Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қонун барои аз байн бурдани "облава" чаро қабул намешавад?


Дар шароити афзоиши хабару шикоятҳо аз ҷалби маҷбурии ҷавонон ба хидмати ҳатмии артиш дар Тоҷикистон, мавзӯи ислоҳоти решагӣ дар артиш, шурӯъ аз шеваи даъват дубора доғ мешавад.

Мунтақидон аз зарурати суръат бахшидани талошҳо барои қабули қонуни хидмати алтернативӣ ёдовар мешаванд, ки метавонад дар маҷмӯъ мушкилоти зиёди дигарро ҳал кунад. Ин масъалаи ҷалби маҷбурӣ ё "облава", зӯргӯӣ, меҳтарсолорӣ, хушунат ва ҳатто марг дар артиш мебошад. Бархе ҷавонҳо дар талоши фирор аз хидмат муҳоҷирати корӣ ба Русияро афзал мешуморанд.

Моҳи апрели соли 2017 бори охир матбуоти тоҷик дар бораи баррасии тарҳи қонуни хидмати алтернативӣ дар парлумони Тоҷикистон бо ширкати вазири дифоъ Шералӣ Мирзо хабар дод. Зоҳиран ин мавзӯъ дигар матраҳ нашуд.

Вале масъулини Кумитаи қонунгузорӣ, амният ва дифои Маҷлиси намояндагон мегӯянд, Тоҷикистон аз тарҳи қонуни хидмати алтернативӣ дар артиш даст накашидааст ва гурӯҳи кории Вазорати дифоъ дар ин самт кори худро идома медиҳад.

“Таҷрибаи Узбекистонро ҳам баррасӣ мекунем”

Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси ин Кумита мегӯяд, воқеан ҳам тарҳи қонуни хидмати алтернативӣ дар порлумон вуҷуд дорад ва ҳанӯз он комил нашудааст. Ӯ рӯзи 24 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯи он чи ки дар тарҳи аввалияи қонуни хидмати алтернативӣ матраҳ шуда буд, медонад, ки истифода аз таҷрибаи Узбекистони ҳамсоя яке аз пешниҳодҳои калидии муаллифони қонун буд. Маҷидзода гуфт, ки тафсилоти бештар аз ин феълан дар даст нест, чун ҳанӯз тарҳи таҳриршудаи қонуни нав ба дасти вакилони порлумон нарасидааст.

Бархе дигар аъзои порлумон мегӯянд, ки сабаби таъхир дар баррасиву қабули қонуни нав дар он аст, ки он замон ин санад тамоми паҳлӯҳои дигари марбут ба хидмати алтернативиро ба назар нагирифта буд. Муаллифони тарҳи қонун гуфтанд, ки коҳиши мӯҳлати феълии хидмат дар артиш аз ду то як сол ва табдили хидмати ҳатмӣ бо иҷрои корҳои иҷтимоӣ, мисли кӯмак ба пиронсолону маъюбон, кор дар бемористонҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ аз он фикрҳое буд, ки бояд дар қонуни нав ба назар гирифта мешуд.

Ба ҷои 2 сол - 1,5 соли хидмат ҷорӣ шавад?

Дилрабо Самадова, раҳбари созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва яке аз нафароне, ки ҷонибдори қабули қонуни хидмати алтернативӣ аст, мегӯяд, пешниҳоди ҷомеаи шарҳрвандӣ ин аст, ки хидмат аз ду соли ҳозира ба 1 солу 6 моҳ поин оварда шавад.

Дар робита бо хидмати алтернативӣ, ба қавли ӯ ва дигар коршиносон, талаботи марбут ба мурооти ҳуқуқи инсон муҳим мебошад: “Хизмати алтернативиро барои эътиқодҳо медиҳанд, мисли эътиқодҳои динӣ ва эътиқодҳои сиёсӣ. Дар Қирғизистон асосҳои оилавӣ ҳам ҳаст. Мисли саробони оила низ ба ҷойи хидмати ҳарбӣ, хидмати алтернативӣ мекунад. Инҳо нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд ба ватанашон хизмат кунанд, вале имконияти ба артиш рафтан надоранд. Бо хизмати алтерантивӣ қарзи шаҳрвандиашонро ба ҷо меоранд. Масалан, 1 солу 6 моҳ хизмат мекунанд ва он вазифаҳое, ки байни ҷавонон машҳур нест, иҷро менамоянд. Мо вақте ки таҳқиқ кардем, дидем, ки танҳо дар вилояти Суғд 12 ҳазор ҷойи холии корӣ буд, ба монанди кор дар хонаи маъюбону пиронсолон ё фермаҳои давлатӣ, почта. Агар дар инҷоҳо сарбозонро ба кор гиранду маоше, ки барояш медиҳанд, бист дарсади онро ба будҷаи давлат гузаронанд, фоида мешавад”.

Хидмати алтернативӣ ҳоло дар Русия ҳам амал мекунад ва мутобиқ ба қонунҳои ин кишвар ҷавонҳое, ки аз дидгоҳи диниву ақидатӣ ва ҳам арзишҳои қавмии худ, ба унвони аққалиятҳои миллӣ, метавонанд ба хидмати алтернативӣ ҷалб шаванд. Барои онҳо қонун ба ҷои хидмат бо силоҳ, иҷрои корҳои камарзиши иҷтимоӣ, мисли фаррошӣ, кор дар ошхона, боркашонӣ ва дигарро пешниҳод мекунанд.

“Пеш аз ҳама артиш бояд реформа шавад”

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор-баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои расмӣ, теъдоди афроди синни даъватӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари аз ин шумора аз хидмати артиш озод ҳастанд.

Дилрабо Самадова бовар дорад, ки дар сурати ҷорӣ шудани шароит барои хидмати алтернативӣ, мушкилоти мисли фирор аз артиш ва фасод аз байн меравад. Дигар ҷонибдорони қабули ин қонун мегӯянд, дар сурати аз байн рафтани ин мушкилот, сифати артиш ва хидмат дар он як дараҷа беҳтар хоҳад шуд.

Вале ба андешаи Самадова, дар миёни доираҳои тасмимгирандаи Тоҷикистон “тарс вуҷуд дошт, ки бисёриҳо ба хизмати алтернативӣ мераванд ва аз хизмати ҳарбӣ даст мекашанд"

"Лекин ин навъи хидмат ҳам бояд асос дошта бошад. На ҳама ба он ҷалб шавад. Пеш аз ҳама мо бояд артишро реформа кунем. Масалан, нафароне, ки дар мақомотҳои қудратӣ кор мекунанд, бояд танҳо пас аз хизмати ҳарбӣ ба кор гирифта шаванд. Он вақт хоҳишмандон зиёд мешавад. Сифати армия ҳам хуб мешавад",--гуфт ӯ.

Бархе фаъолони ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки мақомоти тоҷик дар ин мавзӯъ мисли масоили бисёр доғи дигар ба тағйироту навоварӣ шитоб намекунанд ва мушкилоти даъватҳои маҷбурӣ ба хидматро нодида мегиранд.

Аз ҷумла, як узви маҷлиси Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, «мушкили қапида бурдан, ки зиёд мегӯянд, вуҷуд надорад. Ҳама ҷавонҳо бо хости худ ба хидмат меравад».

Хидмат дар Узбекистон: обрӯ, карера... пахтачинӣ

Узбекистон дар чанд соли баъди касби истиқлоли кишвар хидмати алтернативӣ дар артишро ҷорӣ кард. Қонуни мазкур дар баробари хидмати ҳатмӣ дар артиш амал мекунад ва ба арзёбии коршиносони мустақил, натиҷаҳои мусбати худро ба бор овард. Сироҷиддин Толиб, шореҳи бахши узбекии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки қонуни алтернативии хидмат дар артиш дар Узбекистон бештар барои онҳое зарур аст, ки дар фикри карйераи низомӣ нестанд ва намехоҳанд давоми якуним сол хидмат кунанд. Ба хидмати ҳатмӣ он ҷавонҳое мераванд, ки дар сар фикри кор дар сохторҳои ҳифзи қонунро доранд ва дар сохторҳо давлатӣ карйера кунанд.

Сироҷиддин Толиб гуфт: “Хидмат дар артиши Узбекситон имтиёз дорад. Масалан, агар ҷавон баъди хидмат бихоҳад ба донишгоҳ дохил шавад, ҳатто агар баҳои дохилшавиаш паст буд, аз роҳи иловаи имтиёзи 25 то 50-дарсадӣ дохил мешавад. Хидмати алтернативӣ онест, ки вақте шахс намехоҳад хидмат кунад, ба буҷаи давлат маблағе тахминан 400 то 500 доллар пардохт кунад. Агар ба илова шахс маълумоти олӣ дошта бошад, тахминан якуним моҳ рафта хидмат мекунаду тамом. Ӯ бо санади афсари захиравӣ қарзи худро дар баробари давлат адо карда озод мешавад”.

Ба гуфтаи ин журналист, ҷорӣ шудани шароит барои хидмати алтернативӣ ва имтиёз барои онҳое, ки аз хидмати ҳатмӣ гузаштаанд, таваҷҷӯҳи ҷавонҳоро ба хидмат бештар кард ва ба гуфтааш, бисёр ҷавонҳо на ин ки фирор, балки барои дохил шудан ба сафи артиш худ талош мекунанд. Ӯ гуфт, нерӯҳои марзбонӣ яке аз бахшҳои маъруфи хидмати ҳарбӣ дар чашми ҷавонҳои Узбекистон мебошад.

Сироҷиддин Толиб мегӯяд, таҷрибае, ки дар Узбекистон ҷорӣ шуд, замоне буд, ки президенти собиқ Ислом Каримов мехост монанд ба Ғарбу Амрико артиши касбӣ дошта бошад. Ба саволи ин ки то куҷо дар артиши Узбекистон мушкилоти мисли бадрафториву хушунат ва ё ғизои нокофӣ эҳсос мешавад, гуфт, чунин мушкилот назар ба гузаштаҳо хеле кам аст, вале бисёр сарбозони артиши алтернативӣ аз он нороҳат мешаванд, ки бештари вақт мӯҳлати якуним моҳи хидматро дар пахтачинӣ сипарӣ мекунанд.

Узбекистон яке аз азимтарин истеҳсолкунандаҳои пахтаи хом дар ҷаҳон ба шумор меравад ва бештар аз ҳисоби нерӯи арзони корӣ–кормандони сохторҳои буҷавӣ ва артиш иҷро мешавад. Ин масъала зимнан ҳамеша мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ будааст.

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки таъхири мақомот дар бозбинӣ ё ислоҳи шароити хидмат мушкилоти артиш ва нороҳатии ҷавононро бештар мекунад ва андешаи ин ки хидмат дар артиш як рукни ватандӯстӣ ва қарзи шаҳрвандии ҷавонон аст, бештар ба як шиори холӣ табдил мешавад. Як ҷомеашиноси тоҷик гуфт, фикри бартар будани муҳоҷирати корӣ дар Русия назар ба хидмат дар артиш дар зеҳни бисёр ҷавонони тоҷик шакл гирифтааст. Бекории сартосарӣ як сабаби дигари ба вуҷуд омадани чунин афкор шудааст.

Вале коршиносон мегӯянд, ки ноомодагии ҷавонон барои хидмати довталабона дар артиш боиси бештар шудани ноқаноатмандӣ аз ҳукумат мешавад ва метавонад паёмадҳои ҷиддитаре ба бор орад.

Шарҳҳоро бинед (20)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG