Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафткашҳои қазоқ: ба хотири таъсиси иттифоқи касаба таъқиб мешавем


Беш аз 100 корманди ширкати "Кезбӣ" 9 октябр ба нишони эътироз дар назди бинои шаҳрдории Жанаозени Қазоқистон гирди ҳам омаданд. Онҳо мегӯянд, ба иллати таъсиси иттифоқи касаба зери фишори раҳбарияти ширкат қарор доранд.

"Раҳбарият бе сабаб кормандонро меронад",-мегӯянд эътирозгарон. Нафткашҳои қазоқ талаб карданд, ки ба мушкили онҳо шаҳрдори Жанаозен Мақсад Ибагаров расидагӣ кунад. Вале ба назди тазоҳургарон муовини шаҳрдор Галим Байжанов баромад.

"Вайро барои мардум таъйин кардаанд. Вале дубор аст, меравем, ҳатто намехоҳад суханонамонро шунавад. Мехоҳем, шаҳрдор шикояти моро шунавад. Ҷони ман дар хатар аст. Корфармо моро таъқиб мекунад. Раҳбарияти ширкат ба фаъолияти иттифоқи касаба ғайриқонунӣ дахолат мекунад",-гуфт раиси иттифоқи касабаи ширкат Азамат Жапаров.

Ба гуфтаи Байжанов, шикояти нафткашҳо барои баррасӣ ба нозирони меҳнат пешниҳод шуда, он 1 ё 2 моҳ тӯл мекашад. Вале нафткашҳо нигаронанд, ки дар ин муддат раҳбарияти ширкат онҳоро аз ҷои корашон маҳрум хоҳад кард.

Дертар ба бинои шаҳрдорӣ раҳбари ширкати "Кезбӣ" ҳозир шуд, вале ҷонибҳо натавонистанд ба созиш бирасанд. Нафткашҳо пас аз гуфтугӯ бо раҳбарияти ширкат барои ҳалли мушкили худ ба президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев муроҷиат карданд.

Иттифоқи касабаи ширкати "Кезбӣ" 25 июли соли 2019 ба қайд гирифта шуда, ба узвияти он 600 корманд шомиланд.

XS
SM
MD
LG