Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар раддабандии FIFA як зина поин шуд


Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол, ки дар сомонаи расмии FIFA 24-уми октябр нашр шудааст як зина поин шуд ва дар байни 211 кишвар бо 1168 имтиёз дар ҷойгоҳи 116-ум қарор гирифтааст.

Дар феҳристи нави FIFA Белгия бо 1755 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1726 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1715 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Англия – 1651 имтиёз, Уругвай – 1642 имтиёз, Португалия – 1632 имтиёз, Хорватия – 1631 имтиёз, Испания – 1625 имтиёз, Аргентина – 1617 имтиёз ва Колумбия – 1615 имтиёз дохиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1505 имтиёз дар зинаи 27-ум) қарор дорад. Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 28-ум, 1498 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ севум (дар ҷаҳон 39-ум, 1466 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (22-юм, 1536 имтиёз), Русия (37-ум, 1474 имтиёз) ва Узбекистон (85-ум, 1287 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (121-ум), Литва (132-юм), Туркманистон (133-юм), Латвия (143-юм) ва Молдова (175-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (85-ум) ва Қирғизистон (94-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввалинаш дар майдони худ бар мунтахаби Қирғизистон ва дар бозии дувумаш дар меҳмонӣ бар мунтахаби Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омада, дар даври севум дар Душанбе аз тими миллии Ҷопон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Ҷопон, ки бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мебошад.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон шашимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд.

Мунтахаби Муғулистон бо се имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Мянмар бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи F рӯзи панҷшанбеи 14-уми ноябр баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ муқобили дастаи Мянмар рақобат мекунад. Дар бозии дигар мунтахаби Қирғизистон дар майдони худ бо дастаи Ҷопон рӯбарӯ мешавад.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Шарҳҳоро бинед

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG