Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров ба истифодаи допинг гумонбар мешавад. ВИДЕО


Як созмони мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷикро ба истифодаи допинг ё маводҳои нерӯафзо муттаҳам кардааст. Ин созмон рӯзи 24-уми сентябр номи Дилшод Назаровро ба рӯйхати варзишгароне шомил кард, ки бо гумони истифодаи допинг муваққатан аз иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шудаанд.

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик ва қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро мебошад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар бораи муттаҳам шудани Назаров ба истифодаи допинг аз расонаҳои хабарӣ огоҳ шудаанд, вале ягон асноди расмӣ дарёфт накардаанд.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, рӯзи 25-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди дарёфти санади расмӣ дар ин бора ҳатман вокуниш хоҳанд кард. "Дилшод варзишгари маъруф аст, мунтазир шавем, то маълумотҳои расмӣ ворид шаванд,"-гуфт Абдуллозода.

Вокуниши худи Дилшод Назаров феълан дастрас нест. Ба гуфтаи масъулини бахши варзиш, ӯ феълан дар Қатар мебошад.

Ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (The Athletics Integrity Unit) рӯзи 24-уми сентябр номи Дилшод Назаровро ба рӯйхати варзишгароне шомил кард, ки дар истифодаи допинг муттаҳам мешавад. Ба навиштаи ин созмон, тафтиши дубораи допинг дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2011 дар Кореяи Ҷанубӣ “дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринаболи даҳонӣ (metaboliteof oralturinabol)” пайдо кардааст.

Созмони мустақили The Athletics Integrity Unit, ки исми гурзандози тоҷик ва барандаи бозиҳои олимпии соли 2016-ро дар феҳристи гумонбарон дар истеъмоли допинг шомил кард, мегӯяд, Дилшод Назаров бояд ба таври ҳатмӣ муқаррароти худдорӣ аз ширкат дар мусобиқаҳоро иҷро кунад.

Дафтари матбуоти ин созмон дар шарҳи қарор рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ навишт, "дар сурате, ки варзишгар тавонад собит кунад, ки нақзи муқаррароти зиддидопингӣ бо истеъмоли маҳсулоти олуда бастагӣ мегирад, ин қарор бекор мешавад. Вале ин тасмим ба қарори муваққатан аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шудани варзишгар дар паи истеъмоли маводи олуда таъсире надорад ва бозбинӣ намешавад".

Дар посухи дафтари матбуоти The Athletics Integrity Unit шарҳи аз ин беш оварда нашудааст.

Дар Тоҷикистон ба иддаои ин созмон бо шубҳа менигаранд. Муҳаммадшо Абдуллозода, раиси Созмони миллии зиддидопингии Тоҷикистон мегӯяд, Дилшод Назаров пас аз ширкат дар Олимпиадаи соли 2016 аз ташхиси допинг гузашт ва "покиза" баромад. Ӯ гуфт, "рӯзи 19 августи соли 2016 намояндагони Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) пешоби Дилшод Назаровро ташхис карданд. Бар асоси қоидаҳои WADA агар ташхис нишон медод, ки варзишгар маводи мамнӯъро истеъмол кардааст, ба ӯ дар муддати даҳ рӯз хабар медоданд ва вай муҷозот мешуд."

Муҳаммадшо Абдуллоев гуфт, ки дар ин муддат касе аз WADA ба Дилшод Назаров ва созмонҳои варзишии марбута занг назадааст ва ё номаи расмӣ нафиристодааст. "Ин маънои онро дорад, ки Дилшод Назаров аз ташхиси допинг бо сарбаландӣ гузаштааст ва мо бовар надорем, ки ӯ аз маводи барои варзишгарон мамнуъ истифода карда бошад,” - афзуд ӯ.

Дилшод Назаров

6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80,71 метр аст.

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (2006) мебошад.

Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мураббиёнаш модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Пискунов (Украина) ва феълан Владимир Машко (Ҷумҳурии Чех) мебошанд.

Соли 2015 бо Ордени Шараф дараҷаи II ва соли 2016 бо Ордени Шараф дараҷаи I мукофотонида шудааст.

Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони чоркаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин), 2017 (Бҳубанешвар, Ҳиндустон) мебошад.

Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003),
барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003),
ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Оиладор аст, се фарзанд – ду писару як духтар дорад.


Дилшод Назаров феълан барои иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар қарор дорад. Дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) номи Дилшод Назаров дар рӯйхати варзишгароне, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар иштирок мекунанд, сабт шудааст. Ин мусобиқа аз 27-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳри Доҳа давом мекунад. Тибқи барномаи мусобиқот рақобатҳои гурзандозӣ миёни мардон рӯзҳои 1-2-юми октябр баргузор мешавад. Дилшод Назаров бояд рӯзи сешанбе дар сабқати интихобӣ ширкат варзад.

Бархе хабаргузориҳои ғарбӣ аз ҷумла Ройтерс ва Франс-Пресс навиштаанд, ки Дилшод Назаров бар асоси санади ахир аз ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон маҳрум шудааст. Вале тасмими Федератсияи байналмилалии варзиши сабук, ташкилкунандаи ин мусобиқот дар ин бора расман эълон нашудааст.

Моҷарои допинг ё истеъмоли маводи дорувории барои варзишгарон мамнуъ вақтҳои охир дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ба мавзӯи доғ табдил шудааст. Бисёре аз варзишгарони маъруфи ҷаҳон барои истеъмоли маводе, ки онҳоро Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) ба феҳристи доруҳои мамнӯъ дохил кардааст, муҷозот шудаанд. Дар гузашта баъзе варзишгарони тоҷик барои истифодаи допинг муҷозот шуда буданд. Аз ҷумла Умед Ҳасанбеков, узви дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон барои истеъмоли допинг ё маводи дорувории барои варзишгарон мамнуъто 6-уми феврали соли 2023 - аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум шудааст.

Аз ин пеш хабари истеъмоли маводи мамнуъ аз ҷониби ду варзишгари Тоҷикистон – Хуршед Бекназаров, узви мунтахаби ҷавонони футболи кишвар ва Зелимхон Юсупов, узви мунтахаби гуштии озод, расонаӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG