Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли мусофири сархуш дар ҳавопаймои "Ню-Йорк-Тошканд"


Мусофире, ки рӯзи 21 октябр бо ширкати ҳавопаймоии "Uzbekistan Airways" аз Ню-Йорк ба Тошканд бармегашт, дар дохили ҳавопаймо ҷанҷолу низоъ роҳ андохт. Дар фурудгоҳи Тошканд ӯро боздошт ва ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ба иттилои ширкати ҳавопаймоӣ, марди 51-сола дар ҳолати сархушӣ қарор дошт. Вай ба дархости ба ҷои худ нишастан эътибор надода, бо меҳмондорон ва мусофирони ҳавопаймо ҷанҷол кардааст.

Меҳмондорон бо кумаки мусофирон марди сархушро дар нишастгоҳ бастанд. Дар фурудгоҳи Тошканд марди сархуш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон таслим карда шуд.

XS
SM
MD
LG