Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар занозании донишҷӯён дар Душанбе як нафар кушта шуд


Дилмурод Фозилов. Акс аз Раёсати умури дохилии Душанбе
Дилмурод Фозилов. Акс аз Раёсати умури дохилии Душанбе

Муноқишаи як гурӯҳ аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Душанбе бо марги як нафар анҷомидааст.

Мақомоти умури дохилии пойтахт гуфтанд, задухӯрд субҳи 8-уми октябр дар ҳудуди ноҳияи Сино рух дод. Бино ба иттилои расмӣ, Дилмурод Фозилови 17-сола аз зарби корд дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, дар ин кор ҳамдарсашро Убайдулло Қурбонови 18-соларо гумонбар кардаанд

Мақомот Абдухолиқ Ғафурзода, Кабир Шарифов ва Давлат Ғайбуллоевро аз иштирокдорони дигари занозанӣ ном бурдаанд.

Тафсилоти ҳодиса аз манобеи мустақил дастрас нест. Вале мақомот дар изҳороте мегӯянд, “Убайдулло Қурбонов бо корд як дафъа ба узви ҳаётан муҳим, яъне қисмати дили донишҷӯ Дилмурод Фозилов задааст, ки дар натиҷа ӯ бо бардошти ҷароҳати вазнин ба ҳалокат мерасад. Гумонбар аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.”

Маъмурони милиса Убайдулло Қурбоновро дар ҷараёни як амалиёт дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дастгир кардааст. Зидди ӯ бар асоси моддаи “авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард” ва “одамкушӣ” парванда кушода шудааст. Гумонбар дар ҳабси пешакӣ аст.

Тафтишоти ибтидоӣ маълум кардааст, ки Убайдулло Қурбонов ва Дилмурод Фозилов хатмкардаи мактаби рақами 60-и ноҳияи Синои Душанбе буда, зоҳиран “хусумати даврони мактабӣ ба ин ҳодиса сабаб шудааст”.

Дар гузашта низ чанд муноқишаи маргбори хонандагони мактаб ва донишгоҳҳои кишвар сабт шуда буд. Мақомот дар чунин ҳодиса волидонро гунаҳкор медонанд, ки фарзандони худро беназорат гузоштаанд. Волидон дар навбати худ омӯзгоронро муқассир мехонанд.

XS
SM
MD
LG