Дар чанд ҷумла
Занозании шаҳрвандони Қазоқистон бо роҳсозони чинӣ
Дар ноҳияи Оқсӯи вилояти Алматои Қазоқистон 7 октябр роҳсозони маҳаллӣ ва чинӣ бо ҳам ҷанҷол карданд. Пулиси вилояти Алмато мегӯяд, дар занозанӣ сокинони маҳаллӣ низ иштирок доштанд.
Ба огаҳии пулис, ҷанҷол нахуст миёни чаҳор шаҳрванди Чин -- кормандони ширкати ТОО Citic Construction cар задааст. Дар натиҷа яке аз онҳо, ки қазоқтабор аст ва ҳаққи иқомат дар Қазоқистонро дорад, осеби сабуки ҷисмонӣ дидааст.
Як гуруҳи сокинони маҳаллӣ бо кормандони "Citic Construction", ки шаҳрванди Қазоқистонанд, ҳамроҳ шуда, рӯзи дувум кормандони чиниро латукӯб кардаанд. Дар натиҷа чаҳор шаҳрванди Чин бо осебҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштанд.
Дар робита ба ҳодисаи мазкур тафтишот оғоз шуда, пулис мегӯяд, шахсияти гумонбаронро муайян ва онҳоро боздошт кардааст. Ҳамчунин муайян шудааст, ки 33 корманди хориҷии Citic Construction қоидаҳои будубошро дар Қазоқистон риоя намекардаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Аврупо чанд номи навро ба рӯйхати таҳримҳо алайҳи Русия ворид мекунад
Сафирони Иттиҳоди Аврупо розӣ шудаанд, ки чанд ширкат ва шахсони алоҳидаи дигар ба рӯйхати таҳримҳои зидди Русия дохил карда шаванд. Дар ин бора хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми декабр гузориш дод.
Дар санаде, ки Радиои Озодӣ дид, соҳибкори озарбойҷонӣ Талъат Сафаров ба рӯйхат ворид карда хоҳад шуд. Интизор меравад, ҳуҷҷат дар охири ҳафта пазируфта шавад.
Сафаров мудири кулли ширкати “2Rivers Group” дар Имороти Муттаҳидаи Араб аст ва ба иттилои Брюссел “дар интиқолу содироти нафти Русия, бавижа аз ширкати Роснефт фаъол аст”. Қаблан Бритониё алайҳи ӯ таҳрим ҷорӣ карда буд.
Соҳибкори покистонӣ, Муртазо Алӣ Лахонӣ, низ барои назорати “киштиҳое, ки маҳсулоти нафтиро аз Русия интиқол медиҳанд”, ба рӯйхати таҳримҳо ворид карда мешавад. Вай ҳамзамон ба идора кардани киштиҳо бе бимаи муносиб ва хомӯш кардани низоми пайгирии онҳо муттаҳам аст.
Қарор аст, чанд ширкати русӣ, як ширкати ветнамӣ ва ду ширкати воқеъ дар Имороти Муттаҳидаи Араб, ки гуё бо флоти соягии Русия пайванд доранд, таҳрим карда хоҳанд шуд.
Чанд нафаре, ки ба бовари Иттиҳоди Аврупо дар паҳн кардани иттилооти нодуруст дар ҷаҳон масъуланд, низ ба рӯйхат изофа мегарданд. Инҳо сиёсатшиносон ва коршиносони сиёсати байнулмилалӣ Дмитрий Суслов, Фёдор Лукянов ва Андрей Сушентсов ҳастанд, ки ҳамагӣ бо Клуби Валдайи тарафдори Кремл иртибот доранд.
Ин рӯйхат як гурӯҳ аз хориҷиёнро низ дар бар мегирад, ки ба қавли Брюссел акси садои Русия ҳастанд. Дар байни онҳо Ҷон Марк Дуган, афсари собиқи пулиси Флорида ва шаҳрванди Амрикову Русия; сарҳанги собиқи артиши Швейтсария Жак Бо ва афсари бознишастаи фаронсавӣ Ксаве Моро ҳастанд.
Кишварҳои ғарбӣ аз моҳи феврали соли 2022, замоне ки Русия ба хоки Украина таҷовуз кард, алайҳи Маскав ва шариконаш таҳримҳои сахт ҷорӣ кардаанд.
Манъи зангҳои телефонӣ аз хориҷа. Баҳси як тарҳи нав дар Русия
Дар Русия пешниҳодеро баррасӣ доранд, ки ба зангҳои телефонӣ аз хориҷа пайванд мегирад.
Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ҳадаф ҳимояти шаҳрвандон аз қаллобии телефонист. Агар ин пешниҳод қабул шавад, дар Русия метавонанд, бе ризояти муштарӣ тамосҳоро аз хориҷа манъ кунанд.
Дар ин бора раиси дастгоҳи ҳукумати Русия Дмитрий Григоренко хабар дод. Ӯ гуфтааст, пешниҳод аз 20 банд иборат аст.
Ин тарҳ ҳам манъи қабули зангҳои хориҷӣ ва ҳам ҷорӣ кардани симкортҳои кӯдаконаро пешбинӣ мекунад. Хабаргузории расмии "ТАСС" ба нақл аз Григоренко навишт, чунин ташаббус барои истеҳсоли камтари симкортҳо сабаб мешавад, чун қаллобон аз онҳо барои нақд кардани пулҳои дуздидашуда зиёд истифода мекунанд.
Чунин маҳдудият метавонад ба тамосҳо аз хориҷа ва телефони муҳоҷирони корӣ дар Русия низ таъсир расонад, чунки муоширати онҳо бо ватан ва берун аз он зери назорати бештар гирифта мешавад.
Ҳукумати Русия дар моҳи декабри соли 2024 бо мақсади мубориза бо қаллобӣ ба шумораҳои телефонҳои мобилу телефонҳои маъмулӣ аз интернет занг заданро манъ кард.
Дар моҳи августи соли 2025 дар Русия масдуд кардани зангҳои телефонӣ тавассути Telegram ва WhatsApp хеле маҳдуд шуд ва инро ҳам гуё ба мубориза бо қаллобӣ рабт доданд.
"Роскомнадзор" моҳи ноябр пурра масдуд кардани паёмрасони WhatsApp-ро шуруъ кард. Ин кор баъд аз он сар шуд, ки суҳбатҳои Юрий Ушаков, мушовири президенти Русия Владимир Путин дар мавриди сиёсати хориҷӣ ва Стив Виткофф, фиристодаи вижаи президенти Амрико Доналд Трамп аз ҷониби Bloomberg нашр шуд.
Аввали моҳи декабр дар Русия замимаҳои FaceTime ва SnapChat ҳам масдуд шуд. "Роскомнадзор" гуфт, чунин қарор ба он рабт дорад, ки ин паёмрасонҳо "барои ташкилу содир кардани амалҳои террористӣ ва ё қаллобиву ҷиноятҳои дигари алайҳи шаҳрвандони Русия истифода мешаванд”.
Ин нукта бештар ба ҷанги Украина рабт дорад, ки баҳонае барои маҳдуд кардани паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия шудааст.
Трамп аз Украина интихобот талаб дорад, Зеленский замонатҳои амниятӣ
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, мегӯяд, агар Амрико ва муттаҳидони дигар барои интихобот заминаи амниятии боварбахш фароҳам оранд, ӯ ҳозир аст дар кишвари ҷангзадаи худ интихобот баргузор кунад.
Кохи Сафед аз ҳукумати Украина хоҳони баргузории интихобот шудааст ва президент Доналд Трамп рӯзи 9-уми декабр дар мусоҳиба бо нашрияи Politico бори дигар такрор кардааст, ки "вақти интихобот расидааст".
Ба гузориши маркази хабарии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ҷанги Русия дар Украина давом дорад ва дархости баргузории интихобот дар ҳоле сурат мегирад, ки Қонуни асосии ин кишвар ба баргузории интихобот дар ҷараёни ҷанг иҷозат намедиҳад.
Зеленский гуфт, ӯ порлумонро ташвиқ хоҳад кард, то қонуне қабул кунад, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба баргузории интихобот иҷозат бидиҳад.
Тибқи гузоришҳо, агар барои хатми ҷанги чаҳорсолаи Русия дар Украина дар ин наздикиҳо оташбас эълон шавад ва барои баргузории интихобот шароит фароҳам гардад, дар он сурат имкон дорад, ки интихобот дар зарфи 90 рӯз баргузор шавад.
Боздошти ду ҷавон, ки худро милиса гуфта, аз ронандаҳо пул меситониданд
Пулиси Душанбе аз аз боздошти ду нафар хабар дод, ки бо пӯшидани либоси низомӣ, худро кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ муаррифӣ карда, аз сокинон пул меситонидаанд.
Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздоштшудаҳо Шарифзода Абдуҷаббор ва Ҷӯрахонов Ҷумахон ном бурда, гуфтаанд, ки онҳо ба қаллобӣ гумонбар мешаванд.
Назари ин нафарон дар робита ба гуфтаҳои пулиси Душанбе маълум нест.
Мақомот мегӯянд, феълан нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Моҳҳои ахир хабарҳо аз боздошти кормандони қалбакии пулис зиёд расонаӣ мегардад.
Ду ҳафта қабл Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар барномаи таҳлилии худ аз боздошти се нафар ҷавон гузориш дод, ки шабона ба роҳ баромада, худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, ронандагонро манъ ва дар сурати дарёфти камбудӣ даст ба тамаъҷӯӣ мезаданд.
Афзоиши шумори корҷӯён дар Тоҷикистон
Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯяд, моҳи сентябри соли ҷорӣ дар кишвар ба 1 ҷойи кори холии пешниҳодшуда 6 корҷӯ рост омад. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ба як ҷойи кор қариб 5 нафар рост меомад.
Ба иттилои ин ниҳод, то охири моҳи сентябри соли 2025 дар кишвар беш аз 88 ҳазор корҷӯ ба қайд гирифта шуда буданд, ки 16,1 дарсад зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта будааст.
Танҳо дар моҳи сентябр зиёда аз 11 ҳазор шаҳрванд барои мусоидат ба шуғл муроҷиат кардаанд, ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 24,5 дарсад афзудааст. Қисми зиёди муроҷиаткунандагон занон будаанд.
Ба иттилои Оҷонсӣ, то охири моҳи сентябр корхонаву ташкилотҳо ҳамагӣ 14,6 ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод кардаанд, ки 9,2% камтар нисбат ба соли гузашта аст.
Аҳолии Тоҷикистон солона то 200 ҳазор нафар меафзояд ва 70 дарсади аҳолии бештар аз 10 миллионнафарии кишвар ҷавонон ҳастанд. Ба сабаби бекорӣ ва ё музди кам, солона садҳо ҳазор нафар аз ҷавонони кишвар ба Русия барои кору зиндагӣ мераванд.
Трамп гуфтааст, Украина бояд интихоботи президентӣ баргузор кунад
Раисҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо Politico гуфтааст, ки Украина бояд интихоботи президентӣ баргузор кунад.
Доналд Трамп гуфт, "онҳо муддати дароз интихоботе надоштанд" ва афзуд, "онҳо дар бораи демократия гап мезананд, аммо ба самте ҳаракат доранд, ки дигар демократия нахоҳад буд."
Президенти Амрико дар сурати баргузор шудани интихобот эҳтимоли пирӯзии Зеленскийро истисно накардааст.
Трамп қаблан низ ба интихобот дар Украина даъват карда, ҳатто президент Владимир Зеленскийро "диктатор" номида буд, вале баъдан ин изҳоротро такрор накард.
Муҳлати раёсати Зеленский соли гузашта ба охир расид, аммо тибқи қонун, ӯ то баргузории интихоботи нав дар мақомаш хоҳад монд.
Ба сабаби ҳуҷуми Русия, аз моҳи феврали соли 2022 дар Украина вазъияти низомӣ ҷорӣ шудааст.
108 миллиард доллар. Ширкати Warner Bros. Discovery-ро кӣ мехарад?
Ширкати Paramount Skydance гуфтааст, ширкати Warner Bros. Discovery-ро ба 108 миллиард доллар харида метавонад.
Чанд рӯз пеш аз ин ширкати Netflix гуфт, барои бо нархи 82,7 миллиард доллар харидани Warner Bros. созишнома имзо кардааст.
Нашрияи The Guardian навишт, ширкати Netflix дар доираи ин созиш аз харидани саҳмияҳои Warner Bros., аз ҷумла шабакаҳои телевизионии CNN ва Discovery даст кашидааст.
Paramount гуфтааст, омода аст тамоми ширкатро бихарад. Масъулонаш дар номае ба саҳмдорони Warner Bros. гуфтаанд, қабули ин пешниҳод ба манфиати онҳо низ хоҳад буд.
Бовар меравад, ки созиш аз санҷиши идораҳои нозири давлатӣ хоҳад гузашт. Шӯрои мудирони Warner Bros. Discovery гуфт, пешниҳоди Paramount-ро меомӯзад.
Дар пешниҳоди Paramount яке аз сармоягузорон ширкати Affinity Partners ёд шудааст, ки муассиси он домоди президенти Амрико Доналд Трамп – Ҷаред Кушнер мебошад. Илова ба ин, падари раҳбари Paramount миллиардер Ларри Эллисон бо Кохи Сафед робитаи наздик дорад.
Трамп гуфтааст, ният дорад, дар қабули қарори созиш миёни Netflix ва Warner Bros. иштирок кунад, чун, ба гуфтаи ӯ, Netflix қисми калони бозорро дар даст дорад ва “ин чиз метавонад ба як мушкил табдил шавад”.
Амрико гурӯҳе аз шаҳрвандони Русияро берун кардааст
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳе аз шаҳрвандони Русияро аз хокаш берун кардааст.
Ҳавопаймои онҳо шаби 8 ба 9-уми декабр тавассути Қоҳира ба Маскав расид.
Вебсайти "Агентство" аз қавли Дмитрий Валуев, мудири созмони Russian America for Democracy in Russia, навишт, мақомоти Русия дар фурудгоҳ ба мардони ихроҷшуда даъватнома додаанд, то худро дар комиссариати ҳарбӣ номнавис кунанд.
То ҳол маълум нест, ки касе боздошт шудааст ё не.
"Агенство" навиштааст, аз ин пеш дар моҳи июн ва августи имсол низ шаҳрвандони Русия аз Амрико берун карда шуданд.
Баъди ба қудрат расидани Доналд Трамп, суръати аз Амрико рондани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва паноҳҷӯёне, ки дархосташон рад шудааст, афзоиш ёфт.
Қаблан фаъолони сиёсӣ Владимир Кара-Мурза, Юлия Навалная ва Иля Яшин аз сарвазири Канада хоста буданд, ки кишвараш мухолифони ҳукумати Русияро бипазирад.
Мунир: "Толибон бояд байни Покистон ва ТТП якеро интихоб кунад"
Осим Мунир, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Покистон, гуфтааст, ки ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон миёни ҳифзи робитаҳо бо Исломобод ва пуштибонӣ аз Таҳрики Толибони Покистон бояд якеро интихоб кунад.
Баъзе аз расонаҳои Покистон, аз ҷумла Dawn гузориш додаанд, ки ӯ ин суханонро рӯзи 9-уми декабр дар аввалин суханронии худ ба унвони фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Покистон баён кардааст.
Ӯ гуфтааст, "ба режими "Толибон" паём дода шуд, ки ҷуз интихоби яке аз ин ду -- "фитнаи хавориҷ" ё Покистон ҳеч гузинаи дигаре вуҷуд надорад." "Фитнаи хавориҷ" истилоҳе аст, ки мақомоти Покистон барои Таҳрики Толибони Покистон ба кор мебаранд.
Дар идомаи гузориш омадааст, ки ӯ ҳамзамон ба Ҳинд ҳушдор додааст, ки гирифтори худфиребӣ нашавад, зеро посухи баъдии Покистон аз ин ҳам зудтар ва сахттар хоҳад буд.
Дар идомаи гузориши расонаи Dawn омадааст, ки Осим Мунир афзудааст, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши таҳдидҳо нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар бояд бо як низоми муттаҳид кор кунанд.
Ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон то кунун ба ин изҳорот вокуниш нишон надодааст. Аммо пеш аз ин, масъалаи Таҳрики Толибони Покистонро мавзӯи дохилии он кишвар хонда, ҳамеша таъкид кардааст, ки иҷозат намедиҳад хоки Афғонистон бар зидди дигар кишварҳо истифода шавад.
Австралия ҳисоби навҷавононро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебандад
Аз рӯзи 10-уми декабр навҷавонони зери 16-сола дар Австралия дигар иҷозаи доштани ҳисоб (аккаунт) дар шабакаҳои иҷтимоӣ, монанди "Фейсбук" ва "Тикток"-ро нахоҳанд дошт.
Антони Албанезе, нахуствазири Австралия дар як паёми видеоӣ гуфт, ин қонун барои ҳифозат аз фишорҳои дунёи маҷозӣ рӯи навҷавонон қабул шудааст.
Бар асоси қонуни нав, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд корбарони зери 16-соларо шиносоӣ ва ҳазф кунанд ва дар ғайри ин сурат, бо ҷаримаҳои вазнин рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Албанезе аз навҷавонон хост, дар таътили тобистона вақти худро камтар дар телефонҳои мобилӣ ва бештар бо хонавода, дӯстон ва фаъолиятҳои ҳузурӣ бигузаронанд.
Ӯ дар паёми видеоие, ки нашр кард, гуфтааст, ин тасмим ба фоидаи навҷавонон аст ва афзудааст, ки "варзиши навро шурӯъ кунед, як мусиқи нав ёд бигиред, ё он китоберо бихонед, ки муддате аст рӯи рафи китобгузорӣ мондаед".
Ҳушдорҳои Apple ва Google ба муштариёнашон дар даҳҳо кишвар
Ширкатҳои бузурги Apple ва Google ба муштариёни худ дар даҳҳо кишвар дар бораи таҳдидҳои ҳакерӣ огоҳӣ фиристодаанд.
Apple гуфтааст, ин ҳушдор рӯзи 2-юми декабр фиристода шуд, аммо дар бораи ҳамла ва шумори корбароне, ки ҳадаф қарор гирифтанд, ҷузъиёт надод.
Масъулони ширкат танҳо эълом кардаанд, ки то кунун ба корбарон дар бештар аз 150 кишвар огоҳӣ доданд.
Google рӯзи севуми декабр гуфт, ҳамаи корбаронеро, ки аз ҷониби нармафзори ҷосусии Intellexa ҳадаф қарор гирифта буданд, хабардор кард.
Ин ҳамлаҳо, ба иттилои масъулони ширкат, чандсад ҳисоб (аккаунт)-ро дар кишварҳое ба мисли Тоҷикистону Покистон, Қазоқистон, Ангола, Миср, Узбекистон ва Арабистони Саудӣ дар бар мегиранд.
Intellexa ширкати иктишофии сайберист ва зери таҳримҳои ҳукумати Амрико қарор дорад, вале ба гуфтаи Google, "фаъолона ба кораш идома медиҳад".
Ин гуна ҳушдорҳо дар чанд соли охир боис ба таҳқиқ ё тафтишоти расмӣ дар чанд кишвар шудааст.
Дар Узбекистон гурӯҳе аз зиндониёнро афв кардаанд
Президенти Узбекистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 615 маҳбусро афв кардааст. Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ин маҳбусон "аз кардаи худ пушаймон шуда, дар роҳи ислоҳи худ буданд".
Бар асоси фармони президент Шавкат Мирзиёев, 220 маҳбус аз адои ҷазо пурра озод шуда, муҳлати ҳабси дигарон сабуктар шудааст.
Дар миёни афвшудагон 29 нафарашон зан, 23 кас шахсони аз 60 сола боло ва 264 тани дигар афроди аз 30 сола поён ҳастанд.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, мақомот муваззаф шудаанд, ки барои таъмини маҳбусони озодшуда бо ҷойи кор кумак расонанд.
Трамп: Зеленский то ҳол бо тарҳи сулҳи Амрико шинос нашудааст
Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский барои имзои тарҳи сулҳи Вашингтон "омода нест", чун ҳатто бо он шинос нашудааст. Маълум нест, ки сухан дар бораи тарҳи қаблӣ меравад ё гузинаи нав таҳия шудааст.
"Бояд бигӯям, ки ман каме ноумед ҳастам, ки президент Зеленский то ҳол ба пешниҳоди мо шинос нашудааст, ҳадди ақал давоми чанд соати охир. Ин тарҳ ба атрофиёни ӯ писанд шуд, вале ба худи ӯ не", - гуфт Доналд Трамп.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Амрико, Маскав мехоҳад тамоми Украинаро дошта бошад, аммо ба шартҳои сулҳ розӣ аст. "То ҷое медонам Русия розӣ аст, аммо мутмаин нестам, ки Зеленский аз ин тарҳ қаноатманд бошад", - афзуд ӯ.
Рӯзи 6-уми декабр Владимир Зеленский аз суҳбати "тӯлонӣ ва пурмазмун" бо Стив Виткоф, фиристодаи вижаи президенти Амрико ва Ҷеред Кушнер, домоди Доналд Трамп хабар дод. Зеленский гуфт, ду тараф дар бораи "нуктаҳои асосие, ки метавонад поёни ин ҷанги хунинро кафолат диҳад" гап задаанд.
Ҳалокати домоду арӯс аз дуди ангишт дар Рашт
Дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт зану шавҳари ҷавон дар ноҳияи Рашт ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса шаби 5 ба 6-уми декабр дар деҳаи Кӯлобаи ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳия рух додааст.
Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Рашт 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "домоду арӯс ду моҳ пеш оиладор шуда буданд. Шаби 5-уми декабр ҳаво сард мешавад ва онҳо барои гарм кардани хона аз ангишт истифода мебаранд. Субҳи 6-уми декабр наздикони домод дарро мекушоянд ва маълум мешавад, ки зану шавҳар аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Онҳоро ба беморхона мебаранд, аммо зану шавҳар дар роҳ ҷон медиҳанд".
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, домод 25 ва зан 18-сола будааст.
Мақомот, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса расман хабар надодаанд.
Дар Тоҷикистон, ки сокинон дар тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд, сокинон маҷбур мешаванд бо ангишт хонаҳоро гарм кунанд.
Соле нест, ки хабари марги сокинон аз дуди ангишт расонаӣ нашавад. Аз ҷумла моҳи феврали соли 2024 шаш узви як хонавода дар шаҳри Душанбе бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт, ҷон бохтаанд.
Мақомот сӯхторро дар бозори "Корвон" шарҳ доданд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сӯхторро дар чанд мағозаи канори бозори "Корвон" шарҳ дод. Ҳодиса рӯзи 6-уми декабр рух дод ва чанд соҳибкор зарар диданд.
Дар хабарномаи ВКД омадааст, сӯхтор соати 8:18 сар зада, соати 10:30 "ба пуррагӣ хомӯш карда шуд".
Мақомот мегӯянд, то расидани сӯхторнишонҳо "алангаи оташ мағозаҳои қолин, кӯрпа ва кошонаи ҳуснро дар масоҳати 180 метри мураббаъ фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳншавии алангаи оташ ба дигар қисматҳои ҳамшафати он ба миён омада буд".
Мақомот дар бораи ҳаҷми зарар ва сабаби оташсӯзӣ чизе нагуфтаанд. Дар хабарномаи Вазорати корҳои дохилӣ танҳо ишора шудааст, ки ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Навори оташсӯзӣ дар канори бозори "Корвон" ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва дар он дида мешавад, ки растаи фурӯши курпа, сандуқ ва қолинфурӯшӣ ба коми оташ рафтааст. Як блогери тоҷик навиштааст, мағозаи фурӯши либосҳои тӯёнаи ӯ низ дар ин ҳодиса зарар дид.
Ин бори аввал нест, ки бозори "Корвон" месӯзад. Солҳои гузашта борҳо ин бозор оташ гирифтааст. Як моҳ пеш бозори "Гулистон" дар шаҳри Панҷакент оташ гирифта буд.
Дар бештари маврид моликони дӯконҳои оташгирифта ҷуброн дарёфт намекунанд.
Аксҳо аз сомонаи ВКД