Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон. Мушкилоти аслии рушди сайёҳӣ аз нигоҳи Бонки Ҷаҳонӣ. ВИДЕО


Гаронии парвозҳо аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ва камбуди чунин хатсайрҳо, набудани парвозҳо ба вилояти Бадахшон ва камбуди меҳмонхонаҳо ва шароити беҳдоштӣ, аз ҷумла, ҳоҷатхонаҳо, аз мушкилоти аслӣ дар роҳи рушди арсаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон будааст. Ин камбудиҳо дар ҷараёни як таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон муайян шудааст.

Сурат Тоймастов, роҳбари ширкати сайёҳии "Сафари Помир" мегӯяд, ки дар таҳияи ин таҳқиқот ширкат дошта ва бо натоиҷи он комилан мувофиқ аст. Вай гуфт, ки аз соли 1989 дар арсаи сайёҳӣ фаъолият мекунад ва бо бештаре аз мушкилоти ин арса ошно мебошад.

Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озоди гуфт, "мо муайян кардем, ки парвозҳо аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон дар муқоиса бо парвозҳо ба Қазоқистон ё Қирғизистон 40-45 дарсад гаронтар аст. Гузашта аз ин, ба самти Бадахшон, ки минтақаи дӯстдоштаи сайёҳони хориҷӣ аст, парвозҳо аслан вуҷуд надоранд. Аммо, сайёҳон хеле ба тамошои қуллаҳои Помир аз баландии парвоз алоқаманд ҳастанд".

Андреа Далл Олио, коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ ва яке аз муаллифони ин пажӯҳиш мегӯяд, ки воқеан мушкили парвозҳо ба Тоҷикистон ва ба Бадахшон як монеа дар тавсеаи ин бахш шудааст. Ҳарчанд, ҷаноби Далл Олио эътироф мекунад, ки дар ду соли ахир афзоиши бамаротиби теъдоди ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Вай афзуд, дуруст аст, ки дар Душанбе меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд шудаанд, аммо берун аз пойтахти Тоҷикистон ба сайёҳон асосан хонаҳои шахсӣ барои будубош пешниҳод мешаванд. Ба бовари вай, нуктаи муҳими дигаре, ки аз афзоиши бештари сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон монеъ мешавад, ин набудани шароити беҳдоштӣ, аз ҷумла ҳоҷатхонаҳои замонавӣ мебошад. Ин коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ афзуд, ки сайёҳони хориҷӣ зиндагӣ дар хонаҳои мардумро меписанданд ва бо урфу одату таомҳои маҳаллӣ ошно мешаванд, аммо бештаре аз онҳо аз мушкилоти санитариву гигенӣ шикоят мекунанд.

Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар маросими муаррифии натоиҷи ин пажӯҳиш аз анҷоми чунин як таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ истиқбол кард ва гуфт, ки ин амр дар рушди минбаъдаи арсаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Ба гуфтаи ҷаноби Абдуғаффорзода, танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди як миллион ҷаҳонгардони хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд.

Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо беш аз 110 кишвари ҷаҳони низоми соддашудаи дарёфти визаро роҳандозӣ кардааст ва бо 10 кишвари дигар аслан низоми раводид ҳам надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло тамоюли афзоиши сайёҳон аз кишварҳои ИДМ, Аврупо ва ҳам Амрико дида мешавад. Ба Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон афзуд, дар ин давра ба Тоҷикистон аз 140 кишвари ҷаҳон сайёҳон сафар кардаанд.

Зимнан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ омори соли ҷорӣ ва соли гузаштаи Кумитаи рушди сайёҳӣ дар бораи теъдоди сайёҳони хориҷии ба Тоҷикистон сафар карда, вокунишҳои мухталифире дар пай дошт. Бархе аз муаллифони навиштаҳо иддао доранд дар ҳоле, ки бештаре аз меҳмонхонаҳои Тоҷикистон бо камбуди сайёҳон рӯбарӯ ҳастанд, ин миқдори бузурги ҷаҳонгардон дар куҷо шабро рӯз мекунанд? Аммо, роҳбарияти ин Кумита ба дурустии омори худ пофишорӣ мекунад.

Чаро сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд намекунад? Ҷавоби Бонки Ҷаҳонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Дар ҳамин ҳол, Татина Сегал, мутахассиси пешбари Бонки Ҷаҳонӣ хабар дод, ки ахиран ин муассисаи байналмиллалии молӣ барои рушди деҳоти Тоҷикистон 30 миллион доллар ихтисос додааст, ки ҳудуди 5 миллион аз ин маблағ барои тавсеаи арсаи сайёҳӣ дар 4 ноҳияи наздимарзии вилояти Хатлон ва 3 ноҳияи вилояти Бадахшон сарф хоҳад шуд.

Ба гуфтаи хонум Сегал, дар канори фароҳам кардани шароити муносиб барои будубоши сайёҳони хориҷӣ, ҳамчунин рушди бахши хизматрасонӣ ба сайёҳон, ғизопазӣ барои онҳо ва тавлиди арғувони миллӣ барои сайёҳон аз бахшҳои дигари ин тарҳ будааст.

Зимнан, соли гузашта дар Тоҷикистон соли рушди сайёҳӣ эълон шуда буд ва имсол низ раиси ҷумҳур сесолаи рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумиро эълон кард. Ба ин хотири, бо дастури президент Раҳмон ба ширкатҳои сайёҳӣ имтиёзҳои андозӣ ихтисос дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG