Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳинҳои Испания – паррандаҳои маҳбуби шайхони араб. ВИДЕО


Хуан Антонио ва ҳамкораш барои ирсоли 52 шоҳин аз Испания ба Қатар омодагӣ мегиранд. Аммо пеш аз фиристодани паррандаҳои шикорӣ ба Ховари Миёна онҳоро як бори дигар тафтиш мекунанд. Ӯ мегӯяд, пару болҳояи шоҳин бояд поку зебо ва комил бошад.

Шоҳинҳои Кастил, шаҳре дар Испания, назар ба навъҳои дигари ин парранда, бузург ва тезпарвозанд. Ҳар сол аз парваришгоҳи Хуан Антонио дар Кастил 150 шоҳини шикориро ба Ховари Миёна мебаранд.

Паррандаҳоро, ки ҳазорон евро арзиш доранд, сарватмандон ва дӯстдорони шикор мехаранд. Хуан Антонио мегӯяд: “Мизоҷоне ҳастанд, ки шоҳинҳоро барои тимҳои шаҳзодаҳо мехаранд. Барои ҳамин бояд эҳтиёт кунед, ки чӣ мефурӯшед ва ба кӣ мефурӯшед. Шумо агар як паррандаи камтар аз инро ба дастаи шаҳзода фурӯшед, дари бозорро ба рӯи худ мебандед.”

Хуан Антонио 15 сол боз шоҳин мепарварад ва 60 дар сади даромадаш аз фурӯш ба хориҷиён аст. Ӯ ва чанд нафари дигар дар минтақа аз фурӯшандагони асосии шоҳин дар дунё ҳастанд. Соли 2018 Испания ба хориҷ 2800 шоҳин фурӯхтааст ва харидорон аз Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ ва Қатар будаанд.

Азбаски шоҳинҳои Испания обрӯи баланд доранд, ҷояшон дар намоишгоҳи солонаи паррандаҳои шикорӣ дар Доҳа холӣ нест. Салим ал-Ҳамидӣ, фурӯшанда ва шоҳинпарварӣ қатарӣ гуфт, “ҳавои Испания ба ҳавои Халиҷ монанд аст, ҳарорату рутубат шабеҳанд. Вақте шоҳинҳоро аз Испания ба Қатар меоранд, онҳо тағйири зиёдеро дар ҳаво эҳсос намекунанд.”

Як харидори арабӣ барои як шоҳини Испания на кам аз 2 ҳазор евро мепардозад. Аммо қимати баъзе аз шоҳинҳои тезчангол, ки барои хонаводаҳои шоҳӣ мепарваранд, то ба даҳҳо ҳазор евро мерасад.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Шоҳинҳои Испания - паррандаҳои маҳбуби шайхони араб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Хавиер Себаллос, мутахассиси паррандапарвар бозори шоҳин дар кишварҳои арабиро хуб медонад. Ӯ мегӯяд: “Баъзе аз шайхон шоҳинҳои зиёде доранд, ки баъзеашонро аслан намебинанд. Онҳо гуруҳи махсус доранд, ки масъули интихоби шоҳинҳои пастсифату баландсифат ҳастанд. Онҳо шоҳинҳоеро мегиранд, ки соли аввали зиндагиашон хуб парвоз кунанд. Соли баъдӣ дигар ин шоҳинҳоро намехоҳанд ва шоҳинҳои нав мехаранд.”

Бо собит мондани теъдоди талабгорон дар кишварҳои арабӣ, шоҳинҳои Испания ҳамчунон маҳбуби шоҳинбозони сарватманди Ховари Миёна мемонад.

Дар гузашта дар бораи таваҷҷуҳи шайхони араб ба шоҳинҳои Тоҷикистон ҳам гузориш шуда буд. Моҳи апрели имсол навори ду марде дар дохили ҳавопаймои Душанбе – Имороти Муттаҳидаи Араб нашр шуд, ки дар даст шоҳинҳои шикорӣ доштанд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG