Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ва Иттиҳоди АвруОсиё. Баёнияҳои сиёсӣ ё орзуҳои иқтисодӣ?


Чанд изҳороти ахири мақомоти Узбекистон ва Русия масъалаи узвияти Тошкандро дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), созмони зери нуфузи Русия, аз як гумон ба яқин табдил доданд.

Гоҳе ки раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар ин бора хабар дод ва расонаҳо аз гуфтаҳои ӯ сархат сохтанд, Содиқ Сафоев, муовини раиси Сенати Узбекистон изҳори ҳайрат кард, ки чаро ин изҳоротро нахустин баёния номиданд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, хеле пештар аз 2-юми октябр раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ин бора ба гунаи мусбат изҳори назар карда буд.

Аммо расонаҳо иқрор мекунанд, ки аз забони намояндаи Русия садо додани изҳорот аҳамияти онро ба маротиб бештар ва иҷрояшро наздиктар кардааст.

Агар Узбекистон ба ЕАЭС пайвандад...

Дар сурати ба узвияти ин созмон шомил шудани Тошканд, марзҳои Тоҷикистон бо ҳамсояҳош аз Осиёи Марказӣ (Қирғизистон ва Узбекистон) ба сарҳади созмони АвруОсиё табдил мешавад. Тоҷикистон дар навбати худ барои шомил шудан ба узвияти ин созмон шитоб надорад ва ҳамеша гуфтааст, ки мавзӯъ мавриди омӯзиш аст.

Созмони иқтисодии АвруОсиёро, ки соли 2014 ташкил шуда буд, ниҳоди зери назари Русия меноманд. Ин созмон нахуст бо ширкати Русия, Беларус ва Қазоқистон таъсис шуда, баъдан ба он Арманистону Қирғизистон пайвастанд. Дар ҳудуди кишварҳои ин созмон беш аз 180 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Таҳлилгарон пайвастани узви навро бо 30-35 миллион ҷамъият ба манфиати обрӯи ин созмони минтақавӣ медонанд.

Оинномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегӯяд, ки дар қаламрави кишварҳои узв гардиши озоди нерӯи корӣ, сармояҳо, мол ва хадамот кафолат дода мешавад. Аммо дар амал, ба андешаи мақомоти баъзе кишварҳои узв, шароити рақобати молу хадамот дар дохили созмон баробар нест.

"Дар пушти ин қарор нияти сиёсӣ нуҳуфтааст"

Алишер Илҳомов, иқтисодшиноси мустақили узбек, мегӯяд, узвият дар ин созмон барои Узбекистон метавонад "манфиати кӯтоҳмуддат" дошта бошад, вале дар дарозмуддат паёмадҳои нохушоянди сиёсӣ дорад, ки истиқлоли сиёсии ин кишварро зери хатар мегузорад. Дар миёни манфиатҳо, ба гуфтаи ин таҳлилгар, масъалаи беҳбуди шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории узбек дар Русия зикр мешавад.

Ба ҳисобҳои гуногун, дар Русия тақрибан 2 миллион муҳоҷири узбек ҳастанд ва дар сурати узвияти кишварашон дар иттиҳоди АвруОсиё, шароити будубош ва дарёфти иҷозаи кору патенти онҳо ҳалли худро пайдо мекунад. Таҳлилгар мегӯяд, ҷиҳати дигари мусбаташ "коҳиши молиёти гумрукӣ барои кишварҳои узв аст".

"Вале дар пушти ин қарор як нияти сиёсӣ истодааст. Ин як пружаи сирф иқтисодӣ нест, яъне узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ин як пружаи геополитикӣ аст. Мо шоҳиди такон додани ин масъала аз ҷониби Маскав мешавем. Чаро Маскав чунин мекунад? На, иқтисодӣ нест, чунки Узбекистон барои Русия чандон манфиати иқтисодӣ надорад. Русия мехоҳад, нуфузи геополитикии худро бештар кунад ва замину ҳудуди аздастрафтаи замони Шӯравиро зери назари мустақим ё ғайримустақими Маскав баргардонад", -- гуфт Алишер Илҳомов.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, Узбекистон дар ниҳоят бо "хатари қадам ба қадам аз даст додани истиқлоли сиёсии худ" рӯ ба рӯ мешавад.

Русия дар масъалаи Узбекистон шитоб кард?

Бархе аз таҳлилгарон аз ҳоло мегӯянд, ки мақомоти Русия шитобкорӣ карданд ва дар асл таҳқиқи паҳлӯҳои қавиву сусти ин масъала аз ҷониби Тошканд солҳо давом мекунад. Як далелаш ин аст, ки ба андешаи мунаққидон, Узбекистон аз мавҷи азими сармояҳои хориҷӣ бархӯрдор аст ва дар сурати ворид шуданаш ба созмоне мисли Иттиҳоди АвруОсиё имкониятҳои кишварро барои фаъолияти озод бо ҷонибҳои дигар маҳдуд мекунад ё аз даст медиҳад.

Чанде аз коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳамин ҷиҳатҳои мусбату манфии масъаларо Тоҷикистон низ солҳои зиёд аст, ки ба инобат гирифта, барои пайвастан дар созмони АвруОсиё шитоб намекунад. Мақомоти Русия сари чанд вақт ин мавзӯъро дар матбуот ва конфронсҳои хос матраҳ мекунанд ва аз манфиатҳои Тоҷикистон аз узвият дар эътилоф ёдовар мешаванд.

Нигоҳ аз Душанбе

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон тарафдорони чунин узвият кам нестанд. Инҳо пеш аз ҳама муҳоҷирони корӣ мебошанд. Нуриддин Қаюмов, иқтисодшиноси маъруфи тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар оғози таъсиси созмон дар назди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Тоҷикистон комиссияи вижае таъсис шуд ва ҷамъи донишмандони тоҷик зери назари ӯ дар хулосаи худ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар шомил шудан ба созмони АвруОсиёро машварат дода буданд.

Ӯ гуфт, азияти муҳоҷирон дар Русия бо он сабаб идома дорад, ки "мо то ҳол ба ин созмон ворид нашудем". Нуриддин Қаюмов афзуд, дар Тоҷикистон ҳамасола 70 то 80 ҳазор қувваи нави корӣ эҷод мешавад, вале барои онҳо кор нест ва шояд то 1,5 миллион нафар дар Русия дар ҷустуҷӯи кор мераванд, аз ин хотир, “як рӯз не як рӯз” Тоҷикистон “бояд узви ин созмон шавад”. Айни замон, ба суоли ин ки пас чаро Душанбе дар узвият шитоб намекунад, гуфт, "ин масъала паҳлӯҳои сиёсӣ дорад".

Чаро Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодӣ саросема нест?

Вале ба андеши таҳлилгари дигар тоҷик, Душанбе феълан бо иқтисоди заифу вобастагиаш аз бозори кори Русия боз ҳам аз назари геополитикӣ дар вазъияти беҳтаре қарор дорад. Нур Сафаров, шореҳи иқтисодӣ аз Душанбе мегӯяд, дар чашми Тоҷикистон Чин кишварест, ки аз назари идеологиву амниятӣ ва ҳам масоили дигари мисли сармоягузориву қарзҳои дарозмуддат мақоми хосе дорад. Дар Тоҷикистон тахминан 300 тарҳи мухталифи чинӣ амал мекунад.

“Тоҷикистон - як кишвари заифи иқтисодӣ дар музокираҳо замоне як кишвари қавӣ мешавад, ки сухан аз масоили геополитикӣ ба хотири наздикаш бо Чин, Афғонистон, Покистон, Ҳинд, Эрон, Қирғизистон ва Узбекистон меравад. Мубориза барои таъсиргузорӣ болои Тоҷикистон пуршиддат мешавад ва феълан он хусусияти иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. Агар Русия ба Тоҷикистону Узбекистон алтернативаи экспансияи иқтисодии Чинро пешниҳод кунад ва раҳбарони кишварҳо дар ин пешниҳод замонати мудирияти худ ва рушди иқтисодиву пешрафти воқеиро бубинанд, шояд муомилае шавад", -- афзуд Нур Сафаров.

Вале феълан, мегӯяд ӯ, худи созмон бо вуҷуди изҳороту оморҳои зиёд, натавонистааст ба як сохтори танзимшудаи иқтисодӣ табдил шавад ва ҷангҳои тиҷоратии мисли истеҳсолкунандагон дар Русияву Қазоқистон, Беларусу Русия, Қазоқистону Қирғизистон баёнгари он аст, ки "механизми тиҷорат ва иқтисодӣ аз шакли ҳамкориҳои шарикӣ хеле дуранд".

Нур Сафаров бовар дорад, ки Узбекистон дар ниҳоят на дар соли 2020 ва на дар соли 2022 ба узвияти ин созмон шомил нахоҳад шуд.

"Ҷанг"-и кишварҳои узв аз баҳри чист?

Кишварҳои узв ҳар сари чанд вақт ҳамдигарро дар нақзи оинномаи иттиҳоми АвруОсиё интиқод кардаанд. Беларус Русияро барои маҳдудият дар воридоти маҳсулоти ширӣ, Қирғизистон Қазоқистонро дар монеъ шудан ба убуру мурури мошинҳои боркаш интиқод кард, ки баъди ҷанҷоли ду президент сар зад. Моҳи сентябри имсол ҳам нахуствазири Қирғизистон Русияро дар он муттаҳам кард, ки бар хилофи муқаррароти созмон, барои шаҳрвандони кишвараш дар интиқоли пул аз Русия маҳдудият ҷорӣ кард.

Оҷонсии "Фарғона" ин мавзӯъро таҳлил кардааст ва менависад, "созмоне, ки тарафдоронаш зиёд таъриф мекунанд, дар нишондодҳои воқеӣ заиф ба назар мерасад". Аз ҷумла ин манбаъ мегӯяд, "агар соли 2014 ва замони тоза таъсис шудани созмон гардиши берунаи кишварҳои узв беш аз 868 миллиард долларро ташкил медод, баъди ин хеле кам шудан гирифта ва соли 2018 - 753 миллиард долларро ташкил дод. Айни ҷунин ҳол дар гардиши дохилӣ мушоҳида мешавад."

Бархе таҳлилгарони минтақавӣ мегӯянд, ки узвият дар ин созмон суръат ва сифати рушди маҳсулоти дохилиро зарба зад ва бозори кишварҳои узв аз ҳисоби моли сифатан беҳтари истеҳсолшуда дар кишварҳои дигар гарм шуд. Дар натиҷа, истеҳсолкунандаи дохилӣ зиён дид.

Шарҳҳоро бинед (15)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG