Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳистон Мустафо Ҳаётов, узви "Гуруҳи 24"-ро ихроҷ кард


Мустафо Ҳаётов
Мустафо Ҳаётов

Мақомоти Лаҳистон (Полша) ахиран як узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе ихроҷ карданд.

Мустафо Ҳаётови 25-сола се сол баъд аз ворид шудан ба Лаҳистон ва дархости паноҳандагиву ҳаққи иқомат дар ин кишвар посухи рад гирифт ва рӯзи 25-уми сентябр ихроҷ шуд.

Томаш Шовуха, вакили мудофеи ӯ, рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бори охир бо нафари таҳти ҳимояташ рӯзи сешанбе телефонӣ сӯҳбат карда буд. Ӯ гуфт, Ҳаётов аз қарори додгоҳ дар бораи ихроҷаш ба Тоҷикистон бисёр нороҳат буд, чунки мегуфт, "ба ӯ дар ватан бадрафторӣ ва шиканҷа" ва "беш аз 12 соли зиндон таҳдид мекунад".

Мақомоти тоҷик ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд. Рӯзи панҷшанбе як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар бораи қарори додгоҳ нисбат ба Мустафо Ҳаётов ҳеч иттилоъ надоранд". Дар гузашта низ мақомоти вазорат ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки номи Ҳаётов дар феҳрасти афроди мавриди ҷустуҷӯ вуҷуд надорад.

Вале Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи «Гурӯҳи 24» ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳаётов як соли 2014 дар Русия ба «Гурӯҳи 24» пайваста, масъули тарғиби фаъолиятҳои ҳаракат дар шабакаҳои иҷтимоӣ будааст. Масъулини ин созмон дар Лаҳистон мегӯянд, Ҳаётов нахустин шаҳрванди Тоҷикистон ва як паноҳҷӯи сиёсӣ шуд, ки аз ин кишвари аврупоӣ ихроҷ мешавад.

Вакили дифоъ Томаш Шовуха ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳаётов муқаррароти будубоши паноҳҷӯёни хориҷиро дар Лаҳистон поймол кард ва соли 2018 ӯро мақомоти Олмон дар хоки ин кишвар боздошт ва ба Варшава фиристоданд.

Аз тобистони соли гузашта то рӯзи 25-уми сентябр ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Лешно Воли дар наздикиҳои Варшава нигаҳдорӣ мешуд. “Ӯро зӯран ва бар хилофи аризаи бозбинӣ шудани ҳукми сеюми додгоҳ ихроҷ карданд”, -- гуфт Шовуха. Вагарна, ба қавли вакил, боз шаш моҳи дигар имкони бозбинӣ шудани парвандаи Ҳаётов вуҷуд дошт.

Мустафо Ҳаётов яке аз даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ва узви созмони дар ин кишвар мамнӯи “Гурӯҳи 24” аст, ки аз мақомоти Лаҳистон дархости ҳаққи паноҳандагӣ карда буд. Аксари онҳо дар чаҳор-панҷ соли гузашта, баъди содир шудани ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар бораи мамнӯъ шудани ин ташаккули сиёсӣ кишварро тарк карда, аз Лаҳистону кишварҳои дигари аврупоӣ дархости паноҳандагӣ карданд.

"Гурӯҳи 24”-ро Умаралӣ Қувватов, тоҷири тоҷик, ки соли 2012 Тоҷикистонро тарк карда буд, дар Маскав таъсис дод. Вай баҳори соли 2015 дар Туркия кушта шуд. Аъзои ин созмон дар ташкили куштори Қувватов мақомоти Тоҷикистонро гунаҳкор карданд. Мақомот ин иддаоро рад кардаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон "Гурӯҳи 24"-ро соли 2014 як ҳаракати экстремистӣ хонд ва фаъолияти онро дар ҳудуди кишвар манъ кард. Чанде аз аъзои он боздошт ва ба солҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG