Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳама чиз покиза, бе ришва ва шиносбозӣ. Натиҷаҳои назарсанҷии Маркази тестӣ дар бораи худаш


Масъулони Маркази миллии тестӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, дар як назарпурсӣ беш аз 80 дарсади донишҷӯён иддао кардаанд, ки “бо саводи худ” ба донишгоҳҳо роҳ ёфтаанд. Бархе аз коршиносон ба ин посухҳо бо шубҳа менигаранд, дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо “назарпурсиро на ягон созмони мустақил, балки худи маркази тестӣ гузарондааст”.

Назарпурсӣ баҳори имсол дар байни беш аз 4800 донишҷӯ аз минтақаҳои гуногун гузаронда шуда, натиҷааш моҳи октябр эълон шуд. Парвина Шарофова, як масъули Маркази миллии тестӣ, рӯзи 22-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин восита "назари донишҷӯёнро дар бораи низоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳо фаҳмиданд".

Маркази миллии тестӣ соли 2014 ба кор сар кард ва мақомот гуфта буданд, аз фасоди молӣ ва дохил шудани афроди тасодуфӣ ба донишгоҳҳо пешгирӣ шудааст. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, “ҳанӯз дохил шудани довталабон бо истифода аз шиносҳо ва ё нуфузашон боқист”.

Тақрибан ду дарсад аз пурсидашудаҳо низ гуфтаанд, ки барои дохил шудан ба донишгоҳҳо "воситаҳои дигар"-ро истифода кардаанд. Беш аз 83 дарсад иддао кардаанд, ки "бо дониши худ" ва беш аз 14 дарсад ҷавоб додаанд, ки "таваккалӣ" донишҷӯ шуданд.

Дар Маркази миллии тестӣ гуфтанд, манзур аз "таваккалӣ" ин аст, ки довталаб ҷавобҳои дурустро тасодуфӣ интихоб карда, донишҷӯ шудааст. Посухи донишҷӯёнро дар мавриди истифода аз "воситаҳои дигар" дар ин ниҳод чунин шарҳ доданд: "Довталабоне ҳастанд, ки қурбони ваъдаҳои қаллобон мешаванд ва ин ба кори Маркази миллии тестӣ дахл надорад".

Қутбиддин Мухторӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, шояд на 80, балки беш аз 60 дарсад аз довталабон бо саводи худ ба донишгоҳ дохил шуда бошанд. Ӯ мегӯяд, дар маҷмӯъ ба натиҷаи ин пурсиш розӣ аст, “зеро довталабе, ки омодагӣ мебинад, бо дониши худ ба донишгоҳ дохил шуда метавонад.”

Дар пурсиши Маркази миллии тестӣ беш аз 74 дарсад гуфтаанд, барои омодагӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба дарсҳои иловагӣ мерафтаанд. Шонздаҳ дарсад тасодуфан ихтисоси худро интихоб кардаанд. Беш аз 8 дарсад ҷавоб додаанд, ки интихоби ихтисос аз сӯи падару модар сурат гирифт. Тақрибан як дарсад эътироф кардаанд, ки “танҳо барои гирифтани диплом донишҷӯ шуданд”.

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов, ки таҷрибаи кор дар донишгоҳҳоро дорад, гуфт, натиҷаҳои пурсиши Маркази миллии тестӣ суолбарангез аст ва наметавонад воқеият бошад. Ҳакимов афзуд: “Дар кишваре, ки дар тамоми соҳаҳо фасод дида мешавад, дар Маркази миллии тестӣ низ рӯйхате вуҷуд дорад, ки тибқи он имкони бе дониши хуб ва бо истифода аз шиносбозӣ, нуфуз, ришва ва воситаҳои дигар шомили донишгоҳ шудан мавҷуд аст.”

Мусоҳиби мо гуфт, барои таъмини шаффофият чунин пурсиш агар бо ҷалби созмонҳои мустақил анҷом меёфт, беҳтар буд. Дар ҳамин ҳол, Ҷовид Муқим, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, “аз бозиҳои пасипардагии Маркази миллии тестӣ огоҳӣ надорад”, вале бар асоси мушоҳидаҳояш, “имтиҳоноти дохилшавӣ дар ин ниҳод ба таври шаффоф сурат мегирад”. Ӯ иброз дошт, ки “воқеан, сатҳи дониши донишҷӯёне, ки ба воситаи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳ дохил мешаванд, паст аст, зеро суолҳоро азёд мекунанд, аммо муҳтавои онҳоро намефаҳманд.”

Ин пурсиши Маркази милли тестӣ дар ҳолест, ки масъалаи сатҳи пасти дониши хонандагони мактабҳои кишвар пайваста зери танқиди коршиносон аст. Бархе аз огоҳон бар ин назаранд, ки насли нав рӯз то рӯз аз китобу омӯзиш дур мешаванд ва ба талабот ҷавобгӯ будани сатҳи дониши аксари донишҷӯён низ зери суол аст.

Абдуқодири Рустам, донишманди тоҷик мегӯяд, "мутаассифона, аз мушоҳидаҳои худ метавонам бигӯям, ки сатҳи дониши чӣ мактаббачагон ва чӣ донишҷӯёни Тоҷикистон бо дониши ҳамтоёни хориҷиашон қобили қиёс нест, паст аст. Албатта, донишҷӯёни фаъол ва донишомӯхта ҳам ҳастанд, аммо шумораашон хеле кам аст".

Маркази миллии тестӣ шаш сол боз дар Тоҷикистон фаъол аст. Ҳадаф аз ташкили он қабули довталабон ба донишгоҳҳо ба таври шаффоф ва аз байн бурдани ришваву фасод гуфта мешуд.

XS
SM
MD
LG