Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали паҳлавони тоҷик дар Ҷоми президенти Тотористон


Субҳон Юсуфов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Тотористон, ки дар шаҳри Қазон баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ сардовари ин мусобиқа Маҳмуд Абдуллоев рӯзи 10-уми октябр хабар дод.

Ба иттилои ӯ, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 160 варзишгар аз 18 кишвар ширкат дошт. “Тоҷикистонро чаҳор варзишгар – Эҳсон Шодиев (-57 кг), Эҳсон Файзуллоев (-62 кг), Субҳон Юсуфов (-74 кг) ва Шоҳусейн Раҳимов (-82 кг) – намояндагӣ карда, дар сабқати мардон ширкат варзиданд. Аз байни онҳо танҳо Юсуфов бо медал мукофотонида шуд. Ӯ дар вазни то 74 кило мақоми севумро касб намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид”,- гуфт Маҳмуд Абдуллоев.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Тотористон дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти натоиҷи рақобатҳо миёни мардону занон мунтахаби Русия бо касби 73 медал (25 тилло, 13 нуқра ва 35 биринҷӣ) ҷойи аввалро азони худ кард.

Мунтахаби Беларус бо касби 11 медал (1 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи дувумро соҳиб шуд. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи севумро ишғол намуд. Дастаи Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар ҷойи даҳум қарор гирифт.

"Ҷоми президенти Тотористон барои ширкаткунандагони ин мусобиқаи байналмилалӣ як давраи омодагӣ ба қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни мардону занон, ки рӯзҳои 8-10-уми ноябри имсол дар шаҳри Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, ба шумор мерафт”,-иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев, довари дараҷаи байналмилалӣ.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ варзишгарон барои 27 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд: 9 маҷмуъ миёни занон, 9 маҷмуъ миёни мардон ва 9 маҷмуъ оид ба самбои размӣ. Ҳар як маҷмуи медалҳо аз 1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ иборат аст.

Федератсиони байналмилалии самбо (FIAS) бунёди ҷоизаҳои молиро барои ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар соли 2019 ба маблағи 216 ҳазор доллари ИМА муқаррар кардааст: ҷойи 1-ум – 3000 доллар, ҷойи 2-юм – 2000 доллар, ҷойи 3-юм – 1500 доллар.

Шарҳҳоро бинед

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG