Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашт ба гузашта ё ҷаҳиш ба оянда? Роҳҷӯии кинои тоҷик пас аз 90 соли ҳастӣ


Синамогарони тоҷик аз 90-умин солгарди худ бо мушкилоти моливу кадрӣ, вале бо идеяҳои бузургу умедворӣ ба ояндаи беҳтар таҷлил мекунад. Бинандагон иддао мекунанд, ки кинои тоҷик бо вуҷуди гузаштаи пурбор акнун машғули дарёфти оянди худ аст.

Эҷодкорон ва дӯстдорони санъати кино дар Тоҷикистон 16--уми октябр Рӯзи кинои тоҷикро таҷлил намуданд. 90 сол пеш озмоишгоҳи хурди кино дар қаламрави имрӯзи Тоҷикистон, ки дар он ҷо филмҳои мустанаду таворихӣ (хроникавӣ) тавлид мешуд, номи "Тоҷиккино"-ро гирифт ва тадриҷан бо рушди ин соҳа ба "Тоҷикфилм" табдили ном кард.

Аз он замон то кунун синамогарони тоҷик фарозу нишебҳои зиёдеро таҷриба кард, вале ба таври даврӣ ҳамеша асарҳое офарид, ки боиси эътироф ва шуҳрати он гардид. Ҳоло ин бахш даврони хеле бади худро мегузаронад, вале намояндагони он бо илҳом аз рӯзҳои гузашта, бо тамоми тавон талош мекунанд онро нигоҳ бидоранд.

Бо такя ба гузашта

“Замоне “Тоҷикфилм” дастовардҳои сатҳи ҷаҳонӣ дошт. Масалан, асарҳои Барис Кимёгаров, ки бар пояи “Шоҳнома” офарида шуда буданд, ба тамошобин ҳувият ва фарҳанги моро бармалло кард. Мардумони кишварҳои дигар ба пазируфтани чеҳраи милли тоҷикон, аз қабили образи Рустаму Суҳроб пардохтан. Ҳама ин ба шарофати кино буд”,- ёд меорад аз гузаштаи санъати кинои тоҷик раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов.

Дар оғози пайдоиши ин соҳа дар он коргардонҳои омада (аз берун) фаъолтар кор карданд, ки асосан филмҳои таърихӣ рӯйи навор меоварданд. Вале ба тадриҷ ба ин бахшро синамогарони маҳаллии тоҷик ба даст гирифтанд.

Агар дар солҳои 30-юм филмҳо дар бораи муборизаи синфӣ (“Вақте амир мефавтад” Л.Печёрин) ё бунёди сосиализм (“Дӯстон бори дигар мулоқот мекунанд” К. Ёрматов, “Боғ” Н.Достал) буданд, пас оҳиста-оҳиста мавзуи онҳо тағйир ёфт. Филмҳои мабнӣ бар асарҳои адабӣ, ба монанди “Дохунда” дар бораи инқилоб, “Қисмати шоир” дар бораи Рӯдакӣ аз Барис Кимёгаров, синамоӣ кардани румони Садриддин Айнӣ “Маги судхӯр”-и Тоҳир Собиров, “Зумрад” дар бораи озодиҳои маънавии занони тоҷики Абдусалом Раҳимову ва Александр Давидсон ва филмҳои бисёри дигар пайдо шудан гирифтанд. Баъдан филмҳои ҳаҷвӣ ва филмҳои муосиртари дарбаргирандаи руҳи замон ба миён омаданд.

“Он замонҳо мо мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва пойгоҳи бисёр хуби фаннӣ доштем, ки ба мо муяссар шуда буд дар бахши кино фарҳанги осиёӣ ва аврупоиро ба ҳам биорем, ки бисёр муҳим буд. Камбахтона, мо ҳоло ин ҳамара аз даст додем”,- мегӯяд коргардон Искандар Усмонов. Ба гуфтаи вай, дар марҳилаи ҳозир ҳадафи аввалиндараҷа бозсозии мактабҳои кинои тоҷик аст.

Бо вуҷуди ин ҳама, дар он замони “гузаштаи шигифтовар” интиқодҳое садо медод, ки синамои тоҷик шадидан идеологизада аст, бештар ба солҳои мубориза бо падидаи “босмачигарӣ” тамаркуз мекунад. Пулро Госикино (Синамои давлатӣ)-и ИҶШС ҷудо мекард ва “дархости мусиқӣ”-ро ҳам он медод.

Мушкилоти пасоистиқлолӣ

Бо фурӯпошии ИҶШС маблағгузории тавлиди кино қатъ шуд ва пойгоҳи моддиву фаннӣ куҳна гардид, ки боиси эҷоди буҳрон дар соҳа шуд. Сарфи назар аз ин “Тоҷикфилм” дар нимаи дувуми солҳои 90-ум алорағми таназзул корро бар пояи пойгоҳи худӣ давом дод. Тамос миёни тамошобин ва синамогар канда шуд, ки мустақиман ба сифати филмҳо таъсир гузошт.

Ҳоло, тавре Искандар Усмонов мегӯяд, мушкили аслии соҳа набуди маблағ ва норасоии мутахассисони даркорист. “Вобаста ба кор ман, ғолибан ба Қазоқистону Қирғизистон меравам ва мушоҳида мекунам, ки онҳо мутахассисони сатҳи баланде доранд. Чаро мо наметавонем онҳоро даъват кунем, мастер-класс ё филмбардориҳои муштарак ташкил намоем. Зоҳиран, мо намехоҳем масъулияти зиёдатиро ба дӯш бигирем”,-мегӯяд ӯ.

Киношинос ва коргардони синамо, узви Шабакаи пешбурди синамои осиёӣ ва каронаҳои уқёнуси Ором Шарофат Арабова ба ин мавқеъ чандон ҳамрайъ нест. Ба гуфтаи ӯ, маблағгузорӣ ҳаст, вале зарур аст, ки пулҳо дар ҷойи лозим истифода шаванд. “Бояд пеш аз ҳама бо навсозии таҳҷизот, ташкили фазои рақобатпазир, бозомӯзии на танҳо коргардонҳо, ҳатто филмбардорону тарроҳони либосу ғайраҳо нигаронида шаванд”,-таъкид мекунад Арабова.

Чораандешиҳои ҳукумат

Соли 2017 мувофиқи қарори ҳукумат Барномаи рушди кино барои солҳои 2018-2022 қабул шуд ва ҳамчунин дар пояи киностудияи “Тоҷикфилм” ва муассисаи “Тоҷиккино”, муассисаи ҷудогонаи давлатии “Тоҷикфилм” берун аз тобеияти Кумитаи телевизион ва радио назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфт. Ба ҷуз ин, барнома, қисман маблағгузории давлатии филмҳо ва ҳуқуқи ҳамаи созмонҳои синамогариро барои дарёфти дастгирии давлатӣ, ки мувофиқи қонун 70% аст, пешбинӣ мекунад.

Ҳадафҳои асосие, ки дар барнома таъкид шудааст ҳамчунин ба навсозии парки нақлиётӣ ва харидани 8 мошин, харидани таҷҳизоти муосири забти садо, бозомӯзӣ ва омода кардани кадрҳо дар хориҷ (36 нафар), амалӣ кардани барномаҳои рушди ниҳодҳои зерсохтори давлатӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо, бозсозӣ ва беҳтар кардани пойгоҳи моддиву фанӣ низ дахл доранд.

Раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон Сафар ҳақдодов эътироф мекунад, ки чораҳои андешида шуда вазъро беҳтар карданд, вале кофӣ нестанд. “Мо соҳиби ниҳоди ҷудогона шудем, хонаҳои синамоӣ таъмир шудан гирифтан, ҳоло бо шарофати ҳамин дастгирӣ 5-6 филми нав сохта мешавад. То соли 15-ум ба шарофати барномаи давлатии дастгирии кино таҳҷизоти лозим харида шуд. Вале тавлиди кино танҳо як бахши кор аст, бахши дигар – ин вориди бозори дохил ва хориҷ кардани он аст”,-мегӯяд Ҳақдодов. Ӯ кам будан ва дар баъзе ҷоҳо комилан набудани хонаҳои синаморо як мушкили ҷиддӣ медонад.

Мустанадсозӣ вижагии санъати кинои тоҷик

“Мо зарфияти бузурге барои сохтани филмҳои мустанад дорем. Ин анъанаи солҳои 70-80-ум ба фарқ аз филмҳои ҳунарӣ аст ва ин бахш масрафҳои калон надорад”,-мегӯяд Шарофат Арабова. Ба мушоҳидаи ӯ, вақтҳои ахир талабот ба офаридаҳои ватанӣ зиёд шудааст ва ба ин дархостҳо бояд пешниҳодҳои мувофиқе бошад.

Ӯ мегӯяд, ки кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон аз назари таблиғи синамои худ хеле пеш рафтанд ва ин ангезаи барои рушди синамо аст.

Зимнан, санъати кино дар кишварҳои рушдёфта ва дар ҳоли рушд ҳар чи бештар абзори муассире барои таблиғи фарҳангу идеология мегардад. Кофист, ки аз сериёлҳои таърихии туркӣ ном бибарем, ки амалан таърихи туркҳоро тафсир мекунанд ва ҳаводорони миллионие, аз ҷумла дар кишварҳои пасошӯравӣ доранд.

Филмҳои таърихии дар Қазоқистон сохташуда ҳамин анъанаро такрор мекунанд. Оё Тоҷикистон ҳам ин таҷрибаро барои аз миён бурдани зеҳниятҳои манфии халқшуда дар мавриди худ ба кор мебарад? “Ин имкониат вуҷуд дорад, вале оё ин дарк вуҷуд дорад ё ин масоил матраҳ мешавад, барои мо маълум нест”,- тахмин мезанад Искандар усмонов.

Роҳи пеширӯ

Аз пешинаи шӯравӣ то ба як давраи кӯтоҳи рукуду ҳаваскорӣ, кинои тоҷик барои пайдо кардани симои худ тавассути тамоюлҳои кинои туркӣ, эронӣ, ҳиндӣ ва ҳатто амрикоӣ роҳ мепаймояд. Ҳамчунин гуруҳи ҷавонони синамогаре пайдо шудаанд, ки асарҳои Бахтиёр Худоназаров коргардони тоҷики шуҳрати ҷаҳонидоштаро роҳнамои худ барои оянда медонанд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG