Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF аз Қазоқистон хост, рӯзноманигор Батирбековро озод кунад


Созмони байналхалқии "Хабарнигорони бидуни марз" аз мақомоти Қазоқистон хост, ҳукми рӯзноманигор Амонгелдӣ Батирбековро бекор кунанд. Батирбеков бо айби таҳқиру туҳмат моҳи гузашта ду сол зиндонӣ шуд.

Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" дар изҳороти 22 октябр гуфтааст, ки ҳукми Батирбеков намунаи навбатии "таъқиб"-и рӯзноманигорон дар Қазоқистон аст.

"Ҳукми рӯзноманигор бо поймолсозии меъёрҳои қонун содир шудааст", - менависад Йоханн Бир, масъули созмони "Хабарнигорони бидуни марз". Бир ҳамчунин навиштааст, "Агар Қазоқистон мехоҳад, ки ҳарфҳояш дар бораи ислоҳот ҷиддӣ қабул шаванд, бояд қонуншиканиҳои марбут ба фаъолиятҳои васоити ахбори омро ғайриҷиноӣ гардонад".

Муҳаррири нашрияи "Сариағаш инфо", Амонгелдӣ Батирбеков 23 сентябри соли ҷорӣ бо айби таҳқиру туҳмати мансабдори маҳаллӣ зиндонӣ шуд. Додгоҳ ӯро ҳамчунин ба пардохти наздики 5300 доллар ҷуброни маънавӣ вазифадор кард. Рӯзноманигор айбҳои эъломшударо рад кард. Вай гуфт, ба хотири матлабҳои танқидиаш таъқиб шудааст.

Рӯзи 18 октябр созмони "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон", ки дар ИМА қарор дорад, низ аз мақомоти Қазоқистон озодии фаврии рӯзноманигорро хоста буд.

XS
SM
MD
LG