Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони Эрон ба тамошои бозии футбол роҳ дода шуданд. ВИДЕО


Баъд аз даҳсолаҳо манъи тамошои бозии футбол дар дохили варзишгоҳҳо, занони эронӣ иҷоза ёфтанд, ки даври навбатии рақобати тими миллии футболи кишварашонро бо Камбоҷа дар чаҳорчӯби Ҷоми Ҷаҳонӣ тамошо кунанд.

Қарор аст, бозӣ рӯзи 10-уми октябр дар варзишгоҳи Озодии шаҳри Теҳрон баргузор шавад. Ин нахустин бозие мешавад, ки баъд аз инқилоби исломии соли 1979 дар Эрон занон ҳақ пайдо мекунанд дар канори мардон нишаста, онро тамошо кунанд.

Барои фароҳам шудани чунин имконият талошҳои чандинсолаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи занон, фишори афзояндаи Федератсияи байналмилалии футбол ва ниҳоят, марги фоҷеабори як духтари мухлиси футбол сабаб шуд. Ин духтари ҷавон худро баъди он оташ зад, ки додгоҳе ӯро барои талоши ворид шудан ба варзишгоҳ ба шаш моҳи ҳабс маҳкум кард.

Мақомот дар Эрон гуфтанд, аз миёни 80 ҳазор ҷой дар варзишгоҳ дар як макони ҷудогонае 3500 ҷой барои бонувон банд мешавад ва ин хабарро занони мухлиси футбол хеле гарм пазируфтанд.

Таҷлили ин хабар аз шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯъ шуд. Бисёриҳо акси билети харидаашонро дар шабакаҳо нашр карданд. Зимнан, фурӯши билетҳо барои занон 4-уми октябр сар шуда буд.

Зане, ки 35 сол дорад, гуфт, бори аввал аст, ки дар ҳаёташ билети футбол мехарад: “Тамоми ин солҳо ошиқи футбол будам ва орзу доштам, ки ба варзишгоҳ рафта, барои тими дӯстдоштаам “Истиқлол” ва ҳам тими миллӣ ҳаводорӣ бикунам. Ин барои ман хеле дер иттифоқ афтод, вале умед дорам, ки ин таҷриба идома пайдо мекунад ва насли ҷавон ҳеҷ эҳсоси ҳасрат нахоҳад кард”.

Дар ҳоле ки бо наздикшавии фурсати бозӣ эҳсоси ҳаяҷон аз ширкати занон дар бозӣ боло мегирад, нашрияи ислоҳталабон - “Эътимод” - тахмин задааст, ки эҳтимол барои фаро гирифтани ҳама хосторони ширкат дар бозӣ мақомот боз 2 ҳазор курсии дигарро дар ихтиёри бонувон қарор медиҳанд.

Занони эронӣ ба тамошои футбол дар варзишгоҳ роҳ ёфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Дар миёни мардуме, ки аз ин хабар истиқбол мекунанд, мардон ҳам зиёд ҳастанд. Фарзод Родбой, муовини раиси идораи варзиши шаҳри Теҳрон дар Твиттер навишт, барои тамошои футбол аз дохили варзишгоҳ ба ҳамсар ва модараш билет харидааст. Ӯ гуфт, рӯзи 10-уми октябр худаш дар хона истода, тифли 10-моҳаро нигоҳубин мекунад, то модару ҳамсараш рафта аз бозӣ ҳаловат бубаранд.

Рӯзноманигори соҳаи варзиш Муҳаммад Ҳусейн Аҷорлу гуфт, ки ба варзишгоҳ меравад, то аз дур ҳавохоҳии ҳамсар, хоҳарон ва як бародарзодаашро дар қисмати занон тамошо кунад”.

Вале боз ҳам эҳсосоти гарму шодии ин қишри ҷомеаро муҳофизакорони Эрон хуш надоранд. Рӯзи 7-уми октябр як эътирозе ба зидди иҷоза ёфтани занон барои тамошои футбол барпо шуд. Тахминан 50 муҳофизакор дар пушти бинои Маҷлиси Эрон ба бекор шудани ин қарор даъват карданд.

Дар шиору варақаҳое, ки эътирозгарон нашр карданд, аз бархе назарҳои Оятуллоҳ Мукаррами Шерозӣ иқтибос оварданд. Ин рӯҳонӣ дар гузашта гуфта буд, ки вуруди занон ба макони баргузории футбол аз назари ахлоқӣ дуруст нест, чунки дар вақти бозии мардон бархе ҷойҳои бадани онҳо намоиш дода мешавад.

Бархе мақомоти муҳофизакор гуфтаанд, ки муҳити футбол барои занон муносиб нест.

Эрон танҳо кишваре дар ҷаҳон аст, ки ба занҳо ширкат дар варзишгоҳро ҳангоми рақобатҳои мардон манъ мекунад. Федератсияи байналмилалии футбол борҳо аз Эрон хостааст, ки ин қарорро бекор кунанд ва он танҳо бо бозии Камбоҷа маҳдуд нашавад.

Агар ҳам мақомот қарори мазкурро сабук ваё бекор кунанд, аввалин бор дар таърихи 40 соли охири Эрон занҳо аз ҳаққи баробар бо мардон барои тамошои бозиҳои варзишӣ бархӯрдор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG