Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба бозӣ муқобили Ҷопон омода мешавад


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон омодагиро ба бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили мунтахаби Ҷопон, ки 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, шуруъ кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар 23 бозигар даъват шудааст, ки дар ҳамин ҳол онҳо бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрин мекунанд.

Ба дастаи мунтахаб чаҳор легионер – ҳимоятгар Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Умон», Умон) ва Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон) – даъват шудаанд.

Ҳимоятгари дастаи «Хуҷанд» Давронҷон Эргашев, ки ба ихтиёри мунтахаби кишвар бо ҷароҳат омадааст, ба машғулиятҳо аз рӯи барномаи инфиродӣ ҷалб шудааст. Ӯ ҳоло бо давиш машғул аст.

Нимҳимоятгари марказӣ Нуриддин Давронов, ки осеб дидааст, дар тамрини бегоҳирӯзӣ иштирок накард. Инчунин ҳамлагар Шаҳром Самиев ба иллати таби баланд дар машғулиятҳо ширкат наварзид.

Бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Ҷопон рӯзи сешанбеи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:15 шуруъ мешавад. Нархи билет барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили мунтахаби Ҷопон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарсе аз «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Умон», Умон), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Отабек Каримов, Кароматулло Саидов (ҳарду аз «Кӯктош»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе бошгоҳ).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Бозии дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Ҷопонро ҳакамон аз Ироқ доварӣ мекунанд. Довари FIFA Муҳаммад Зайд Тҳамери 29- сола сардовари бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш ёварони довари FIFA Убайди Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ ва Ҷаббор Акрам Алӣ кӯмак мекунанд.

Довари FIFA Чоримурод Қурбонов аз Туркманистон вазифаи довари чаҳорумро иҷро менамояд. Энтони Ҷон Да Коста аз Ҳиндустон нозири доварон ва Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи "F" дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Муғулистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи F

Ҷ

Дастаҳои мунтахаб

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

2

2

0

0

2-0

6

2

Ҷопон

1

1

0

0

2-0

3

3

Муғулистон

2

1

0

1

1-1

3

4

Қирғизистон

1

0

0

1

0-1

0

5

Мянмар

2

0

0

2

0-3

0

Даври 3-юм

10 октябр (панҷшанбе)

Ҷопон – Муғулистон

Қирғизистон – Мянмар

Даври 4-ум

15-уми октябр (сешанбе)

Оғози бозӣсоати 17:15

Тоҷикистон – Ҷопон

Сардовар: Муҳаммад Зайд Тҳамер (Ироқ).

Ёварон: Убайди Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ, Ҷаббор Акрам Алӣ (ҳарду аз Ироқ).

Довари эҳтиётӣ: Чоримурод Қурбонов (Туркманистон).

Нозири доварон: Энтони Ҷон Да Коста (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Муғулистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянмар – Тоҷикистон

Қирғизистон – Ҷопон

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянмар – Муғулистон

Даври 7-ум

26 марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Ҷопон – Мянмар

Даври 8-ум

31 марти соли 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Ҷопон

Мянмар – Қирғизистон

Даври 9-ум

4 июни соли 2020 (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври 10-ум

9 июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Ҷопон – Қирғизистон

XS
SM
MD
LG