Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хобҳои сиёсии пеш аз интихоботи 2020. Чеҳраҳо нав мешаванд ё бетағйир мемонанд?


Ҷилваи чеҳраҳои кӯҳна, ваъдаҳои такрорӣ, тақаллуб, вакилони аз пеш маълум ва маъракаи сиёсии бе интрига. Ин тасвири пешакии баъзе аз коршиносон ва намояндагони ҳизбҳои мухолиф аз интихоботи ояндаи порлумонист, ки то замони баргузориаш ҳамагӣ панҷ моҳи дигар мондааст. Аммо намояндагони давлат ва ҳизбҳои сиёсие, ки дар порлумон соҳиби курсиянд, мегӯянд, чеҳраҳои навро ба ин маърака пешниҳод мекунанд ва ба интихоботи ҷавобгӯ ба меъёрҳои демократӣ дар Тоҷикистон бовар доранд.

Моҳи ноябри имсол омодагӣ ба интихоботи порлумонии соли 2020 расман оғоз мешавад. Моҳи декабр аҳзоби сиёсӣ ва шахсиятҳои мустақил ҳаққи сабти номзадишонро дар Комиссияи марказии интихобот ба даст меоранд ва бояд ба таблиғи номзадҳояшон дар интихобот оғоз кунанд.

Хобҳои интихоботӣ

Ба ҷуз аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ талошҳои аҳзоби дигар барои иштирок дар интихобот ба назар намерасад. Ҳеҷ чеҳраи нав ва мустақил ҳам ҳанӯз аз иштирокаш дар интихоботӣ порлумонӣ хабар надодааст.

Пешниҳоди номзадӣ ва пирӯз шудани афроди мустақил, ба гуфтаи Абдулализи Восеъ, рӯзноманигори тоҷик, танҳо дар хоб имкон дорад. Ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш рӯзи 18-уми октябр хоби дидаашро нақл кард, ки гӯё номаш дар рӯйхати номзадҳо ба интихоботи порлумонӣ сабт шудааст.

Коре, ки ба навиштаи ҳазломези рӯзноманигори дигар, Иршод Сулаймонӣ, дар Тоҷикистон “имкони депутат ва президент шудани шаҳрвандони одӣ танҳо дар хоб имконпазир аст”.

Абдулазизи Восеъ мегӯяд, дар асл ин танҳо хоб буд ва ҳеҷ орзу ва нақшаи вакили Маҷлиси Намояндагон шуданро надорад. “Аввал ин ки дар шароити ҳозира имкони иштирок вуҷуд надорад. Кори нафаре, ки чунин орзу дорад, то эълони мавқеаш давом мекунад ва ҳатто то сабти номаш намерасад. Аз тарафи дигар, агар ҳам депутат шавам, коре аз дастам намеояд. Ман ҳам ҷузъе аз онҳое хоҳам шуд, ки ҳоло дар порлумон нишастаанд. Ҷузъи системае, ки солҳост якранг кор мекунад ва бо ворид шудани як ду нафар дар он чизе тағйир нахоҳад ёфт”, -- гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Чеҳраҳои такрорӣ

Ҳоло аксаран онҳое барои иштирок дар интихобот изҳори омодагӣ мекунанд, ки қаблан дар он ширкат карда буданд. Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки дар интихоботи гузашта пирӯз шуд ва Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дубора дар интихоботи порлумонии соли 2015 ширкат ва шикаст хӯрд, аз ҷумлаи ин афроданд.

Олимҷон Бобоев охирин моҳҳои вакилиашро пушти сар мекунад. Ӯ ният дорад, дар интихоботи ояндаи порлумонӣ иштирок карда, панҷ соли дигар узи Маҷлиси Намояндагон бошад. Бобоев ҳузури худу ҳамфикронашро дар порлумон судманд медонад ва ба ҳамин далел, ба гуфтаи худаш, талош мекунад, шумори бештаре аз намояндагони ҳизби ӯ вориди ниҳоди қонунгузор шаванд.

“Ҳоло ҳизби мо дар порлумон се намоянда дорад. Дар интихоботи навбатӣ номзадии шаш доктори илмро пешбарӣ хоҳем кард. Моҳи декабр ҷаласа дорем. Агар шаш нафар шудем, дар порлумон фраксия ташкил мекунем”, -- гуфт ӯ ва изофа намуд, чаҳор нафаре, ки ҳоло исмашон ошкор намешавад, чеҳраҳои нав ва ҷавонанд.

Шокирҷон Ҳакимов, ки соли 2010 ва 2015 аз ҳавзаи Конибодом дар интихобот иштирок кардааст, мегӯяд, имсол низ номзадиашро пешниҳод мекунад. Аз нигоҳи ӯ, агар мисли давраҳои гузаштаи интихобот, аз номи президент ба раванди он дахолат нашавад ва мақомот мардумро чун пештара барои ба кӣ овоз додан таъқиб накунанд, имкони пирӯзиаш вуҷуд дорад.

“Ман бо барномаҳои ҷиддӣ вориди интихобот мешавам. Фақат ба мардум имконият диҳанд, ки худашон интихоб кунанд. Бо ворид шудани се-чаҳор нафар дигарандеши воқеӣ порлумон ва давлат зарар намебинад. Аммо инҳо, бо ворид шудани намояндагони ҳизбҳои сунъӣ ва шахсиятҳое, ки аслан дилу нияти вакил шудан надоранд, мисли раисҳои собиқ, порлумон месозанд”, -- гуфт ӯ.

Духтари Нурӣ ва абераи Нусратулло Махсум куҷо шуданд?

Бархе дигар аз номзадҳое, ки дар интихоботи соли 2015 ширкат карда буданд, ҳоло ё хоҳиш надоранд ва ё бо далелҳои таҳти пайгард будан аз ҳаққи иштирок маҳруманд. Одил Атоев, абераи Нусратулло Махсум - чеҳраи саршиноси Тоҷикистон дар оғози Шӯравӣ, ки аз ҳавзаи Шоҳмансури шаҳри Душанбе номзад шуда буд, мегӯяд, ҳанӯз тасмим нагирифтааст.

Ӯ ҳоло дар як дармонгоҳи пойтахт ба ҳайси пизишк кор мекунад ва мегӯяд, интихоботи гузашта танҳо як сабақ дар зиндагиаш буд. “Маъракаи интихоботӣ эълон шавад, баъд маълум мешавад, ки иштирок мекунам ё не. Интихоботи гузашта таҷрибаи калон шуд. Ҳозир чизе гуфта наметавонам. Фақат бинам, кӣ номзад мешавад, баъд ба хулосае меоям”, -- гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Одил Атоев панҷ сол пеш дар ҳавзаи Шоҳмансур бо Руқия Нурӣ, духтари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва Баҳром Абдуҳалимов, раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе вориди рақобат шуда буд. Пирӯзӣ дар ин ҳавзаро комиссияи интихоботӣ ба Баҳром Абдуҳалимов мансуб донист.

Кӯшишҳои мо барои пурсидани мавқеи Руқия Нурӣ дар ин бора то ин дам бенатиҷа буд. Вале ҳизбе, ки ӯ дар гузашта ба намояндагӣ аз он довталаби курсии вакили порлумон буд, ҳоло “экстремистиву террористӣ” эълон шудааст. Раҳбарони ҳизб дар хориҷа ин қарорро "сиёсӣ" ва "беасос" медонанд.

Муҳаммадҷони Нурӣ, писари дигари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки соли 2015 дар рӯйхати номзадҳои ҳизб ба интихоботи порлумонии соли 2015 дар ҷойи сеюм қарор дошт, ҳоло дар руйхати “сиёҳ”-и Бонки милли Тоҷикистон ҳамчун нафаре, ки дар терроризм даст дорад, дар ҷойи дуюм қарор гирифтааст. Рӯйхате, ки мухолифон онро баҳонаи сохта барои саркӯби дигарандешон унвон мекунанд.

Як фарқи интихоботи соли 2020, ба гуфтаи коршиносон, ин аст, ки ҳизби ҳамакнун дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва чеҳраҳои дигарандеши Ҳизби коммунисти Тоҷикистон шонси ширкатро дар он надоранд.

Интихобот ё намоишномаи як коргардон?

Дар ду давраи интихобот, то соли 2015, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон чаҳор курсӣ дар порлумон ба даст оварданд. Вакилони ин ду ҳизб, бештар бо ошкоргӯӣ ва интиқод аз тасмимҳои ҳукумат шинохта мешуданд. Ин ду ҳизб дар баҳори соли 2015 курсиҳояшонро аз даст доданд. Тирамоҳи ҳамон сол ҳизби наҳзат мамнӯъ шуд ва Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунист, дар як ҷаласае, ки ӯ онро “табаддулоти дохилӣ” унвон карда буд, аз мақомаш барканор шуд. Исмоил Талбаков, коммунисте, ки бо назарҳои интиқодияш дар порлумон шинохта мешуд, ҷойгузини ӯ шуд. Талбаков бар асари беморӣ даргузашт ва Шодӣ Шабдолов аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст кашид. Фаъолиятҳои ин ҳизби ду даҳсола пеш маъруф дар Тоҷикистон чандон чашмрас нест.

Далер Шарифов, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, солҳост, ки интихобот дар Тоҷикистон шабеҳи як намоишномаи такрорӣ шудааст. Намоишномае, ки коргардонаш як нафар аст, вале гоҳ-гоҳ ширкатдоронаш бо иҷрои нақшҳои такрорӣ иваз мешаванд.

Ӯ мегӯяд, аз ҳизбҳои сиёсии мухолиф ва ҷонибдори давлат дар интихоботҳо танҳо чеҳраҳои такрорӣ бо барномаҳои такрорӣ вориди корзори интихоботӣ мешаванд. “Интихоботи мо зоҳиран мисли таъиншуда аст, аз ин рӯ, чеҳраҳои наву мустақил талоши ширкат надоранд. Солҳост, ҳамон чеҳраҳо, ҳамон барномаҳо ҳастанд. Чизе, ки таъсир надорад, таъсиргузор нест ва ҳеҷ сарнавиштеро ҳам дигар намекунад, дигар хоҳишмандонро ҳавасманд намекунанд. Чун онҳо медонанд, ки натиҷаи интихобот аз қабл маълум аст. Интихобот, порлумон ва депутат чун дар зиндагии мардум ҳеҷ таъсире надорад, дигар мардум ҳам дунболи он намегардад, ки кӣ ғолиб мешавад, кӣ не”, -- гуфт ӯ.

То интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон панҷ моҳи дигар мондааст. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст. Аксари курсиҳо дар ин шохаи ҳокимиятро намояндагони Ҳизби ҳоким дар даст доранд.

Коршиносон мегӯянд, то замоне ки порлумон мустақил нест ва зери иродаи шохаи иҷроия амал мекунад, вакил шудани афроди мустақил ва намояндагони аҳзоби мустақил як орзу ва хоб мемонад. Мисли хобе, ки рӯзноманигори тоҷик, Абдулазизи Восеъ, мегӯяд, онро дидааст, аммо таъбираш манфист. Бо вуҷуди ин даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба интихоботи озоду одилона ва шаффоф барои баргузида шудани беҳтаринҳо, шӯълаи умедро ба рӯ задани интрига дар намоишномаи куҳна рушан нигоҳ медорад.

Шарҳҳоро бинед (27)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG