Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти умедворони "афв". Рақобати ниҳодҳо, шикастани норозиён ё ифшои ҷурмҳои нав?


Дилшод Ҷӯраев, сокини шаҳри Душанбе ба гуфтаи мақомот тобистони соли гузашта аз Ироқ баргашт

Боздошти Садриддин Муллоев, ҷавони гумонбар ба ифротгароӣ, ки ним сол пеш бо ваъдаи озод шудан аз ҷавобгарӣ аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт, дар пасманзари ҳодисаҳои ҳамсони гузашта садоҳоеро баланд кард, барномаи афви бозгаштагон ба ватан ҳадафҳои муайян дорад ва самимӣ нест.

Вале мақомот пайваста гуфтаанд, ки ваъдаи афв самимист ва даҳҳо нафаре, ки пушаймон шуда, ба ватан баргаштанд, аз ҷавобгарӣ озод шудаанд. Бештари онҳоро аз расонаҳои давлатӣ намоиш доданд, ки дар назди дурбин аз пушаймонӣ ва татбиқи ваъдаи афви мақомот гуфтаанд. Аммо дар ин миён чандин нафар ба монанди Садриддин Муллоев дубора боздошту зиндонӣ гардиданд.

Суоли пайвандон, посухи мақомот

Садриддин Муллоеви 34-сола, домоди Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта панҷ соли ахир дар Туркия мезист. Мақомоти Тоҷикистон нисбат ба ӯ бо иттиҳоми ифротгароӣ парванда боз карда буданд. Вай моҳи феврали имсол бо ваъдаи “афв” ба ватан баргашт.

Хайриддин Муллоев, падари Садриддин, рӯзи 2-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, то ним сол пеш писараш дар озодӣ буд ва онҳо низ фикр мекарданд, ки дигар суоле намондааст.

Ҳоло Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаҳои "терроризм", "зархаридӣ", "ташкили иттиҳоди ифротӣ ва иштирок дар он" айб эълон карда, парвандаашро барои омӯзиш ба Додгоҳи ноҳияи Сино фиристодаанд.

"Пурсидам, ки чаро ваъдаи президентро дар бораи афв то охир иҷро накардед? Додрас гуфт, ки прокуратура чунин қарор кардааст. Дар асл писарам ҳеҷ гуноҳ надорад", -- гуфт Садриддин Муллоев.

Ин мард мегӯяд, ҳанӯз дарк намекунад, ки як ниҳоди қудратӣ ваъдаи қатъии афв медиҳад, вале ниҳоди дигар баръакси он кор мекунад. Манзури ӯ ваъдаи намояндагони Вазорати корҳои дохилист, ки писарашро аз хориҷа баргардонданд, аммо қарори додситонӣ иҷрои онро қатъ кард.

Саидраҳим Ҷумъаев, муфаттиши додситонӣ, ки парвандаи Муллоевро таҳқиқ кардааст, гуфт, “ҳама кор дар доираи қонун сурат гирифтааст”, вале аз шарҳи бештар худдорӣ намуд. Вай гуфт, танҳо бо мактуби расмӣ дар ин бора посух хоҳад дод.

Дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гуфтанд, ки омӯзиши парванда анҷом наёфтааст.

"Намояндагони як ниҳод оварданд, намояндагони ниҳоди дигар дастгир карданд"

Дар гузашта низ Радиои Озодӣ дар бораи онҳое, ки бо ваъдаи афв ба ватан баргаштанд, вале боздошту зиндонӣ шуданд, гузориш дода буд. Аз ҷумла, Умар Муродов, сокини ноҳияи Мӯъминобод, ки ба тундгароӣ, таҳқири президент ва даъват барои сарнагунӣ муттаҳам мешуд, аз Русия ба Тоҷикистон баргашт, вале боздошт ва ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд.

Шарифамоҳ Раҳимова, модари ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, "писарам бо даъвати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ватан баргашт, вале ӯро маъмурони амниятии Кӯлоб дастгир карданд".

"Як корманди ВКД дар Кӯлоб қасам хӯрд, ки писаратон баргардад, афв мешавад. Писарам омад, дар фурудгоҳ боздошт карданд. Аз корманди ВКД пурсидем, ки ваъдаи озодии писарам чӣ шуд? Гуфт, мо писаратонро озод кардем, вале маъмурони амниятӣ дастгир карданд. Ба мо маслиҳат дод, ки ба президент мактуб нависем. Ба ҳама ҷо нома навиштем, вале ҳеч чиз тағйир наёфт”, -- нақл кард ӯ.

Пайвандони Насим Раҷабов, сокини дигари деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ низ бо ваъдаи мушобеҳ ба ватан баргашт, аммо боздошту зиндонӣ шуд.

"Ноҳамоҳангӣ"?

Таҳлили чанд ҳодиса нишон медиҳад, ки чунин афрод бо ваъдаи як ниҳод ба Тоҷикистон баргашта, вале аз ҷониби намояндагони ниҳоди дигар боздошту муҳокима мешаванд. Қаблан наздикони Муҳтадӣ Абдулқодиров, бародарзодаи раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода низ гуфта буданд, ки Муҳтадӣ охири моҳи ноябри соли гузашта аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргашт, вале боздошт ва аз рӯи моддаи 307, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гумонбар шуд. Ҳарчанд баъдан хабарҳо пахш шуд, ки Муҳтадӣ Абдулқодировро шартан озод кардаанд.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, зоҳиран миёни мақомоти қудратии Тоҷикистон "ҳамоҳангӣ вуҷуд надорад ва нисбат ба як нафар ду навъ парванда боз мекунанд".

"Вақте стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ қабул шуд, гуфтанд, ки бояд ҳамоҳангӣ сурат бигирад. Лекин мебинем, ки ҳамоҳангӣ вуҷуд надорад", -- гуфт ӯ.

Соли 2014 дар Тоҷикистон ба чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид шуд, ки афроди муттаҳам ба ифротгароӣ дар сурати пушаймонӣ ва ихтиёран ба мақомот таслим шудан аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.

Ин тағйирот дар авҷи ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷангҳои Сурия ворид шуд. Баъдан, мақомот аъзои “Гурӯҳи 24” ва ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро, ки аксаран дар хориҷи кишвар қарор доранд ва бештар бо моддаи тундгароӣ гумонбар мешаванд, бар ин асос барои бозгашт ба ватан ташвиқ карданд.

Назари мухолифин

Раҳбарони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” парвандаҳои бозшуда алайҳи ҷонибдоронашонро сиёсӣ медонанд ва мегӯянд, ваъдаи афв ба онҳо маъно надорад, "чун қонунро нақз накардаанд".

Сӯҳроб Зафар, раҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” мегӯяд, даҳҳо нафарро дар расонаҳои давлатӣ намоиш доданд, ки гӯё узви созмони онҳо ҳастанд ва дар Тоҷикистон афв шудаанд. Ӯ гуфт, дар ин ҳама муддат танҳо ду узви собиқи гурӯҳи онҳо ба Тоҷикистон баргаштааст ва онҳое, ки ба гуфтаи расонаҳо афв шуданд, ҳеҷ рабте ба созмони онҳо надошт.

“Чандин нафарро ҳам барои лайк мондан дар наворҳои мо ҳамчун узви “Гурӯҳи 24” зиндонӣ карданд. Ин як барномаи давлатӣ барои шикастани мухолифон аст. Ҳукумат бо фишору таҳдид мехоҳад баргардонад ва нишон диҳад, ки мухолифин гумроҳ шудаанд. Нафароне, ки бармегарданд, дар наворҳо бо сенарияи мақомот эътироф мекунанд, он пахш мешавад ва дигар тақдири он дар дасти худашон ҳаст. Фишору таҳдид нисбат ба мухолифин кор надод, аз ин усул пеш гирифтанд, аммо дар ҳамин ваъда низ содиқ намонданд”, -- гуфт Сӯҳроб Зафар.

Раҳбари ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон мегӯяд, Исмоил Холов, як ҷавони тоҷик бо гумони узвият дар созмони онҳо дар Русия боздошт шудааст ва ба ӯ хатари ба Тоҷикистон истирдод шудан таҳдид мекунад. Дар асл, ӯ ҳеҷ рабт ба ин гурӯҳ надоштааст.

Иброҳим Қосимов, як ҷавони дигарро дар Душанбе додгоҳ чанд моҳ пеш ба 9,5 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ низ узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯи «Гурӯҳи 24» унвон шуд, ки ба гуфтаи Сӯҳроб Зафар “ӯро намешинохтанд”.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, бархе танҳо барои “лайк” мондан зери сӯҳбатҳои онҳо дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд ва узви созмони онҳо муаррфӣ гаштанд.

"Рақобат"?

Бисёре аз коршиносон тахмин мезананд, ки шояд дар ин маврид миёни мақомоти қудратӣ рақобат вуҷуд дорад ва яке барои камранг нишон додани кори дигаре афроди баргаштаро боздошт мекунанд.

Аммо дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вуҷуди чунин рақобатро рад карданд. Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, даъвати афв самимӣ аст ва ҳар нафаре, ки ба ҷуз шомил шудан дар созмонҳои тундгаро ҷинояти дигаре накардааст ва бо эҳсосӣ пушаймонӣ ба ватан бармегардад, афв мешавад.

Ӯ гуфт, чанд ҳолати истисноӣ вуҷуд дорад, ки миёни мардум нофаҳмиҳоро ба вуҷуд овардааст:

  • “Дар эзоҳи татбиқи афв омадааст, онҳое, ки ақидаҳои ифротгароиро қабул кардаанд ва узви созмоне шуда, вале ҷинояте, мисли одамкушӣ ва фиристодани ҷавонон ба ҷангҳо содир накардаанд, афв мешаванд. Мисол, нисбат ба як нафар фақат барои зархаридӣ парванда аст. Мақомот дар бораи дигар ҷиноятҳои ӯ чизе намедонанд. Бармегардад афв мешавад, вале дертар маълум мешавад, ки ӯ дар ҷангҳо бевосита иштирок кардааст ва ҳоло ки шикаст хӯрдаанд, худро пушаймон вонамуд мекунад. Ё дар Мисру Туркия зиндагӣ кардааст, худаш ҷанг накардааст, лекин чанд нафарро ба ҷанг фиристодааст. Ин гуна одам афв намешавад. Онҳое, ки шомили созмонҳо шуданд, ба кишварҳои хориҷие ба монанди Сурия сафар кардаанд, вале одам накуштаанд, дигаронро ба ҷангҳо набурдаанд, ҳатман афв мешаванд.”

Вай афзуд, нафари даъватшуда барои татбиқи афв дар ҳоле аз ҷониби ниҳоди дигар боздошт мешавад, ки онҳо нисбат ба ӯ далел доранд. Аммо ба гуфтаи манбаъ, чунин нафарон ду дарсади онҳоеро ташкил намекунанд, ки то кунун бо ваъдаи афв ба ватан баргаштаанд.

Суистифода аз ваъдаи афв?

Ӯ аз ҷумла аз Ормонқул Эрназаров, сокини ноҳияи Ёвон мисол овард. Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба Эрназаров танҳо шакку гумони узвият ба равияи «салафия» вуҷуд дошт. «Аз Туркия ба ватан баргашт. Як сӯҳбат карданд ва озодаш карданд. Гуфта буд, ки пештар чунин ақида дошт, вале ҳоло надорад. Пас аз ду моҳ маълум шуд, ки ӯ на танҳо узви равияи салафия, балки дар ҷангҳои Сурия ҳам иштирок кардааст», -- гуфт ӯ.

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ба ин монанд ҳолатҳое низ ҷой дорад, ки баъзе аз аъзои гурӯҳи тундрав аз ваъдаи афв суистифода мекунанд.

Аммо узви собиқи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Наимҷон Самиев дар як навор аз узвияти ин ҳизб даст кашид ва гузаштаи худро маҳкум кард. Қарор буд, ӯро афв кунанд, вале барояш пешниҳод карданд, ки аз айбнома танҳо якеро бипазирад, он гоҳ муносиби афв мешавад. Самиев пешниҳодро пазируфт ва ба айбнома имзо гузошт. Дар натиҷа додгоҳ Самиеви 56-соларо бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – "ғайриқонунӣ расондан, ҷойгир кардан ва нигоҳ доштани лавозимоти ҷангӣ”, "таълими ифротгароӣ" ва "иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ" – ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG