рӯшан тасдиқ карда бошад ё на.
Путин Иттиҳоди Аврупоро барои ҳимояташ аз Украина интиқод карда, гуфтааст, фиристодаҳои амрикоӣ бояд маълум кунанд, ки он тараф хостори сулҳ бо Русия аст ё ҷанг.
Ҳамзамон ҷониби Русия бори дигар масъалаи, ба гуфтаи он, "бунёди амният"-и баъдиҷангиро дар Аврупо баррасӣ намуд.
Маскав то замони ҳуҷумаш аз Украина талаб мекард, ки аз нақшаи густариши паймони низомии НАТО худдорӣ кунад ва ҳама гуна фаъолияти ҳарбиро дар ҷабҳаҳои шарқиаш боздорад.
Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия баъди мулоқоташ дар Маскав рӯзи 12-уми ноябр гуфт, ки "музокироти гузашта ва табодули назар пурмуҳтаво, созанда ва муфид буд".
Музокираҳо дар пасманзари идомаи амалиёти ҳарбӣ барпо гардиданд. Русия пайваста Украинаро зарба зада, дар бештари ҳолатҳо ниҳодҳои энержиро ҳадаф қарор медиҳад. Украина дар посух ҳамлаҳояшро ба анборҳои маводи сӯхт ва корхонаҳои низомӣ равона кардааст.
Гуфтугӯ