Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳистон ба 18 тоҷик паноҳандагӣ дод. Дархости 53 нафар рад шуд. ВИДЕО


Идораи умури паноҳандагони Лаҳистон бо нашри омори тоза гуфтааст, имсол ба 18 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи паноҳандагӣ дод, ки аксарият "паноҳандагони сиёсӣ" ва аҳли хонавода ва ё хешовандони онҳо ҳастанд.

Тоҷикистон ҳамчунон дар радифи панҷ кишвари аслиест, ки шаҳрвандонаш ба ин кишвари Аврупо омада ва мехостаанд, ба онҳо ҳаққи паноҳандагӣ дода шавад.

Қабл аз Тоҷикистон дар ин феҳраст Русияву Туркия омадаанд. Соли 2019 дар умум 52 шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон бори аввал дархости паноҳандагӣ кардаанд. Дархости 53 нафар чӣ аз солҳои қаблӣ ва ё имсол рад шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, рад шудани дархости паноҳҷӯёни тоҷик, ки аксаран аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳастанд, хатари ба Тоҷикистон истирдод шудани онҳоро ба миён меорад.

Муҳаммадҷон Кабиров, раиси созмони ғайриҳукуматии “Eurasian Dialogue”, ки дар Литва сабти ном шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмуъ тақозои паноҳандагии 80 дар сади шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ рад шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин миён дархости онҳое рад мешавад, ки ба далели хешовандӣ бо аъзои шинохтаи Ҳизби наҳзати исломӣ мавриди таъқиб қарор гирифтаанд.

Вай рӯзи 19-уми сентябр дар шаҳри Варшава гуфт: “Инҳо афроди матраҳи сиёсӣ, ҳамчун раҳбар, рӯзноманигор ё масъулини дараҷаи болои ҳизб набуданд. Аммо ба хотири хешовандӣ ба ин ё он раҳбари матраҳи ҳизб мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтаанд ва барои ҳамин кишварро тарк карданд.”

Рад шудани дархости паноҳҷӯёни тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Зариф Ализода, ваколатдори собиқи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ҳоло дастёри раиси ҷумҳури кишвар дар гузашта гуфтааст, “ҳадафи паноҳҷӯии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Аврупо, бахусус Лаҳистон "на дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ, балки фақат роҳ ёфтан ба ин кишварҳост", ки аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта ҳастанд. Ба қавли ӯ, "аксари онҳое, ки аз Аврупо дархости паноҳандагӣ мекунанд, муҳоҷирони кории тоҷиканд, ки дар гузашта ё дар Русия ё Украина кор мекарданд."

Абдуллоҳи Раҳнамо, муҳаққиқи тоҷик ва узви ҳайати давлати Тоҷикистон дар машварати имсолаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо рӯзи 19-уми сентябр дар як нишасте, ки бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломӣ дар Варшава сурат гирифт, иддао дар бораи таъқиб барои андешаҳои сиёсӣ ва эътиқод дар Тоҷикистонро рад кард.

Ӯ гуфт: "Агар бовар кунем, ки Ҳизби наҳзати исломӣ 40 ҳазор узв дошт, пас, имрӯз 57 узви он дар зиндон ҳастанд ва 50 нафар ҷустуҷӯ мешаванд. Бақия аъзои ҳизб озодона зиндагӣ мекунанд ва касе онҳоро таъқиб ҳам намекунад."

Теъдоди умдаи дигаре, ки дархости паноҳандагӣ кардаанд, аъзои “Гурӯҳи 24” будаанд, ки ин созмон ҳам дар Тоҷикистон созмони ифротӣ эълон шудааст ва чандин узвашро бо гуноҳи ифротгароӣ ба зиндон маҳкум кардаанд. Як вакили дифои лаҳистонӣ, ки аз ҳуқуқи чанд шаҳрванди Тоҷикистон барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ ҳимоят кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ, собит кардани иддаои паноҳҷӯёни тоҷик бисёр сахт аст.

Ӯ гуфт: “Онҳо фақат мегӯянд, ки дар кишвар таъқиб мешаванд, аммо санаде пешниҳод карда наметавонанд, даъватнома аз идораи милиса, ё мисли он санаде, ки нишон бидиҳад, ба идораҳои амниятӣ даъват ё бозпурсӣ шудаанд.”

Бар асоси омори мухталиф дар Лаҳистон тақрибан 400 шаҳрванди Тоҷикистон иқомат мекунанд ва ё паноҳандагӣ гирифтаанд. Онҳое, ки дархости паноҳандагиашон рад шудааст, ҳақ доранд, барои гирифтани ин мақом ба додгоҳҳои болоӣ ва то Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Инсон муроҷиат кунанд. Ба онҳо ҳамчунин Комиссариати Олии Созмони Милал Барои Паноҳандагон кумак мекунад.

Ин созмон рӯзи 17-уми сентябр қиссаи Санҷар ва Ситора, ду паноҳҷӯи тоҷикро нашр кард, ки онҳоро шаҳрдори собиқи Варшава дар хонаи хусусиаш ҷой додааст.

Мартсин Свиетитски, ки аз соли 1994 то соли 1999 шаҳрдори Варшава будааст, дар ин гузориш мегӯяд, “оилаи тоҷикро паноҳҷӯ намешуморад ва бо онҳо ҳамчун хонаводаи хушбахт зиндагӣ мекунад.”

Рӯ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо овардани шаҳрвандони Тоҷикистон баъди соли 2015 ва баъди мамнӯъ эълон кардани Ҳизби наҳзати исломӣ шурӯъ шуд. Дар он сол, баъди ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, ҳукумати Тоҷикистон ҳизби наҳзатро тарҳрези ошӯбҳо номид ва сипас бо амри Додгоҳи олӣ онро созмони террористӣ эълон ва фаъолияташро мамнӯъ карданд.

Мутобиқи омори расмии давлати Олмон ҳоло дар ин кишвар 5600 шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва 3230 нафар ҳамчун паноҳҷӯ сабти ном шудаанд. Аз ин миён ба 700 нафар ҳаққи паноҳандагӣ дода ва дархости 740 нафарро рад кардаанд. Теъдоди дигаре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Фаронсаву Шветсия ва Ҳолланду Австрия рафта ва дархости паноҳандагӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG